,
Сешанбе, 21-октябр
Кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ ҷузъи сохтори факултети Иқтисод ва идора буда, аз рӯи се ихтисос 1-25 01 07 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1 – 26 01 01 01 идораи мақомоти маҳаллӣ ва 6D050600 иқтисодиёт дар се зинаи таҳсилот, бакалавр, магистратура ва докторантураи PhD мутахассисони лаёқатмандро вобаста ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ тайёр менамояд. Айни ҳол дар кафедра 15 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора: 4 нафар номзади илм, дотсент, 5 нафар муаллими калон, 5 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузор мебошад.
Кафедраи иктисоди корхонахо ва сохибкорӣ 6-уми апрели соли 2014 бо фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №57 таъсис дода шудааст. Аз оғози таъсисёбӣ то инҷониб дотсентон Расулов Н.С., Расулова Л.Н., Каҷкулоев А.Ф. Назарзода П.С. Ҳакимов А.С. роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз оғози соли таҳсили 2023 то ин ҷониб н.и.и.,муаллими калон Њасанова Ф.Ш. роҳбарии кафедраро ба зима дорад.
Хасанова Фарзона Шермадхоновна
н.и.и.,муаллими калон, мудири кафедра
Расулова Лутфия
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Фатҳуллозода Абдухолиқ
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Саидзода Қурбонали Саид
муаллими калон
Шаҳнозаи Содиқ
муаллими калон
Ибодова Мавзуна Наҷбудиновнва
муаллими калон
Нуралиева Миҷгона Давлаталиевна
ассисент
Абдуллозода Хисрав Абдулло
ассисент
Доутова Адиба Раҷабалиевнв
ассисент
Қурбонов Анис Маҳмудович
ассисент
Одинаев Иззатулло Файзуллоевич
ассисент
Неъматова Наргис Ҳакимовна
Коргузор
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Соҳибкор» амал мекунад, ки аъзоёни ин маҳфил аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманди ихтисосҳои назди кафедра интихоб шуда, иштирокчии фаъол ва ғолибони озмунҳо мебошанд. Роҳбарии маҳфилро н.и.и., муаллими калон Назаров М. С. ба ӯҳда дорад. Ин маҳфил дар як моҳ як маротиба бо шунидани ду маърӯзачӣ баргузор мешавад. Ҳамзамон дар кафедра семинари илмӣ - назариявӣ зери роҳбарии мудири кафедра фаъолият дорад. Дар семинар мавзуҳои рӯзмарра интихоб шуда, тибқи нақшаи кории семинар аз ҷониби омӯзгорони кафедра иҷро карда мешавад.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5, ошёнаи 2-юм;
Телефони корӣ: (+992)987667067
E-mail: