, Шанбе, 22-Феврал

Докторантура PhD


ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС (PHD)

Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли соли 2015 фаъолиятро оғоз намудааст. Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бо мақсади ҳамгироии таҳсилот ва илм, ташкил намудани низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ монда шудааст.

Вазифаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос чунин аст:

  • тайёр намудани докторони ватанӣ аз рӯйи ихтисос, ки дар бозори дохилӣ ва байналмилалии меҳнат рақобатпазиранд;
  • ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рӯйи ихтисос бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;
  • ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва мубрами таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомӯзӣ равона карда шудааст;
  • таъмини пайдарпайи барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

Қабул ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин роҳандозӣ шудааст:

Рамзи ихтисос

Номгӯйи ихтисос

1.

6D010200

Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ

2.

6D010300

Педагогика ва психология

3.

6D010900

Математика (таҳсилот)

4.

6D011000

Физика (таҳсилот)

5.

6D060400

Физика

6.

6D011300

Биология (таҳсилот)

7.

6D060700

Биология

8.

6D011400

Таърих (таҳсилот)

9.

6D020300

Таърих

10.

6D011700

Забон ва адабиёти тоҷик (таҳсилот)

11.

6D011800

Забон ва адабиёти рус (таҳсилот)

12.

6D020100

Фалсафа

13.

6D050200

Сиёсатшиносӣ

14.

6D050400

Рӯзноманигорӣ

15.

6D050600

Иқтисодиёт

16.

6D060900

География

17.

6D060600

Химия

18.

6D011200

Химия (таҳсилот)

19.

6D021000

Филологияи хориҷӣ

20.

6D011100

Информатика (таҳсилот)

21.

6D060200

Информатика

22.

6D051100

Маркетинг

23.

6D010800

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

24.

6D050700

Менеҷмент

25.

6D050801

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

26.

6D072500

Технологияи коркарди чӯб ва маҳсулоти чӯбин (аз рӯи соҳаи татбиқ)

27.

6D050900

Молия

28.

6D021400

Адабиётшиносӣ

29.

6D020500

Филология

30.

6D021300

Забоншиносӣ

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қабул шудан ба ҳайси докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

  • Ариза ба номи ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  • Нусхаи шиноснома;
  • Анкетаи дохилшаванда ба зинаи докторантура аз рӯйи (PhD);
  • Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъди дипломӣ ва замимаҳои онҳо (бакалавр ва магистр);
  • Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
  • Сертификати супордани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL) ва ғайра;
  • Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи мӯҳри ташкилот);
  • Рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
  • Асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ ва илмӣ);
  • Тасдиқномаи тиббӣ шакли 038-Y;
  • 6 адад  расми андозаи 3Х4.

Таълим

ОХИРИН ХАБАРҲО