, Ҷумъа, 06-март

ФАКУЛТЕТҲО» Молиявию иқтисодӣ



логоМАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 06.04.2014, №57 дар заминаи собиқ факултети иқтисодии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Факултет ҳамчун маҳзани илму дониш дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши босазо дорад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ дар соли таҳсили 2025-2026 41 нафар (кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит 8 нафар, кафедраи назарияи иқтисодӣ 14 нафар ва кафедраи молия ва қарз 19 нафар) омӯзгорону кормандон фаъолият менамоянд, ки 11 нафари онҳоро омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 6 нафар н.и.и., и.в. дотсент ва 4 нафар н.и.и., м.к., 11 нафар муаллими калон, 16 нафар ассистентон ва 3 нафари дигарро кормандони техникӣ ташкил медиҳанд. 

Таълим. Факултет аз рӯйи се зинаи таҳсилот: бакалавриат (рӯзона, фосилавӣ), магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) мутахассисони соҳаи иқтисодиро аз рӯйи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

Бакалавриат:

  1. 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (тоҷикӣ, англисӣ)
  2. 1-250111 - аудит ва ревизия
  3. 1-250104 - молия ва қарз (тоҷикӣ, рӯссӣ)
  4. 1-25010402 - кори бонкӣ
  5. 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ
  6. 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ
  7. 1-960101 - хадамоти гумрукӣ

Магистратура:

  1. 1-25010402 - Кори бонкӣ
  2. 1-25010803 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ

Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD):

  1. 6D050900 – Молия (6D050901 – Молия, муомилоти пул ва қарз)
  2. 6D050800 - баҳисобгирии бухгалтерӣ

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои ҳамкории факултет бо факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва диагр МТОК-и ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар самтҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ самаранок ба роҳ монда шудааст.

Факултет механизми беҳтарсозии фазои ҳамкориҳоро баҳри рушди малакаи касбии донишҷӯён бо шуъбаҳои бухгалтерии ташкилотҳо, муассисаҳои бонкӣ ва молиявии минтақавию ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондааст.

Айни ҳол теъдоди умуми таҳсилкунандагон дар соли 2025-2026 дар факултети молиявию иқтисодӣ дар таълими рӯзона, фосилавӣ, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ҳамагӣ 906 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 640 нафар ба таълими рӯзона, 244 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ, 20 нафар ба зинаи магистратура ва 2 нафар ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) рост меояд.

Роҳбарият. Аз оғози таъсисёбӣ (соли 1992) то ҳол омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет фаъолият намудаанд:

  1. Шарипов З.С. - д.и.и., дотсент (солҳои 1992-1996);
  2. Қурбоналиев Б.Ҳ. - н.и.и., дотсент (солҳои 1996-2003);
  3. Конкова А.А. - н.и.и., дотсент (солҳои 2003-2006);
  4. Расулов Н.С. - н.и.ф-м, дотсент (солҳои 2006-2009, 2011-2013);
  5. Юнусов С.С. - н.и.п., дотсент (солҳои 2009-2010);
  6. Назаров П.С. - н.и.с., дотсент (солҳои 2010-2011);
  7. Куганов Н.К. – н.и.и, дотсент (солҳои 2013-2014, 09.2019-01.2020);
  8. Мирсаидов М.Н. – н.и.и., дотсент (солҳои 2014-2016, 2017-2018);
  9. Каҷкулоев А.Ф. – н.и.и., дотсент (солҳои 2018-2025)
  10. Навруз Н. - н.и.и., и.в. дотсент (аз моҳи июни соли 2025 то ба ҳол)

КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА АУДИТ

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит соли 2022 таъсис дода шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 8 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и, и.в. дотсент Куганов Н.К. бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1-25010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, 1-250111 – Аудит ва ревизия ва 6D050800 - баҳисобгирии бухгалтерӣ дар зинаи докторантура мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ

Кафедраи назарияи иқтисодӣ аз соли 1992 таъсис дода шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 14 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и, и.в. дотсент Сафаров Аъзам бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯйи ихтисоси 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (тоҷикӣ, англисӣ) мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ

Кафедраи молия ва қарз соли 2014 дар заминаи факултети навтаъсиси молиявию иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра 19 нафарро ташкил медиҳад. Вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Комилов Низомиддин бар дӯш дорад. Кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1-250104 - молия ва қарз (тоҷикӣ, рӯсӣ), 1-25010402 - кори бонкӣ, 1-960101 – Хадамоти гумрукӣ, 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ ва 6D050900 – Молия (6D050901 – Молия, муомилоти пул ва қарз) дар зинаи докторантура мутахассисони соҳибкасб таёр мекунад.

Дар факултети молиявию иқтисодӣ 7 синфхона (1 толор) – и дорои тахтаҳои электронӣ ва 1 синфхонаи компютерӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мавҷуд буда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини самаранокии раванди таълиму тарбия дар факултет воситаи муҳим арзёбӣ мегарданд.


ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултет бо ташаббус ва талошҳои омӯзгорони соҳибэҳтиром академик Каримов С. (собиқ ректори донишгоҳ), Шариф З.С., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор; Фазлиддинов С., доктори илмҳои техникӣ, профессор; номзадҳои илми иқтисодӣ Шарифов Ф.Н., Конькова А.А., Қурбоналиев Б.Қ., Ҷалилов С., Латипов М., Бобоев Ф., Салимов Ш., Бобохуҷаев С., Ғуломнабиев К., Ивазов А., ки аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷалб шуда буданд, моҳи августи соли 1992 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст.

Асоси факултетро дар соли таъсисёбияш кафедраи назарияи иктисодӣ, ки он вақт 8-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 4-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Соли 1994 дар факултет дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ 2- кафедраи тахассусӣ: кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи банақшагирӣ ва ояндабинӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.), ташкил гардид. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи тағйироти номенклатурии тайёр намудани мутахассисон дар соли 1998 кафедраҳои факултет ба кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи идоракунӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) табдил дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон сол дар кафедраи идоракунӣ шуъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки мутахассисонро барои таълими фанни география дар мактабҳои миёна ба тайёр кардан оғоз намуд. Аввалин маротиба соли 2003 18-нафар донишҷӯён ин шуъбаро бо ихтисоси муаллими география хатм намуданд.


САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ

navruz n

 

 НАВРУЗ НОСИРИ
  декан, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
  Тел: (+992 83322) 2-36-64







kholiqzoda a

  ХОЛИҚЗОДА АҲЛИДДИН ЮЛДОШ
  ҷонишини декан оид ба таълим

 






davlatov g

 ДАВЛАТОВ ГУЛАҲМАД ПИРАҲМАДОВИЧ
 ҷонишини декан оид ба тарбия



 



HayozodaQ
ҲАЁЗОДА ҚИЁМУДДИН АМОНУЛЛО
 ҷонишини декан оид ба илм







fayziddini z

 

  ФАЙЗИДДИНИ ЗУРИДДИН
  танзимгар
   






Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-64
E-mail: moliyavi.iqtisodi@kgu.tj


Ба рӯйхат