,
Якшанбе, 08-декабр
Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз назари аъзоёни ҳайати таҳририя, инчунин мутахассисони соҳаи дахлдор гузаронида шуда, сониян мувофиқи талаботи мавҷуда барои нашр қабул карда мешаванд. Талаботи қабул ва нашри мақола дар ҳар як шумораи маҷалла нашр карда мешавад.
Тақриз бояд ҷанбаҳои илмӣ ва хусусиятҳои муҳими мақоларо фаро гирифта, ба арзиши он баҳои мусбӣ дода бошад. Аз ҷумла, муҳимияти омӯзиши масъала, навоварии илмӣ, арзиши илмии мақола, дурустии иқтибосот, услуби мақола ва истифодаи сарчашмаҳои илмӣ.
Дар хулосаи тақриз ба мақола баҳои умумӣ дода, ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба нашр тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба нашр тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; ба нашр тавсия карда намешавад. Тақриз бояд на кам аз як саҳифа бошад.
Мақолаи илмии ба нашр қабулгардида, ки ба тағйирот ниёз дорад, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон, бояд камбудию норасоиҳои дар мақола ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии мақоларо дар гунаи (варианти) чопӣ ва электронӣ бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои нашри он иҷозат дода мешавад.
Мақолае, ки ба он тақризи мусбӣ дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.
Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳо (аз ҷониби ҳайати таҳририя) ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол шудани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.
Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.
Тақризҳо дар нашрияи маҷалла ба муддати 10 сол нигоҳдорӣ шуда, сипас ба бойгонии донишгоҳ фиристода мешаванд.
Дар сурати пеш омадани мушкилот: поймол гардидани ҳуқуқи муаллифӣ, истифодаи иттилоот аз мақолаҳои дигар муаллифон бо нишон додани таълифоти худӣ (на ҳамчун иқтисобот), бознашр кардани мақолаҳои дигар муаллифон ҷонибҳо ҳуқуқ доранд аз нашрияи маҷалла бо муроҷиати расмӣ тақриз ва мақолаҳои мушкилдоштаро дастрас намоянд.
ОХИРИН ХАБАРҲО