,
Сешанбе, 10-декабр
15-августи соли 1945 ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар ибтидои кор донишкада дар ҳайати се факултет: таъриху филология, физика-математика ва табиатшиносию ҷуғрофия ташкил ёфт. Факултети физика ва математика яке аз аввалин факултетҳои донишкада ба ҳисоб мерафт, ки фаъолияташро бо ҳама мушкилотҳои мавҷуда ба роҳ монд.
Дар факултет 6 кафедра амал менамояд:
1.Кафедраи математика ва методикаи таълими он
Кафедра таҳти №13 аз 16-уми январи соли 2018 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов Ҷонмаҳмад Муродович ба уҳда дорад.
2.Кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо
Кафедра аз соли 1981 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физика ва математика,Каримова Назокат Шералиевна ба уҳда дорад.
3.Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ
Кафедра аз соли 2020 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро муаллимаи калон Акрамова Рухшона Ятимовна ба уҳда дорад.
4. Кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо
Кафедра аз соли 2020 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро доктори фалсафа, (PhD) аз рӯи ихтисоси Физика (Педагогика) Парвинаи Усмон Сафарзода ба уҳда дорад.
5. Кафедраи илмҳои компютерӣ
Кафедра таҳти №125 аз 12-уми июни соли 2013 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо Партоевич ба уҳда дорад.
6. Кафедраи методикаи таълими информатика
Кафедра таҳти №180 аз 17-уми августи соли 2021 дар назди факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Сафаров Сайтоҷиддин Сайкамолович ба уҳда дорад.
Дар соли хониши 1945-1946 дар факултет 6-нафар таҳсил менамудаанд. Онҳо Ғафур Нурматов, Шариф Зиёев, Ҳаким Қодиров, Худойдод Сангов, Шариф Ҳасанов, Ҳамрохон Файзиев, буданд, ки донишкадаро бо мувафақият хатм намуданд. Дар соли таҳсили 1946-1947 ба факултети физика- математика 20-нафар донишҷӯён дохил шуданд, ки ин нишондод аз афзоиши шумораи донишҷӯён гувоҳӣ медод. Баъди ду соли фаъолият факултет сохт ва шакли муайан худро пайдо намуд. Омӯзгорони содиқ бо донишҷӯён кор мебурданд. Аввалин декани факултети физика- математика Аъзам Акбаров буд. ӯ барои дуруст бо роҳ мондани кор дар факултет пайгирона кӯшиш менамуд. Дар ҷалби омӯзгорони ихтисосманд ба кор тадбирҳои зарурӣ меандешид. Дар факултети физикаю математикаи донишкадаи муаллимтайёркунӣ аз рузҳои нахуст ягона кафедраи физика ва математика амал мекард. Фанҳои зерин: математикаи элементарӣ ва олӣ, таърихи математика, методикаи таълими математика, физикаи умумӣ, методикаи таълими физика, нақшакашӣ, расмкашӣ ба таркиби фанҳои асосии кафедра шомил буданд. Барои аввалин донишҷӯёни факултети физика ва математика таҳсил душвориҳоро пеш меовард. Аз ин рӯ, аксар донишҷӯён таҳсилро дар ин факултет қатъ менамуданд. Соли 1948 ҳамаги 7-нафар – Барот Акбаров, Эсанбек Абдуллоев, Гулбинисо Асоева, Фотима Аҳмадвалиева, А. Ҳафизов, Турксан Умаров, Турон Қодиров дипломи факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии муаллимтайёркуниӣ шаҳри Кӯлобро соҳиб гаштанд. Аввалин устодони факултет ва кафедраи физикаи математика Аъзам Акбаров ва А. Разоққов буданд, ки онҳо мувофиқан аз фаннҳои математикаи олию таърихи математика ва физикаи умумӣ, назариявӣ, методикаи таълими физика ба донишҷӯён дарс медоданд. Бо назардошти барқарорсозиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа дигаргунсозиҳои ҷузъӣ дар донишкада ҷараён мегирифтанд. Одамон баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба меҳнати осоишта гузашта, барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари он дар ақибгоҳҳо бо ҷидду ҷаҳд талош меварзиданд. Яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин давр саводнок намудани оммаи халқ буд. Барои рафъи мушкилот Ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канорҳои