,
Сешанбе, 10-декабр
Кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи забон, услубшиносӣ, забонҳои эронии бостон, маданияти сухан, таҳлили матн, хат ва имлои матни калассикӣ, ҳусни баён дарсҳои назарӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд.
Дар соли таҳсили 2022 дар кафедаи забоншиносӣ ва таърихи забон бо ҳамкорони дохилаю беруна ҳамагӣ 19 нафар омӯзгорон ва 1 нафар лаборант фаъолият доранд, ки аз онҳо аксарияташон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ машғуланд.
Соли 1945 бо номи кафедраи забон ва адабиёт таъсис дода шудааст. Аввалин мудири кафедра Шаҳидӣ Каримов (1945-1947) буд. Он солҳо омӯзгорони кафедра Муҳаммадӣ Исматуллоев, Ниёз Сафаров, Қодир Рустамов ва дигарон буданд ва онҳо аз сикли фанҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ методикаи таълими забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтанд. Омӯзгорони забону адабиёти рус Г.С. Михайличенко низ дар ҳамин кафедра фаъолият мекарданд. Пас аз дар заминаи Институти муаллимӣ таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1953) солҳои 1956-1958 як гурӯҳ хатмкардагони Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (ҳоло ДМТ), аз қабили А. Суфиев, Ҳ. Муҳибов, Б. Муродов, М. Қурбонов, И. Тамлихоев, А. Сатторӣ, А. Ҳакимов, Ф. Қудратова ба кафедра ба кор омаданд. Дар асоси қарори Шӯрои олимони институт моҳи сентябри соли 1968 кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ба ду кафедра: забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ҷудо карда шуд. Ба вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ, н.и.ф. Иноят Ҳасанов таъйин ва интихоб гардид. Дар кафедра дар ин давра дотсентон И. Ҳасанов., Қ. Рустамов., Р. Ҷӯраев., муаллимони калон И. Тамлихоев., И. Исмоилов. М., Қурбонов., К.Қаландаров., Қ. Сангов., З.Назриддинов ва омӯзгорони ҷавон - хатмкардагони Институти давлатии педагогии Кӯлоб Р. Асоев., С.Сабзаев., Ғ. Мирзоев., М.Набиев., А.Алиев., О.Давлатов., хатмкардаи УДТ А. Солиев фаъолият мекарданд. Солҳои 60-ум ва 70-ум бо мақсади ёрӣ ба омӯзгорони ҷавони кафедра аз донишгоҳҳои ш.Душанбе ва АИ Тоҷикистон олимони шинохта, аз ҷумла академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, дотсентон Носирҷон Маъсумӣ, Д. Карамшоев, Х.Ҳусейнов, М.Исматуллоев, А.Мирзоев ва дигарон ба тариқи ҳамкор дар кафедра дарс мегуфтанд. Солҳои 70-ум ва 90-уми асри ХХ як зумра омӯзгорони кафедра Раҳим Саидов (1972), Кароматулло Қаландаров (1972), Исроил Исмоилов (1975), Саидқул Сабзаев (1982), Муродалӣ Набиев (1979), Ғоиб Мирзоев (1987), Аҳмад Алиев (1997), Ҳокимхон Валиев, Саъдӣ Исматов, Нуриддин Насимов, Мастура Абдураҳмонова ва дигарон рисолаҳои номзадӣ ва Раҳим Саидову Саидқул Сабзаев рисолаҳои докторӣ дифоъ карданд. Кормандони кафедра тахассус ва савияи илмии худро дар Институти забоншиносии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (ш. Санкт-Петербург Ғ.Мирзоев), Институти давлатии педагогии Москва ба номи В.И.Ленин (Қ.Рустамов, Қ.Сангов), донишгоҳҳои ш.Душанбе ва АИ ҶТ (Р.Саидов, А.Солиев, Р.Асоев, А.Алиев, М. Абдураҳмонова, Х.Валиев, Н.Насимӣ, С.Исматов) сайқал доданд. Дар кафедра беш аз 450 таълифоти илмию методӣ, дастурамалҳои таълимӣ коркардҳои методӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ расонида шудаанд. Дар солҳои фаъолияти кафедра сарварии онро Шаҳидӣ Каримов (1945-1947), Мадохир Қурбонов (1965-1968), Иноят Ҳасанов (1968-1970), Раҳим Саидов (1970-1979)-(1993-2000), Қодир Рустамов (1979-1989), Саидқул Сабзаев (1989-1993), Нуралӣ Аюбӣ (2000-2002), Аҳмад Алиев (2003-2012), Озода Кенҷаева (2012 то октябри 2014),Аҳмад Алиев(2014-2015),Бахтинисо Алиева(2015-2017) ба уҳда доштанд. Аз январи соли 2018 мудири кафедра ба зиммаи Ҷумъахон Алимӣ мебошад.
