,
Шанбе, 01-ноябр

Кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Ҳоло дар кафедра 32 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 2 нафар доктор, профессор, 2-нафар номзади илм, дотсент, 5-нафар муаллими калон, 22 –нафар ассистентон ва 1 коргузор кор ва фаъолият доранд.
Ташаккул ва рушди фалсафаи муосири тоҷик асосан аз солҳои баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардида буд. Дар солҳои баъди ҷангӣ таъсисёбии донишкадаҳо, филиалҳо, омӯзишгоҳҳо,кафедраҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ сурат гирифта буд. Аз ҷумла, 15- уми августи соли 1945 Ҳукумати Тоҷикистон Қарори махсусро «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» қабул намуд
Кафедраи фалафа таърихан дар солҳои 1947–1948 бо номи «Асосҳои марксизм – ленинизм» таъсис ёфта ва то соли 1966 арзи вуҷуд дошт. Дар ин давра ба он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ Т. Ортиқов, А. Абдураҳимов, Х. Сиддиқов, Б. Маҳмадназаров, М. Собиров, Б. Назаршоев роҳбари намуда буданд. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани заминаи илмӣ таълимӣ, методии кафедра боиси дастгирӣ мебошад. Онҳо асосгузори аввалин маҷаллаи илмии донишгоҳ буданд, ки дар он мақолаҳои устодону омӯзгорон ва донишҷӯён рӯи нашр бароварда шуда буданд. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, аз худ намудани маводҳои таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омӯзгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи фалсафа ва дигар фанҳои ҷомеашиносӣ ба камол расиданд.
Баъд аз профессор М. Ибодов, роҳбарии кафедраи фалсафаро профессор К. Қодиров (солҳои 1994 – 1995), А. Қурбонов (солҳои 1995 – 1998), Х. Азамов (солҳои 1998 – 2002), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2002 – 2003), М. Садулоев (солҳои 2003 – 2004), Б. Файзиев (2004 – 2005), П. Назаров (солҳои 2005 - 2009), А. Абдулвоҳидов (солҳои 2009 – 2012) ва Н. Абдуллоев (аз соли 2012 то имрӯз) ба уҳда дорад. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию тадқиқотӣ ва таълмии кафедра ва дар маҷмӯъ дар донишгоҳ, тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон сазовори таҳсин аст.
Кафедраи фалсафа дар тайёр намудани мутахассисони сифатан ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзи донишгоҳ ва кишвар корҳои назаррасро анҷом додаст.
Кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ, сотсиология ва этика ва эстетика дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- профессор Ибодов Маҳмадулло Орифович, дотсентон Сайдалиев Додарбек Мадалиевич, ва номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоев Насрулло Сайфуддинович, муаллими калон Амиров Файзуллохӯҷа Азизович, Унвонҷу Зайналов Қурбон Мирзоевич ,омӯзгор Мирзоев С., саромӯзгор Раҷабов А., Аспиранти рӯзонаи хатмкарда Ҳасанов М., докторантони хатмкарда Камолов Ш., Қудратова М., докторанти курси 3-юм Ғаюров Л.унвонҷӯён Абилова Ф., Қурбонова Ш., Муродов Ш. ва ассистентон Фирӯзи И., Зубайдова М., Фармонова Г. ва ғайраҳо дарс мегӯянд.

Ғаюров Лоиқ Шералиевич
Доктори фалсафа PhD, мудири кафедра




Камолов Шодмонҷон Валихонович
Доктори фалсафа PhD

Зайналов Қурбон Мирзоевич
муаллими калон

Амиров Файзуллохуҷа Азизович
муаллими калон

Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадюсупович
Муаллими калон

Раҷабов Аминҷон Сайфуддинович
Муаллими калон

Мирзоев Сӯҳроб Сулаймонович
Муаллими калон
Муродов Шаҳбоз Зафархонович
ассистент
Боронов Рамазон Миралиевич
ассистент

Зубайдова Миҷгона Насруллоевна
ассистент

Абилова Фирӯза Сардоровна
ассистент

Қурбонова Шоира Мадисуфовна
ассистент

Насимҷони Саидаъзам
Ассистент

Нурматова Адолат Xамшедовна
Ассистент
Кудратова Мавлуда Нуриддиновна
Ассистент
Фирўзи Илҳом
Ассистент
Шарифов Аҳлиддин Убайдуллоевич
Ассистент
Фармонова Гулрў Ҷурақуловна
ассистент
Дарёев Рамазон Файзалиевич
Ассистент

Сафаров Алиҷон Давлатхоҷаевич
Ассистент

Шарипова Санавбар Тоировна
Ассистент
Шокирзода Аёзи Ҳокимхон
Ассистент

Фирдавси Шералӣ
Ассистент

Шерова Мавлонбӣ Самадовна
лаборанти калон, ассистент
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дар кафедра семинари илмӣ-назариявӣ амал мекунад, ки моҳе ду маротиба гузаронида мешавад, ки омӯзгорон бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд. Роҳбарии семинарии илмӣ-назариявиро д.и.фалсафа PhD Uаюров Л.Ш., ба уҳда дорад.
Дар кафедра маҳфили "Ҷаҳони андеша" амал мекунад ва тайи чанд сол шогирдони хуб тайёр карда, дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд. Роҳбари маҳфил ба зиммаи саромӯзгори кафедра Раҷабов А. гузошта шудааст. ки аъзоёни он 50 нафар мебошанд. Ҳамасола аъзоёни фаъоли маҳфил дар конференсияи илмӣ- назариявии апрели кафедра бо маърӯзаҳои худ баромад мекунанд ва пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 900-10-37-74
E-mail: k-falsafa@kgu.tj