худ корҳои амалиро ба роҳ мемонд. Дар навбати аввал тайёр намудани омӯзгоронро ба нақша гирифта, кори омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳоро зери назорат ҷиддӣ мегирифт. Баъди 7- соли таъсиёбӣ, яъне дар соли таҳсили 1952-1953 шумораи донишҷӯёни ба факултет дохилшуда 24-нафарро ташкил дод, ки ин нисбати солҳои пешин каме ҳам бошад зиёд буд. Соли 1952 факултети физика ва математикаро Ҳабибулло Искандаров ва Шариф Умаров бо дипломи «Аъло» хатм намуданд. Ин нишондод дар он айём хеле баланд ҳисобида мешуд, зеро алоқамандони ин бахш теъдоди хеле камро ташкил медод. Дар аксар мактабҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ амалкунандаи Ҷумҳури Тоҷикистон норасоии мутахасиссон ба пуррагӣ ҳис карда мешуд. Ба як мактаб фиристодани як омӯзгор ҳодисаи хеле нодир буд. Таваҷҷӯҳи мардум ба саводнок гардидан зиёд мешуд. Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб барои рафъи ин мушкилот тадриҷан ёрии амалии худро мерасонд. Дар соли таҳсили 1952-1953 донишкадаро 92-нафар хатм намуданд, ки 20-нафари онҳоро хатмкунандагони факултети физика- математика ташкил медоданд. Дар муддати мавҷудияти худ Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб (солҳои 1945-1953) 900 нафар мутахассисонро дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона тайёр намуд, ки 30%-и он хатмкунандагони ин факултет буданд. Дар тамоми қаламрави Xумҳурӣ, аз он ҷумла собиқ вилояти Кӯлоб мактабу кудаконистонҳои нав сохта шуда, ба фаъолият шӯруъ менамуданд. Масалан, соли 1950 дар вилояти Кӯлоб 550 мактаби умумӣ арзи ҳастӣ дошт, ки дар онҳо 45 ҳазор мактаббачаҳо таҳсил менамуданд. Аксари омӯзгорон бо маълумоти умумӣ, миёнаи нопурра, фаъолият доштанд, ки ин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кор чандон мувофиқ набуд. Зарурияти ҳарчӣ зудтар ба кори омӯзгорӣ машғул гардидани устодони маълумоти олидор пеш меомад. Директори Донишкада Худойназар Маҳмадназаров барои ҷалб намудани ҷавонписарону духтарон ба таҳсили илм кӯшишҳои зиёд менамуд. Устодону омӯзгорони донишкадаро ба тамоми маҳалҳои ҷумҳурӣ фиристода, теъдоди донишҷӯёнро аз ҳисоби онҳо пурра месохт. Ин шахсият дар Кӯлоб бо меҳнатдӯстӣ, фидокорӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ дар қалби мардуми Кӯлоб ҷой гирифта буд. Талаботи ҷомеа ба кадрҳои омӯзгорӣ беш аз пеш зиёд мегашт. Зарурияти дар базаи Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кулоб таъсис додани Донишкадаи омӯзгории мустақил ба миён омад. Оид ба масъала маъмурияти донишгоҳ дар назди Ҳукумати ҳамонвақта Тоҷикистон борҳо ин масъаларо гузошта буд. Соли 1953 дар шаҳри Қӯлоб Донишкадаи омӯзгории 4-сола таъсис ёфт ва Ашраф Сиддиқов ба ҳайси директори он таъин карда шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳаёти халқҳои шӯравӣ, бахусус миллати тоҷик дар зинаи инкишофи тадриҷии саноат, илму техника ва фарҳанг қарор дошт. Аммо мушкилотҳои сангини баъдиҷангӣ ҳанӯз ҳам осори худро дар зиндаги мардум гузошта буд. Аз соли 1951 сар карда, дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии ҳафтсола ҷорӣ гардид. Масъулияти омӯзишгоҳ ва Донишкадаи омӯзгорӣ ба маротиб зиёд гардид зеро теъдоди хонандагон зиёд гардида, шумораи омӯзгорон дар ин нисбати хеле кам буд. Барбари таъсиси ёфтани Донишкадаи омӯзгорӣ дар ҳайати он 5- факултет, аз ҷумла факултети физика- математика ҳамчун як ҷузъи таркибии ин муассиса ба фаолияти шурӯъ намуд. Бо таъсисёбии Донишкада ҳайати кадрии он ба куллӣ тағйир меёфт. Дар давоми 3-сол (аз соли 1950 то 1953) шумораи омӯзгорон аз 18 то 25 расид, ки ин нишондод барои беҳбудӣ бахшидан ба кори таълиму тарбия ёрии амалӣ расонид. Дар соли таҳсили 1953-1954 дар факултети физика ва математика 50- нафар донишҷӯён қабул гардиданд. Шумораи донишҷӯён дар худи ҳамин сол дар Донишкада ба 503- нафар расид. Теъдоди омӯзгорон бо вусъат ёфтани доираи қабули довталабон зиёд гардида, кафедра, лабаратория ва кабинетҳои фаннии нав ташкил меёфтанд. Нақша ва барномаҳои нав рӯи кор омада, китобхонаи иборат аз адабиётҳои гуногун илмӣ, техникӣ, адабиӣ бо иқтидори ба талабот мутобиқ фаъолият менамуд. Хоҷаев. Қ.