,
Шанбе, 21-декабр
Кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, кафедраи тахассусӣ дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, дар омўзиши системаи муносибатҳои байналмилалии муосир, дурнамои инкишофи проблемаҳои байналмилалӣ, авлавиятҳои расидан ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Ҳадафи асосии кафедра дар тафаккури донишҷӯён пайдо кардани тасаввуроти амиқ ва дониши мукаммал оид ба сиёсати хориҷии кишвар, масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ,таҳаввулот ва тағйироти торафт афзоянда дар арсаи байналхалқӣ, бархӯрдҳои бесобиқа ва пуршиддати манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва ѓайра.
Вазифаи муҳимтарини омӯзгорони кафедра ин тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва қобилияти таҳлили равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза мебошад.
Аз 01.09.2023 кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба 2 кафедра (кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ) ҷудо шуд. Мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра таъин гардид.
Кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ аз рўи 1 равияи илмӣ, 1 проблема кор мебарад.
Равияи илмӣ: Муносибатҳои байналмилалӣ
Проблема: Ҷанбаҳои назариявӣ-амалии ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ
Мавзўъ: Нақш ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ
Ба кафедра як ихтисос муносибатҳои байналмилалӣ вобаста аст, ки омӯзгорон аз рӯи 15 фанни таълимӣ дар ду нимсола дар зинаи бакалавриат дарс мегӯянд.
Муродова Гулчеҳра Рузибоевна
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедра
Комилов Насим
муаллими калон
Маҳмадсаид Мирвалӣ Сайвалӣ
ассистент
Меҳрангез Юсуфӣ
ассистент
Саидов Даврон Маҳмадулоевич
ассистент
Раҷабова Зебогул Аламовна
мудири кабинет
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра маҳфили “Дипломатия” амал мекунанд ва мувофиқи нақша маҳфил моҳе як маротиба гузаронида мешаванд. Дар маҳфилҳо донишҷӯёне ҷалб карда мешаванд, ки ба фанни дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ рағбати зиёд доранд. Мавзуъҳои илмие, ки аз тарафи донишҷӯён шунида мешаванд аз ҷониби роҳбарони илмӣ пешниҳод карда шуда, мавзуъҳои мубрами замони муосирро фарогир мебошанд.
Аъзоёни маҳфили “Дипломатия ” 25 нафар буда, роҳбари маҳфил Сафаров Ҳакимшо мебошад. Раванди маҳфил дар сомонаи Фейсбук пайваста дарҷ мегардад.
Муродова Г. Р., Шарипов А.Н., Комилов Н.И. Муносибатҳои байналхалқии муосир. Дастури таълимӣ. – Душанбе, «МАТБАА», 2022, 108 саҳ.
Муродова Г. Р., Меҳрангези Ю., Сафаров Ҳ.А. Дипломатияи фарҳангӣ. Васоити таълимӣ. Душанбе, «МАТБАА», 2022, 192 саҳ.
Суроға: ш. Кӯлоб, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои Факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, ошёнаи 1-юм
Телефони корӣ: (+992) 918-93-08-77
E-mail: k-tarikh.huquq@kgu.tj