,
Шанбе, 21-декабр
Раёсати тарбия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи Шурои олимони Донишгоҳ амал намуда, дар тамоми масъалаҳое, ки ба тарбия алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Кормандони Раёсати тарбия барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консесияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар тар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», қарорҳои Шурои олимон, фармоишҳои ректори Донишгоҳ ва супоришҳои раёсати Донишгоҳ вазифадоранд. Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ Раёсати тарбия нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Инчунин Раёсати тарбия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат мебарад. Солҳои охир дар мактабҳои олии касбии мамлакат баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ низ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад. Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Раёсати тарбия сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Қарорҳои Шурои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи маориф, оид ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ фаъолияти худро равона намудааст.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
Дустов Насим
сармутахассис
Ҳасанов Бахтиёр
мутахассис
Бозорова Сайёра
мутахассис
СОХТОРИ РАЁСАТИ КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ ДОНИШГОҲ
ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТИ ТАРБИЯ
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 2-юм, утоқи №205
Телефони корӣ: (8332223598) (+992) 985264404
E_mail: tarbiya@kgu.tj
ОХИРИН ХАБАРҲО