, Сешанбе, 10-декабр

Худойдодова Шарофат Зардовна

Худойдодова Шарофат Зардовна

Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ

Худойдодова Шарофат Зардовна 26 апрели соли 1967 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1984 ба факултаи филологияи руси Институти давлатии педагогии  шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1989 хатм намудаааст. Аз худи ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ ба фаъолият пардохтааст. Ҳамчунин дар факултаи ихтисосҳои ҷамъиятӣ, дар бахшҳои журналистика  ва шореҳи сиёсӣ таҳсил намуда, ба сифати наттоқи бахши русии онвақта радиои вилояти Кӯлоб, мухбири ғайриштатии  рӯзномаҳои «Кулябская правда» ва «Роҳи ленинӣ» кору фаъолият намудааст.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси  таъриху филологияи тоҷик хатм кардааст.  Солҳои 1995- 2004- мудири кафедраи забони русии факултаи филологияи рус, солҳои 2004-2008 - мудири кафедраи МТЗАР-и факултаи филологияи рус, солҳои 2010-2013 - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели  соли 2014 – мудири кафедраи журналистика, аз соли 2014 ноиби ректор  оид ба корҳои тарбиявӣ, аз соли 2015 то 2019 ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва аз соли феврали 2019 ноиби ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Худойдодова Ш.З  дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули котиби Шӯрои Олимон (2006-2009), соли 2009 – декани факултаи филологияи хориҷӣ,  котиби матбуотии ректори донишгоҳ (аз соли 2010 то инҷониб), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009), муҳаррири   Намояндагии  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб, омӯзгори кафедраи журналистика бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон  ширкат меварзад.

Соли 2010 дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-мазмунии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)»  рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст, ки дар самти омӯзиши забон ва услуби матнҳои рекламавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад.

Шарофат Худойдодова соли 2019 аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби сертификати “Эксперти байналмилалӣ” ба мӯҳлати 5 сол гардидааст.

Барои хизматҳои содиқона дар соҳаи маориф ва рушди журналистикаи муосир бо як қатор ҷоизаву ифтихорномаҳо, аз ҷумла:

  • Аълочии Маорифи Тоҷикистон (2012) (Душанбе);
  • Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013) (Душанбе);
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон (2013) (Душанбе);
  • Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон (2013, 2013, 2014);
  • Ифтихорномаҳои Раиси шаҳри Кӯлоб (2016, 2018);
  • соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста» қардшиносӣ гардидааст.     

Роҳбарият

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО