, Ҷумъа, 05-декабр

Шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ


Мақсади таъсис додани шуъба таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, мукаммалсозии ҷараёни маълумотнокӣ ва баладбардории сифати робитаҳо дар асоси истифодаи эҷодии таҷрибаи байналмилалӣ мебошад. 

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дар самтҳои зерин фаъолият мекунад!

- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;

- кор бо сафоратхонаҳо, созмонҳо ва фондҳои байналмалалӣ;

- таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати ба даст овардани грантҳои Иттиҳоди Аврупо ва ғайра;

- таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

- таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;

- назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;

- назорати раванди таҳсили донишҷӯён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб;

- таъмини назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷӯён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ;

- таъмин ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба;

Фаъолияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 1995 ҳамчун шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва равобити хориҷӣ оғоз ёфтааст. Поягузори шуъбаи мазкур олими шинохтаи ҷумҳурӣ, профессор Шарифов Зариф Шарифович буда, робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии донишгоҳро бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда буд. 

-Аз соли 2000 то соли 2006 дар вазифаи муовини ректор оид ба хоҷагӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Сайдаҳмадов Лақай фаъолият кардааст.

-Соли 2008 дар натиҷаи таҷдиди сохтори донишгоҳ шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ба зерсохтори алоҳида ҷудо шуда, вазифаи муовини ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ таъсис ёфт.

-Солҳои 2009-2010 муовини ректор оид ба муносибатҳои хориҷӣ Ҳусейнов Муродалӣ буд.

-Сар карда аз соли 2010 то 2016 ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналимлалиро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сайдалиев Додарбек Мадалиевич ба ӯҳда дошт ва аввалин мутахассисони шуъба Муродова Гулчеҳра ва Ѓафурова Дилором буданд.

Аз соли 2019 то соли 2025 муовини ректор оид ба муносибатҳои байналимлалиро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат Зардовна ба ӯҳда доштанд.

 Дар тули ин солҳо дар шуъба омўзгорон: ба ҳайси сардорони шуъба Муборак Муқими Рустамзода ва Орифзода Орзу Обидхуҷа ва ба ҳайси мутахассисони шуъба, Саъдуллоев Хушвахтулло, Раҳматулло Самадов, Камолов Фарухруз, Носиров Носир, Гулчини Файз, Шарипов Фируз фаъолият карданд.

Аз 16.07.2025 бо фармоиши Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 902 Аюбзода Сафар Аюб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ба ҳайси муовини ректор оид ба муносибатҳои байналимлалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин гардид.

Дар давоми солҳои 2010-2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ шомил шуд, ки дар доираи онҳо зиёда аз 100 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик барои ширкат дар барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати омӯзишӣ равон карда шудаанд. Соли 2013 аввалин маротиба дар таърихи донишгоҳ як нафар устод ва ду нафар донишҷӯ соҳиби бурсҳои донишгоҳҳои Испания ва Италия барои таҳсил дар докторантура, магистратура ва бакалавриат гардиданд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ имкон дод, ки наздики 2 млн. сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб карда шаванд. Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 200 муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ алоқаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар доираи ин ҳамкориҳо 10 нафар устодон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карда истодаанд.

Дар соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ бо ташаббуси Шурои Британияи Кабир ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сифати таълими забони англисӣ дар минтақа, бо донишгоҳи Гринвичи Британияи Кабир дар доираи лоиҳаи “Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA)”-“Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ” ҳамкорриро оғоз намуд. Айни замон лоиҳа то моҳи марти соли 2026 маблағгузорӣ шудааст, дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур давом ёбад.


Кормандон

МуродовБ

  Муродзода Баҳриддин Раҳмон
   Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

 

 

 




МуродовБ

  Ашурова Мавлуда Сунатуллоевна 
  Сармутахассиси шуъба

 

 





МуродовБ

   Сафарзода Сироҷиддин Абдуғафор 
   Мутахассиси шуъба

 

 





МуродовБ

  
  Ҳалимова Фариштамо Абдуҷабборовна
   Мутахассиси шуъба

 

 




 

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 2-юм, ут. № 207
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-26-92
E-mail:  info@kgu.tj,  ravobiti.khoriji@kgu.tj 

Муносибатҳои байналмиллалӣ

ОХИРИН ХАБАРҲО

Лутфан барномаи моро насб намоед!