,
Шанбе, 21-декабр
Бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1945 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба бунёди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд.
Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992, таҳти №235 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ номгузорӣ шудааст.
Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаҳои маориф ва хоҷагии халқ барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Дар зарфи 70-соли фаъолияти худ бештар аз 35000 мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр намудааст.
Китобхонаи донишгоҳ дорои шӯъбаи абонемент, китобҳои илмӣ, методӣ, бадеӣ ва 4 толори хониш буда, дар маҷмуъ теъдоди китобҳояш ба 300 580 нусха мерасад.
Донишгоҳ дорои хобгоҳ барои 300 ҷой ва бунгоҳи тиббии бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Ҳамзамон, дар донишгоҳ 2 толори варзишӣ, 2 толори фарҳангии замонавӣ, 3 толори лексионӣ ва 4 толор барои гузаронидани ҷаласаҳо амал менамоянд. Донишгоҳ дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод дорои лагери истироҳатӣ-истеҳсолӣ ва фароғатии «Истиқлол» мебошад.
Таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавии донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, барои гирифтани маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда, идомаи таҳсил дар магистартура ва докторантураи донишгоҳ имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.
Дар донишгоҳ парки технологӣ ва марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, истеъдодҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди касбият ва инноватсия амал менамоянд. Донишҷӯён дар синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ ва компютерӣ технологияи наву ҳозиразамони иттилоотиро аз бар менамоянд. Компютерҳои донишгоҳ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет васл гардида, донишҷӯён аз он ройгон ба таври густурда истифода менамоянд.
Шумораи умумии кормандон дар донишгоҳ 791 нафар мебошанд. Аз ин шумора 8 нафар докторони илм, профессорон ва 118 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Айни замон шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ба мисли Федератсияи Русия, Олмон, Испания, Чехия, Белгия, Италия, Англия, ИМА, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Австрия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи 5 лоиҳаи байналмилалӣ, ки ба онҳо Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шомиланд, бомуваффақият ширкат дорад.
Донишгоҳ дорои 10 факултет мебошад:
1. Физика ва математика
Ихтисосҳо:
2. Химия, биология ва география
Ихтисосҳо:
3. Филологияи тоҷик ва журналистика
Ихтисосҳо:
4. Филологияи рус
Ихтисос:
5. Филологияи хориҷӣ
Ихтисос:
6. Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ
Ихтисосҳо:
7. Омӯзгорӣ
Ихтисосҳо:
8. Молиявию иқтисодӣ
Ихтисосҳо:
9. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Ихтисосҳо:
10. Иқтисод ва идора
Ихтисосҳо:
Донишгоҳ дорои 35 кафедра буда, аз рӯи 55 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Дар донишгоҳ рӯзномаи «Анвори дониш» ва маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» нашр мегардад. Инчунин сомонаи "Паёми донишгоҳ" дар шабакаи интернет бо суроғаи www.vestnik.kgu.tj фаъол аст. Донишгоҳ аз моҳи октябри соли 2009 ба каталоги Донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст.
Суроға: 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16
Телефон: (+992 33 22) 2-35-06
ОХИРИН ХАБАРҲО