,
Душанбе, 06-апрел
Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти № 177 аз 02.10.2020 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Забони англисӣ (1-1-020306-01), забони англисӣ-олмонӣ (1-1-020306-01) ва забони англисӣ-хитоӣ (1-1-020306-01)» ихтисосманди соҳавӣ тайёр мекунанд. Дар кафедра 18 – нафар ҳайати омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимии тахассусӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 3 – нафар номзадони илмҳои филологӣ, дотсент 5-нафар муаллими калонон, 9 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузори кафедра фаъолият доранд. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Давлатзода Файзиддин Ҷамил ба ӯҳда дорад.
Кафедраи мазкур соли 1992 дар назди факултети филологияи рус ҳамчун шӯъба бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст, мудири аввалини он дотсент Канкова Ирина Павловна таъйн гардида буд. Дар давраи таъсисёби омӯзгорони зерин дар кафедра кор карданд Мирзоев Зайналобиддин номзади илмҳои филологӣ, Мамадрасулова Тоҷиниссо ва муаллимимони калонон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татяна Николаевна ва Собирова Уғулбӣ Саъдуллоевна фаъолият мекарданд.
Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон ва дигарон фаъолият мекарданд. Чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намудаанд. Мирзоев Зайналобуддин солҳои 1993-2002 мудири кафедра буд. Баъд аз он муаллими калони кафедра, марҳум Шарипов Амрохон, аз соли 2002 – 2006 дар кафедра ҳамчун мудир кор кардааст. Собирова Уғулбӣ аз 2006-2009 мудири кафедра фаъолият дошт ва баҳри тайёр намудани ҳайати кадрӣ дар факултет кӯшиш ба харҷ додааст. Аз моҳи апрел то майи 2013 вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Шарифхоҷаева Саодат ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014 вазифаи мудириро муаллими калон Муродов Баҳриддин иҷро намуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 то сентябри соли 2015, номзади илмҳои филологӣ Садирова Бибиниссо роҳбарии кафедраро ба ӯҳда дошт. Аз октябри соли 2015 то моҳи декабри соли 2016 муаллими калон Табаров Шерафган Назирмадович роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз декабри соли 2016 то августи соли 2017 роҳбарии кафедраро муаллими калон Акобирова Сабагул ба ӯҳда гирифт. Аз сентиябри соли 2017 то моҳи апрели соли 2018 мудири кафедраи забони англисӣ номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич ба уҳда дошт, аз моҳи апрели соли 2018 то 2021 мудирии кафедраи забони англисӣ номзади илмҳои филологӣ Ҷурақулов Бозоралӣ Раҳмоналиевич ба ӯҳда дошта аз моҳи январи соли 2018 тибқи фармоиши ректори донишгоҳ кафедраи забони англисӣ бо кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ мутаҳид гардида ба таври зайл кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он номгузори гардид. Дар соли 2019 тибқи фармоиши ректори донишгоҳ кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он ду тақсим шуда чунин ном “Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ” гирифт. Аз 02.09.2021 то 07.09.2023 мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ номзади илмҳои филологӣ Муродов Баҳриддин Раҳмонович ба ӯҳда дошт. Аз 07.09.2023 то 30.08.2025 мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич ба уҳда дошт. Аз сентябри соли 2025 то ҳол мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Давлатзода Файзиддин Ҷамил фаъолият дорад.


Муродзода Баҳриддин Раҳмон
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Саидова Нилуфар Абдуллмаҷидовна
номзади илмҳои филологӣ, дотсент 
Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна
муаллими калон
Назирмадзода Нурмуҳаммад Назирмад
муаллими калон

Сайдалиева Фотима Обидовна
муаллими калон
Сайдалиева Зуҳро Обидовна
ассистент

Фатозода Аминҷон Тоҳирҷон
муаллими калон

Шарипова Зарина Абдуллоевна
муаллими калон
Муқимов Одина Махсумович
ассистент

Пулодова Шарофат
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ маҳфили илмии “Modern linguist” фаъолият менамояд. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли гурӯҳҳои таълимӣ ва инчунин магистрантон аъзо мебошанд, ки шумораи аъзои маҳфили илмӣ ба 25 нафар расидааст. Роҳбарии маҳфили илмиро омӯзгори ҷавони кафедра Бобоев А.З. ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил донишҷуён аз рӯи мавзуҳои тасдиқгардидаи Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ маърӯза намуда, дар назди донишҷуён баромад менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо дар маҳфили илми омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки дар мавзуҳои мушкилоти ҷойдошта дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳсҳоро дар миён гузоранд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 7-ум
Телефони корӣ: 985479147
E-mail: bahriddinm@list.ru