Х 19- декабри соли 1953 ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгори шаҳри Кӯлоб таъин гардид. ӯ баробари ба фаъолияти шӯруъ намудан ба масъалаи таъмин намудани муассиса ба кадрҳои баландихтисос ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ диққати асосиро равона намуд. Ректори таъингардида ба зиндагии омӯзгорон ва таъмини маишати онҳо эътибори махсус дода, барои ба таври доимӣ нигоҳ доштани онҳо чораҳои зарурӣ меандешид. Масъалаи ба манзил таъмин намудани омӯзгори рохи ҳалли худро меёфт. Ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои устодон боис гардид, ки масъалаи кадрӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд. Факултети физика математика яке аз факултетҳои асосии донишкада маҳсуб меёфт, ки он мутахассисони ду илми ҷаҳонӣ-физика ва математикаро тайёр менамуд. Баъди таъсисёбии донишкадаи давлатии омӯзгорӣ кафедраҳои математика ва физика мустақил арзи ҳастӣ доштаанд. Дар рӯзҳои аввалини ташкилёбии кафедраи математика ба он Аъзам Акбаров роҳбарӣ менамуд. Аъзоёни кафедра муаллимони калон Х.Кодиров, С.Азизов, Ш.Умаров, Ш.Раҳмонов, И.Собиров, Р. Сатторов, Г.Алиев, М.Н.Чиликина, М.Токарёва, Гунашев буданд. Роҳбарии факултетро муаллими калон Абдулҳамид Асроров ба ӯхда дошт. Соли 1960 донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб барҳам дода шуда, ба филлиали донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко мубаддал шуд. Як қисми омӯзгорон барои кор ба Душанбе рафта, қисми дигарашон дар филлиали дар шаҳри Кӯлоб буда, фаъолияташонро идома доданд. Дар кафедраи математикаи факултети физика - матиматика муаллимони калон Сайидхҷӯҷа Азизов. Хоркаш Қодиров, муаллимон Гулбек Ашурмамадов. Шариф Раҳмонов. Рӯзимурод Саторов. Шариф Умаров дар кафедраи физика муаллимони калон Мирзо Султонов. Сайидҷон Мирзоев, муалимон Р.Ф Иванов, Абдулло Солиев, С.Ситамов, С.Султонов дар ш. Кӯлоб ба шогирдон асосҳои илмҳои дақиқро таълим медоданд.27-июли соли -1962 бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Точикистон ва Шӯроӣ Вазирони Ҷумҳурӣ филлиали донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб аз нав ба донишкадаи мустакил табдил дода шуд. Ҳайати устодон ва кормандони факултети физика - матиматика бо нерӯи тоза ба кор шӯру намуданд. Дар соли тахсили 1962-1963 ба донишкада 150-нафар донишомӯзон ба курси якум қабул гардиданд, ки ба онҳо дар маҷмӯъ 19- нафар омӯзгорон дарс медоданд. Баъди аз нав эҳё гардидани донишкада монеаҳои ҷиддӣ аз қабили нарасидани биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, захираҳои даркории китобҳо, мутахассиони варзида ба назар мерасид. Ҳамкории олимони варзидаи чумхури ба донишкада ба рох монда шуда, рафтуомади мунтазами онҳо бо максади гузаронидани дарсҳо ва гузаронидани конференсияҳои илмию адабӣ ҷараён гирифт. Дар соли таҳсили 1965-1966 шумораи донишҷӯёни донишкада ба 1485 нафар расид. Факултети физика- матиматика дар ин марҳила яке аз факултетҳои бонуфузи донишкада буд, ки дар он устодони варзида ба таълиму тарбияи донишҷуён машгул будаанд.Кафедраи физака матиматика дар давраи эҳё гардидани донишкада ягона кафедрае буд,ки омӯзгорони ин бахшҳоро муттаҳид намуда ,барои фаъолияти онҳо шароитҳои лозимиро фароҳам меовард. То соли таҳсили 1975-1976 факултети физика-математика фаъолият намуда, баъдан он ба ду факултет: математика ва физика чудо шуд. Дар ибтидои ҷудошавӣ дар факултети математика 444 нафар донишҷӯ дар 5-курс таҳсил менамуданд.
Вазифаи декании факултетро Шариф Раҳмонов ба зимма дошт. Аз мохи октябри соли 1976 то моҳи марти соли 1981 Ислом Ғуломов вазифаи декании факултети математикаро ба ӯҳда дошт. Аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии факултет дар назди он ду кафедра амал мекард, ки тамоми омӯзгоронро дар худ муттаҳид намуда буданд. Проблеммаи асосии факултет дар баробари таёр намудани омӯзгорони мактаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мустахкам намудани базаи кадрии он ба шумор мерафт. Маъмурияти донишкада ва факултет ҳалли ин қазияро дар омода намудани мутахассисон аз ҳисоби хатмкунандагони худи факултет медиданд. Бо саъйу талош ва тадбирҳои оқилонаи мудири кафедари математикаи олӣ Саидхуча Азизов дар факултет имконият пайдо шуд, ки ба марказхои илми тадқиқотии Минск, Киев, Ленинград, Қазон, Москва, Калинин, Тбилиси, Кишинев, Новосибирск, Сверловск, Алма-Ато, Тошканд робитахои илмию корӣ барқарор шавад. Сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои баландбардории ихтисос, стажировка ва аспирантура дар шаҳрҳои номбурда, имконият пайдо шуд,ки дар як муддати кӯтоҳ кадрҳои баландихтисоси соҳаи математика И.Ғуломов, Ҷ.Сафаров, Р.Акбаров, С.Исроилов, Х. Неъматов, А. Ҳакимов, А.Исматуллоев, О.Ҷураев, Н.Расулов, Д. Ҷалилов, А. Абдулазизов, Э.Зарипов, С. Тағайназаров, Т. Маҳмудов, А.Пирназаров тайёр карда шаванд. Кафедраҳои факултет ба як қатор марказҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриҳои дигар ба монанди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Иниститути математикаи АМИТ ба номи академик А.Ҷураев, Институти физикаю техникаи Иниситути математикаӣ Шуъбаи Сибирии АФ Руссия Иниститути математикаи АФ Ҷумҳурии ӯзбекистон, Донишгоҳи Давлатии Украина, Донишгоҳи давлатии Новосибирск, иниститути математика ва маркази ҳисоби ҷумҳурии Литва алоқаҳои илмиро барқарор намуда, аз ҳисоби хатмкунандагон мутахассисони унвондорро тайёр менамуданд. Олимони намоёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ф.Д.Гахов (Минск), Метрополский(Киев), М.М.Лавлентев (Новосибирск), А.Ҷураев, Ҷ.У.Усмонов(Душанбе), профессорон: П.П.Коровкин, В.Н.Никольский, А.А.Гаркиви, Л.М.Фридман (Москва), дар кори кӯмак ва дастгирӣ намудани мутахассисони факултет ҳиссагузоранд. Дар тули солҳои 1980-1994 дар факултаи математика Р.Акбаров, А.Ҳакимов, О.Ҷураев, Э.Зарипов, С.Тағайназаров, С.Азизов, А.Абдулазизов, Н.Расулов маҳз бо дастгирии олимони варзидаи рус ва беларус дар Минск рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуда, ҳамчун олимони соҳаи математика ба факултет баргашта бо нерӯ ва қувваи нав ба кори таълим, тарбия ва тадқиқотҳои илмӣ машғул гардиданд. Дигар устодони факултет С.Исроилов, Ҷ.Шарифов.Ҷ.Сафаров, Т.Маҳмудов, Ҳ.Неъматов, низ дар соҳаҳои методикаи таълими математика ва математкаи олӣ тадқиқотҳои худро гузаронида, дар як муддати кӯтоҳ номзади илм гардиданд. Факултети математика нисбати дигар факултетҳо баъзаи кадрии муқтадир дошт. Дар ҳар як кафедра на камтар аз се номзади илм фаъолият менамуд. Акнун олимони аз ҳисоби кадрҳои маҳалӣ тайёргардида бо боварӣ тамоми фанҳои дар барномаҳо ҷойдоштаро ба донишҷӯён таълим медоданд. Баъзе олимон аз қабили устод Р.Акбаров ва И.