,
Шанбе, 21-декабр
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 02.10.2020 таҳти № 177 таъсис дода шуд. Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети филологияи хориҷӣ навбунёд буда, аз рӯйи ихтисосҳои 1-020306-Забони англисӣ, 1-02030601- Забони англисӣ. Забони олмонӣ ва 1-020307- Забони англисӣ. Забони хитоӣ ихтисосманди соҳавӣ тайёр мекунад. Аъзоёни кафедра барои тайёр кардани омӯзгорони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ такони пурмаҳсуле доранд. Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2022-2023 32 нафар омӯзгорон кор ва фаълият мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ин шумора 14 нафар кормандони доимӣ, 18 нафарашон кормандони дохиларо ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ин дар соли таҳсили 2022-2023 2-нафар докторанти PHD аз рӯйи ихтисос, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ, аз ин шумора (2 нафар номзадони асосӣ ва 1 нафар ҳамкори дохилӣ) 2- нафар муаллими калон, 2 нафар унвонҷӯ, 6-нафар ассистентон аз ҳисоби магистрантони курсҳои якум ва дуюм барои фаъолияти корӣ ба кафедра ҷалб гардидаанд.
Дар таърихи фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд, оғози фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баъд аз таъсисёбии факултет дақиқан аз соли 2005 оғоз гардида, бо мурури замон аз ҳисоби норасоии кадри унвони илмӣ дошта ба қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 28.08.2020, №2/4-1 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 24.09.2020, №187 оид ба норасоии кадри ба кафедраи забони англисӣ (ҳоло забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ) муттаҳид шуда, номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он гирифт. Бо дар назардошти зарурият ва ба вуҷуд омадани кадрҳои илмидошта дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 02.10.2020 таҳти № 177 ҷудо гардида кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ номгузорӣ гардид. Аввалин мудири он баъд аз муттаҳидшавӣ дар соли 2020 номзади илми филология Муродов Б. Р. ба ӯҳда гирифт. Дар соли 2021 бо тағйироти кадрӣ дар факултет дар муддати 4 моҳ (аз моҳи сентябр то моҳи декабрӣ соли 2021) вазифаи онро бардуши номзади илмҳои педагогӣ Шарипов Х.А. гузошта шуд. Аз 20 декабри соли 2021 то моњи майи соли 2023 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷиро Гуламадшоев Ш.Ш. бардуш дошт. Аз моњи майи соли 2023 то моњи апрели соли 2024 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷиро Саидова Н.А., бардуш дошт. Аз 1-уми майи соли 2024 вазифаи иљрокунандаи мудири кафедри методикаи таълими забонњои хориљиро Робияи Абдусамад бардуш гирифта дар самти самаранокии баланд бардоштани малака, дониши донишҷӯён фаъолияти кории кафедраро ба роҳ мондааст.
Робияи Абдусамад
н.и.ф, муаллими калон, мудири кафедра
Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич
н.и.ф.
Сабоҳати Ислом
ассистент
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Қайд кардан ба маврид ҳаст, ки дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ-методӣ барои мукамал намудани дониши донишҷӯён дар асоси нақшаи кории маҳфили илмии «The role of the strengthen method of teaching in Chine and German languages» - Нақши методика дар таҳкими омӯзиши забонҳои хитоӣ ва олмонӣ дар соли таҳсили 2022–2023 амал менамояд, ки роҳбарии онро ассистенти кафедра Исоқова Сабрина ба ӯҳда дошта, маҳфил моҳе ду маротиба бо мавзуҳои илмӣ дар миёни донишҷӯён гузаронида мешавад.
Дар кафедра дар асоси нақшаи кории семинари назариявӣ ва илмию методии кафедра барои соли таҳсили 2022-2023 таҳия ва тасдиқ гардида, дар моҳ як маротиба зери роҳбарии ассистенти кафедра Сабоҳати Ислом гузаронида мешавад, ки мақсади семинари илмӣ-назариявии кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ҷиҳати мукамал ва баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорони кафедра равона гардида, омӯзгорон дар мавзуҳои мухталифи он баҳси илмӣ менамоянд.
1.Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич, Монография «Шугнанская антропонимика» Душанбе- 2019. 144 с.
2.Холиқзода Айнидин ва дигарон “Омӯзиши забони англисӣ” (дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзандагони забони англисӣ) Душанбе-2019, 208 с.
3.Холиқзода Айнидин ва дигарон “Муколамаи англисӣ-тоҷикӣ-арабӣ” Душанбе-2020, 106 с.
4.Орифов Орзу Обидхуҷаевич “Рафъи мушкилоти таълимии забони англисӣ” Душанбе: “Матбаа”, 2019.-80с.
5.Орифов Орзу Обидхуҷаевич “Усулҳои рафъи мушкилоти таълимии забони англисӣ” Душанбе: “Матбаа”, 2020.-75с.
6.Сангимадов Фарух, Дастури таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Methods of teaching English» соли 2020. 97 саҳ.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-ум, утоқи №600
Телефони корӣ: (+992)988382188
E-mail: zuvor1986@list.ru