,
Душанбе, 14-октябр
Факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Дар соли таҳсили 2009-2010 дар дохили факултети таҳсилоти ибтидои ва тарбияи ҷисмонӣ буд, Факулта номи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣро 05.05.2015 гирифт. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва дар таълими ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ тариқи шарномавӣ ва буҷавӣ мутахассисонро тайёр менамояд:
Тарбияи ҷисмонӣ;
Ихтисоси “тарбияи ҷисмонӣ” дар факулта дар таълими рӯзона, ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.
Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ;
Дар факултети аз соли 2015-ум инҷониб ихтисоси «тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар Вазорати корҳои дохила ва омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимӣ ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар Д.С.Ш. гузаронида мешаванд.
Ихтисосҳои факулта ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои рӯзмараи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар факулта 2 кафедра амал менамояд:
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои таърихи тарбияи ҷисмонӣ, Назария ва методикаи ихтисоси интихобшуда, Баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, Шиноварӣ, Ҷамомади тамринҳои таълимӣ, Иншоотҳои варзишӣ ва Менеҷменти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дарсҳои назарӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Мудири кафедраро Саромӯзгори кафедра Нурматов Шарофуддин ба зимма дорад. Дар кафедра омӯзгорони соҳибунвон ва беҳтарин варзишгарон ба донишҷӯён дарс мегузаранд.
Дар кафедра ҳашт маҳфил (сексия) амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Дастаи волейболбозон духтарон” Худойдоди Шариф, “Дастаи волейболбозон писарон” Азимов Раҷабалӣ “Дастаи баскетбол писарон” Каракуллов А. “Гуштини миллӣ” Нурматов Шарофуддин, “Гуштини Дзю-до” Иззатуллои Давлаҳмад, “Гуштини самбо” Нурматов Ҳисомуддин, “Гуштини тарзи озод” Раҳматуллоев Абдуллазиз, “Варзиши сабук” Шоимардонов Хайрулло, “Варзиши сабук” Саидов Парвин, “Футболи хурд” Зардов Ҷума, ба ӯҳда доранд.
Кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ ва тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Мудири кафедраро саромӯзгор Азимов Раҷабалӣ . ба ӯҳда дорад.
Дар кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ як маҳфил «Муҳофизони ҷавон» амал менамояд, ки роҳбариашро омӯзгор Ҷалилов Ғолибшо ба уҳда дорад. Аъзоёни маҳфил аз кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ мебошанд. Маҳфил дар як моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Аз 20-нафар донишҷӯ иборатанд.
Дар солҳои 2009-2010 факултети таҳсилоти ибтидои ва тарбияи ҷисмонӣ номгузорӣ гардида буд, ҳамчун шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ (омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ) тайёр менамуд.
Факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ яке аз дастовардҳои намоёни замони соҳибистиқлолӣ дар таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, 5-уми майи соли 2015 дар арафаи ҷашни 70 солагии ин боргоҳи илму адаб дари худро ба рӯи муассилин боз намудааст. То расман кушодани факултет аз соли таҳсили 2009 – 2010 дар назди факултети таҳсилоти ибтидоӣ ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи ҷисмонӣ - омодагии дифои ҳарбӣ кушода шуда, то соли таҳсили 2014 – 2015 дар назди факултети мазкур амал менамуд.