Ғуломов мактабҳои илмии худро дар назди факултет ташкил намудаанд, ки мутахассисони ҷавон аз ин мактабҳо баҳраҳои илмӣ мебардоштанд. Факултети математика то ба донишгоҳ табдил додани донишкада бо иқтидори пурра амал намуда, барои ба омӯзгорони фанни математика таъмин намудани мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб мегузошт. Баъди таъсиси Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дар базаи донишкадаи омӯзгорӣ низ факултети математика амал намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳравандӣ аксар устодон бо сабабҳои гуногун аз кор рафтанд. Базаи кадрии он хеле коста шуд. Ба ин нигоҳ накарда, олимони ба факултерт содиқ Р. Акбаров, И. Ғуломов, Т.Маҳмудов, А.Абдулазизов дар шароитҳои вазнинтарин корро дар факултет идома дода, барои мавҷудияти он суботкорона истодагарӣ намуданд. Устод Р.Акбаров дар назди факултети математика литсей ташкил намуд. Дар он беҳтарин истеъдодҳо аз мактаб ҷалб гардида илму дониш меомӯхтанд. Ин кори хайрхоҳонаи устод Р.Акбаров тавонист устодони боқимондаро дар факултет нигоҳ дошта, ҳамзамон барои оянда шогирдони боистеъдодро тарбия намоянд. Устод Р. Акбаров вазифаи декани факултети математикаро то соли 2003 ба ӯҳда дошт. Дар солҳои ҷанги шаҳрванди бо саъю кӯшишҳои устод факултет аз фаъолият бознамонд. Ба факултет донишҷӯёни бо савияҳои гуногуни дониш дохил гардида мехостанд соҳиби ихтисос гарданд. Бо шогирдони тасодуфӣ кор бурдан бениҳоят мушкил буд. Аммо устодон бо устуворӣ ва суботкории худ ҳама гуна мушкилиҳоро фатҳ менамуданд. Устод А. Абдулазизов муддати солҳои 2003-2005 декании факултетро ба ӯҳда дошт. Сипас, масъулияти декании факултет ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ дотсент К. Изатуллоев вогузор шуд. ӯ муддати солҳои 2005-2007 ҳамчун роҳбари ботадбир ва масъул фаъолият намуда, барои батартиб даровардани камбудиҳои дар тӯли солҳои зиёд ҷамъшуда кӯшишҳои зиёд намуд. Ҳуҷҷатгузории бонизом дар асоси талаботҳои муосир маҳз бо саъю эҳтимоми дотсент К. Изатуллоев ба амал бароварда шуд. Дар ин давра кафедраҳои факултет бо иқтидори нав ба кори идома бахшиданд. Дар се кафедраи факултет: таҳлили математика (мудираш професор Акбаров Р.), алгебра ва геометрия (мудираш муаллими калон Ф.Хонов) методикаи таълими математика (мудираш дотсент Т. Маҳмудов ) кор бо низоми нав сурат гирифт. Аз ҳисоби шогирдони беҳтарин дар кафедраҳо ассисент қабул намуда, барои аз ҳисоби онҳо тайёр намудани мутахассисон корҳои муҳим анҷом дода мешуданд. Аз соли 2007то соли 2009 роҳбари факултетро муаллими калон Т. Давлатов ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат низ корҳоизиёд ба анҷом расонида шуд. Теъдоди қабули донишҷуён ҳам дар шӯъбаи рӯзона ва ҳам дар шӯъбаи ғоибона нисбат ба солҳои пешин зиёд мегардид. Дар факултет ихтисосҳои математикаи умумӣ, математикаи амалӣ ва информатика дар асоси нақшаҳои нав фаъолият доштанд. Дар давраи солҳои 2009-2011 декании факултетро муаллими калон Ҳалимов Ғ. ба ӯҳда дошт. ӯ низ барои пешбурди кор, муттаҳид намудани аъзоёни факултет ва ҷалби устодон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар ин марҳила устоди кафедраи таҳлили математики Хидиров Х. рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд. Баъди дар назди Донишгоҳ ташкил намудани шӯъбаи аспирантура аз рӯи ихтисоси 13.00.01 устодон дар шӯъбаҳои ғоибона ва рӯзона қабул гардида, ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мегардиданд. Аввалин муҳасилон аз рӯи ин ихтисос Шарифов Шамсиддин ва Маликаи Амирзод буданд,ки аз рӯи мавзӯъҳои актуалӣ зерироҳбарии олимони намоёни ҷумҳурӣ А. Комилӣ ва М. Нӯъмонов тадқиқотҳои худро ба роҳ монданд. Баъдан аз рӯи ин ихтисос дигар хатмкардагони факултет дохил шуда онро хатм намуданд. Алъон ассистентони кафедраи Методикаи таълими математикаи факултет Ниёзов Ҷ. ва Гулматов М. аз рӯи