Абдусамадзода Э.А
номзади илмҳои филологӣ,дотсент
E-mail: erajjon-1988@mail.ru
Ҷаҳонгири Рустамшо
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
E-mail: Rustamho@mail.ru
Алиева Бахтинисо Аҳмадовна
муаллими калон
Кенҷаева Озодамоҳ Убайдуллоевна
муаллими калон
Қувватова Муҳаббат Абдулҳамидовна
н.и.ф., муаллими калон
Тоиров Шермад Қарахонович
муаллими калон
Сайдалиева Сарварбӣ Сайдакбаровна
муаллими калон
Шаҳбози Рустамшо
н.и.ф., муаллими калон
E-mail: rustamshoh-90@bk.ru
Бобоев Бахтовар Сулаймонхонович
ассистент
E-mail: boboev.tj89@mail.ru
Раҳимов Абдураҳим
ассистент
Давлатова Фароғат Тулқуновна
номзади илмҳои филологӣ
Қаюмова Мубина Бобоевна
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар назди кафедра маҳфили фаннӣ аз соли 1968 амал менамояд. Маҳфил бо номи «Забоншинос ва методисти ҷавон» нашрия дошта, дар он масоили мубрами забоншиносии тоҷик ва корҳои илмии донишҷӯёни факулта рӯи сафҳа меоянд. Айни замон роҳбарии онро ассистенти кафедра Ситораи Абдурасул ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил 25 нафар донишҷӯёни эҷодкору болаёқат шомиланд. Тибқи нақша маҳфил моҳе як маротиба фаъолият карда, намунаҳои беҳтарини мақолаҳои илмӣ, навқаламон муҳокима ва баррасӣ шуда, беҳтарини онҳо дар рӯзномаҳои «Анвори дониш», «Навиди Кӯлоб» ва нашрияи “Маърифат” чоп мегарданд.
Яке аз аъзоёни фаъоли маҳфил донишҷӯи курси 4-уми факулта Шамшоди Ҷамшед дар озмуни «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марти 2014) ширкат варзида, сазовори ҷои якум ва шоҳҷоиза гардид. Инчунин, моҳи марти соли 2017 донишҷӯи курси сеюм Саидова Матлуба дар олимпиадаи ҷумҳуриявии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм ва моҳи апрели соли 2017 дар олимпиадаи макотиби олии кишвар, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамасола баргузор мегардад, сазовори ҷойи аввал гардид, ки дар тайёр кардани ӯ саҳми устодони кафедра бағоят калон аст.
Моҳи марти соли 2019 донишҷӯи курси сеюм Адибаи Нуралӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм гардид, ки дар тайёр кардани ӯ саҳми устодони кафедра бағоят калон аст.
Ҷ. Алимӣ, Сафаров М.В. «Андрагогика ва таҳсилоти идоманоку ғайрирасмӣ» Дастури илмӣ-методӣ. Душанбе: 2017.-184 саҳ.
Ҷумъахон Алимӣ “Ономастика”Дастури илмӣ-методӣ.-Душанбе, 2017-552с.
Ҷумъахон А, Сафаров М. "Доктор PhD ва доктори ихтисос"
Ҷумъахон Алимӣ. "Технологияи ономастика"
Давлатов Эраҷ-Ономастикаи “Қасас-ул-анбиё” монографияи илмӣ-Душанбе, 2017-148с.
Сангов Қаюм-«Роҳҳои истифодаи луғатҳои лингвистӣ дар мактаби миёна»-дастури методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён-Душанбе-2015.-50с.
Сайдалиева Сарварбӣ-барои ишитироки фаъолона дар озмуни умумиҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин-с.2016.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 5-ум, утоқи №501
Телефони корӣ: (+992) 988683161
E-mail: k-zaboni.tojiki@kgu.tj