Аз соли таҳсисёби то имрӯз устодону омӯзгорони зерин факултетро роҳбарӣ намудаанд:
БОБОХОНОВ ҶАМШЕД САБЗААЛИЕВИЧ
ҷонишини декан оид ба таълим
ҚУРБОНОВ НЕКРУЗ НУРАҲМАДОВИЧ
ҷонишини декан оид ба таълим
ҲАЙАТИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
1. |
Навруз Носири |
н.и.и., и.в.дотсент, декани факултет, раис |
2. |
Бобохонов Ҷамшед |
Муовини декан оид ба таълим |
3. |
Қурбонов Некрӯз |
Муовини декан оид ба тарбия |
4. |
Азимов Раҷабалӣ |
Саромузгор, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ |
5. |
Нурматов Шарофиддин |
Саромузгор, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
6. |
Гулмирзоев Абдулҳамид |
н.и.п., дотсенти кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ |
7. |
Каракуллов Аловуддин |
Саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
8. |
Саидов Парвин |
Саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
9. |
Шоймардонов Хайрулло |
Саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
10. |
Султонов И. |
Саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
11. |
Сафаров Ширинҷон |
Саромӯзгори кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ |
12. |
Боронов Алишер |
Роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултет |
13. |
Худойдоди Шариф |
Саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он |
14. |
Исмонов Маҳмадулло |
Котиби Шурои олимон |
Санаи 20-23 октябри соли 2022 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факултет Сангаков Ҳайдар дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба «Бокс» байни ҷавонон (мардон ва бонувон) сазовори ҷойи дуюм гардид
Санаи 19.03.2022 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факултет Муродзода Абубакр дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба «Бокс» байни ҷавонон (мардон ва бонувон) сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 01.10.2022 донишҷӯи курси 1-уми таълими рӯзонаи факултет Сафарзода Суҳроб дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Бокс”, ки байни калонсолон (писарон ва бонувон) барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориевабаргузор гардида буд, сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 19-20 ноябри соли 2022 донишҷӯи курси 1-юми таълими рӯзонаи факултет Наимзода Наимҷон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Гуштини тарзи озод”, ки байни калонсолон аз 18 сола боло дар вазни 74кг баргузор гардида буд, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Санаи 27.09.2022 донишҷӯи курси 3-юми таълими рӯзонаи факултет Муродзода Абубакр дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба “Бокс”, дар вазни 60кг барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм гардид.
Санаи 01.10.2022 донишҷӯи курси 1-юми таълими рӯзонаи факултет Баҳриддини Зиёвиддин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Бокс”, ки байни калонсолон (писарон ва бонувон) барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева баргузор гардида буд, сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 10-11 октябри соли 2022 донишҷӯи курси 1-юми таълими рӯзонаи факултет Султонов Фирӯз дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Таеквандо ВТФ”, ки байни калонсолон баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм гардид
Санаи 01.10.2022 донишҷӯи курси 4-уми таълими рӯзонаи факултет Сагизов Алиҷон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Бокс”, ки байни калонсолон (писарон ва бонувон) барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева баргузор гардида буд, сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 24.03.2018 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факулта Хайрандеши Муродзода дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Гӯштини самбо” , ки байни ҷавонони соли тавваллудашон 1998-2001 ба хотири гиромидошти аввалин чемпиони Иттиҳоди Шуравӣ оид ба гӯштини самбо Азалшо Олимов баргузор гардид, иштирок намуда дар вазни 68 кг сазовори ҷойи дуюм гардид.
Санаи 12.02.2015 бахшида ба 70-солагии Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дастаи факултаи тарбияӣ ҷисмонӣ ва омодагӣ дифои ҳарбӣ дар Спартакиадаи омӯзгорон оид ба бозии шоҳмот сазовори ҷои сеюм гардид.
Санаи 17.03.2018 донишҷӯи курси 3-юми таълими рӯзонаи факулта Зулҳиҷаи Ҷурабек барои иштирок намудан дар “Дави наврӯзӣ” бахшида ба таҷлили ҷашни наврӯзи байналмилалии наврӯз-2018 бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Санаи 11.03.2018 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факулта Хайрандеши Муродзода. дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба “Дзю-до” , ки байни ҷавонони соли тавваллудашон 1998-2001 баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 03.11.2017 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факулта Нуматов Шамшер дар чемпионати ДДК оид ба “Гӯштини миллӣ” , ки байни донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба “Рӯзи президент” барои ба даст овардани “Ҷоизаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” баргузор гардид, иштирок намуда, дар вазни 60кг сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 03.11.2017 донишҷӯи курси 2-юми таълими рӯзонаи факулта Хайрандеши Муродзода дар чемпионати ДДК оид ба “Гӯштини миллӣ” , ки байни донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба “Рӯзи президент” барои ба даст овардани “Ҷоизаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб” баргузор гардид, иштирок намуда, дар вазни 65кг сазовори ҷойи якум гардид.
Санаи 03.03.2018 спартакиадаи донишҷуёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи варзишгарон сазовори ҷойи якум ва телевизион гардиданд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои №1
Телефони моб: (+992 3322) 3-32-14
E-mail: tarbiyai.jismoni@kgu.tj