мавзӯҳои илмӣ зери роҳбарии профессор Ҷ. Шарифов ва дотсент М. Холов дар айни иҷрои корҳои худ мебошанд. Устодони факултет Ғуломов Ҷ., Мирзоев Ҷ., Ҷураев К., Каримова Н., Раҳимов Н. аз рӯи равияи илмии устод Р. Акбаров кор бурда истода, дар арафаи анҷоми корҳои илмии худ қарор доранд. Вақте, ки дар соли хониши 1975-1976 факултет мустақили физика ташкил дода шуд, сарварии онро номзади илми физика ва математика А. Ш. Раҳматов ба ӯҳда дошт. Дар ин вақт дар факултет кафедраҳои физикаи умумӣ, методикаи таълими физика ва физикаи назариявӣ арзи вуҷуд доштанд. Таъсиси лабараторияҳои нав пай дар пай ба амал меомаданд. Дар ихтиёри ҳар як кафедра теъдоди муайяни озмоишгоҳҳо амал менамуданд, ки донишҷӯён ба иҷрои корҳои лабараторӣ машғул мегардиданд. Роҳбарии кафедраҳои физикаи умумӣ ва методикаи таълими физикаро дар ин давра Ҷангӣ Назаров ва Ю. Ахмедҷонов ба ӯҳда доштанд. Аз соли 1981 сарвари факултетро дотсент С. Каримов ба зимма гирифт. Дар ин давра факултети физика яке аз факултетҳои хеле тавонои донишкада ба ҳисоб мерафт. Зеро роҳбари факултет С. Каримов яке аз олимони намоёни шӯравӣ буд ва ӯ барои дуруст ташкил намудани кори таълиму тарбия ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ- тадқиқотӣ маҳорати ба худ хос дошт. Азбаски базаи кадрии факултет мустаҳкам мегардид, олимони варзида ба кор ҷалб мешуданд, сатҳу сифати таълим ба зинаи камолот мерасид. Дар давраи декании С. Каримов дар факултет муаллимони ботаҷриба Сулаймон Султонов, Султон Ситамов, Саъдулло Ситамов, Абдусаттор Ғаффоров, Ҷангӣ Назаров, Исмоил Фаттоев ва дигарон кор мекарданд. Дар давраи мудири кафедраи физикаиумумӣ будани Ҷангӣ Назаров (солҳои 1975-1983) устодони кафедра С. Ғаффоров, С. Зайниддинов, И. Фаттоев рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда базаи кадрии кафедра ва факултетро мустаҳкам намуданд. Кормандони факултет оиди ҳалли бисёр проблемаҳои илмӣ бо ходимони илмии АУ ҶШС Тоҷикистон, УДД ба номи В.И.Ленин ИДПД ба номи Қ.Ҷураев, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинград ба номи А.И.Герцен, донишкадаи техникаи электронии назди вазорати саноати электронии ш. Москва ҳамкорӣкарда, бо бисёр муассисаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ доир ба ҳалли илмии проблеммаҳо шартномаи илмӣ ва ҳамкорӣ доштанд. Аз соли 1979 кафедраи физикаи назариявӣ аз кафедраи физикаи умумӣ ҷудо гардида, мустақилона амал мекард. Ба ихтиёри кафедра устодони зерин: Ҳ. Сафиев номзади илмӣ физика математика, муаллимони калон А. Зарифзода, А. Сайдалиев, устодон И.А. Қобилова, Н. Собирова, Г.Ш. Яқубова, Н.С. Салимов дода шуданд, ки дар пешбурда кори кафедра мусоидат менамуданд. Кафедра дорои 3 озмоишгоҳ: Электротехника, Радиотехника ва Астрономия буд. Роҳбарии факултет аз соли 1985 ба зиммаи С. Султонов буд. ӯ ҳамчун шахси дилсӯз, роҳбари масъул барои пешбурди факултет талош менамуд. Дар ин муддат тамоми озмоишгоҳҳо бо лавозимотҳои зарурӣ таъмин буданд. Лабарантҳо ва устодоне, ки корҳои лабараториро роҳбари менамуданд маълумотҳои мукаммал ва малакаю маҳоратҳои амалӣ доштанд. Ҳар як кори лабараторӣ аз ҷониби донишҷӯён ба пуррагӣ иҷро шуда, натиҷагирӣ мешуданд. Донишҷӯён дар баробари донишомӯзӣ ба гурӯҳҳои корӣ муттаҳид шуда дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳангоми таътил ба бунёдкорӣ ва созандагӣ вақти худро масраф менамуданд. Маҳфилҳо фаннӣ дар факултет мунтазам амал менамуданд, ки онҳо барои дар сатҳи баланд маълумотшавии донишҷӯён мусоидат менамуданд. Семинарҳои илмӣ доир шуда, дар онҳо мавзуҳои муҳимтарини илми муосир баррасӣ мешуданд. Дар ин семинарҳо донишҷӯён ширкат варзида, ба доираҳои илмӣ ва мавзуотҳои актуалӣ шинос мешуданд. Аз ҷониби донишҷӯён корҳои дипломӣ иҷро мешуданд, ки онҳо тадқиқотҳои муҳими илмиро дарбар мегирифтанд. Аз соли 1995 то соли 2005 декании факултети физикаро дотсент С. Ғаффоров ба ӯҳда дошт. Чӣ хеле ки пештар қайд намудем, ин давра барои факултет як марҳилаи хеле душвор буд. Зеро аксари олимони унвондор бар асари мушкилотҳои рӯзгор аз кор рафтанд. Устодони ба донишгоҳ ва факултет содиқ С. Каримов, С. Ғаффоров, А. Зарифзода, А. Сайдалиев дар нигоҳдории факултет ва пур намудани ҷойҳои холӣ заҳматҳои хеле зиёд кашиданд. Дар баробари ихтисосҳои мавҷуда ихтисосҳои нав аз қабили радиофизика, технология кушода шуданд, ки алоқамандонро ба факултет ҷамъ намуданд. Устод С. Ғаффоров бо шогидони соҳибистеъдоди худ дар лабараторияҳои илмии факултет мунтазам кор бурда, натиҷаҳои нави илмиро ҳосил намуда, барои истифода дар хоҷагии халқ пешниҳод менамуданд. Солҳои 2005-2007 А. Зарифзода ба ҳайси декани факултет фаъолият намуд. ӯ низ барои рушди кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои факултет тамоми василаҳои заруриро истифода менамуд. Аз ин рӯ, рушди факултет бо таъсири омилҳои мусбии дар ҷомеа ба амаломада ба таври назарас ба вуқӯъ омад. Дар ҳамаи кафедраҳои факултет омӯзгорон ҷалб шуда, барои бо иқтидори пурра истифода намудани нерӯҳои зеҳнӣ имконият фароҳам оварда шуд. Аз соли 2007 то соли 2009 ва баъдан аз солҳои 2009 то соли 2011 декании факултетро муаллими калон Сайдалиев А. ба ӯҳда дошт. Барои ба низом даровардани кори факулта, баланд бардоштани потенсиалӣ илмӣ ва омодасозии мутахассисони ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир корҳои назаррас анҷом дода шуд. Ҳамзамон ҷавонони соҳибистеъдод ба кор мононда шуда,аз ҳисоби онҳо омӯзгорони ояндаи факултет тайёр карда мешуданд. Устодони ҷавони факултет М. Қаландарова ва Баротов Н., А. Ёқубов, У. Гулмадов, Ф. Сафаралиев аз рӯи равияҳои гуногуни ба илми физика алоқаманд кор бурда истода, дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии худ саъй намуда истодаанд. Соли 2012 факултетҳои математика ва физика мутаҳид гардида, унвонии факултети физика, математика ва информатикаро гирифт. Дар муддати солҳои 2012-2014 роҳбарии факултетро дотсент Э.Пирназаров ва муаллимони калон Д. Қурбонов, Қ. Тураев, Ш. Шарифов ба ӯҳда доштанд ва онҳо барои пешбурди корҳои муҳими факултет хизматҳои назаррас намуданд. Аз сентябри соли 2014 роҳбари факултет ба зиммаи муаллими калон А. Сайдалиев гузашт. Устод дар муттаҳид намудани ҳамаи аъзоёни кафедраҳои факултет талош намуда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав мусоидат намуда истодааст. Алъон дар факулта шаш кафедраҳои зерин амал намуда истодаанд: Математика ва методикаи таълими он (мудираш н.и.п., дотсент Ниёзов Ҷ.М.), Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо (мудираш н.и.ф-м. Каримова Н.Ш.), Илмҳои компютерӣ (мудираш н.и.т. Шарипов А.П.), Физикаи умумӣ ва назариявӣ (мудираш н.и.ф-м. Акрамова Р.Я.), методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо (мудираш н.и.п. Парвинаи У.С.). Ҳар як кафедра равияҳои махсуси илмӣ дошта, аз руи он корҳои илмӣ-тадқиқотии худро пеш бурда истодаанд. Факултети физика ва математика ки яке аз ҷузъҳои таркибии донишгоҳ ба шумор меравад, омодагӣ ба ҷашни миллии 35-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Дар ин самт ҳар як устоди факултет, кафедраҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайгирона кор бурда, барои ба дастовардҳои пурарзиш интиқол намудани ҷашн омодагӣ доранд. Дар солҳои мавҷудияти факултет шахсони зерин роҳбари онро ба ӯҳда доштанд: Ғуломов Ислом солҳои (1972-1973) ва (1976-1981), Каримов Самариддин Каримович (1981-1984), Султонов Сулаймон (1984-1987), Салимов Қурбоналӣ (1995-1998), Ғафоров Саттор (1995-2005), Акбаров Раҳматулло (1998-2004), Абдулазизов Абдулҳаким (2004-2005), Абдулкарим Зарифзода (2005-2007), Изатуллоев Куган (2005-2008), Давлатов Толқун (2008-2009), Сайдалиев Абдулазиз (2009-2011), Тураев Қурбон (2012- 2013), Азимов Сайдиброҳим (2013- 2016), Сафаров Мунир (2016 -2018), Имомов Зафар (2018-2021), Давлатов Раҳмоналӣ (аз 2021 то 2023), Самариддинова Зайнаб (аз 2023 то ҳоло) ба ӯҳда дорад.
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
1. |
Самариддиова З. |
номзади илми педагогӣ, декани факултет, раис; |
2. |
Ҳофизов А.М. |
номзади илмҳои педагогӣ, ҷонишини декан оид ба таълими фосилавӣ, муовини раис |
3. |
Нодиров К.А. |
ҷонишини декан оид ба таълими рӯзона, муовини раис |
4. |
Ашурова С. |
Ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ |
5. |
Убайдуллои А. |
саромӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими он, котиб. |
6. |
Каримова Н.Ш. |
- н.и.ф.м, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо; |
7. |
Ниёзов Ҷ.М. |
- н.и.п, дотсент мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он; |
8. |
Акрамова Р.Я. |
- н.и.ф.м, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ; |
9. |
Парвинаи У.С. |
- н.и.п, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва ТМ; |
10. |
Шарипов А.П. |
- н.и.т, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ; |
11. |
Сафаров С.С. |
-н.и.п., мудири кафедраи методикаи таълими информатика; |
12. |
Ҳусайнов Р.С. |
-роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултет; |
13. |
Қаршиев А.Ҷ. |
-раиси созмони ҷавонони факултет |
Факултет дар озмуни донишгоҳӣ, ки дар байни 9 факултетҳои донишгоҳ зери унвони «Ҳунар ганҷи бебаҳо» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Факултет дар озмуни намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни донишгоҳ дар байни 9 факултетҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо СИПОСНОМА ва ҷойи ифтихориро сазовор шуд.
Дастаи фарзишгарони факултет дар мусобиқаи варзишӣ, ки бо ташаббуси ширкати мобилии Tcell дар байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз варзиши волейбол моҳи феврали соли 2018 баргузор гардид, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Сулаймонов Убайдулло дар соли 2017 дар озмуни донишгоҳӣ, ки дар байни магистрантони факултетҳои донишгоҳ бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Донишгоҳ баргузор гардид, Магистранти Сол эълон гардида, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва маблағи пулӣ сарфароз гардид.
Қаландаров Сайдасрор муаллими калони кафедраи физика, методикаи таълими он ва технологияи материалҳо дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз курси бозомӯзии «Низоми таълими салоҳиятнокӣ» дар соли 2017 фаъолона иштирок намуда, бо шаҳодатнома сазовор гардид.
Сафаралиев Фарҳод ассистенти кафедраи физика, методикаи таълими он ва технологияи материалҳо дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз курси бозомӯзии «Низоми таълими салоҳиятнокӣ» дар соли 2017 фаъолона иштирок намуда, бо шаҳодатнома сазовор гардид.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-30-08
E-mail: fizika.matematika@kgu.tj