, Панҷшанбе, 30-октябр

Шарифзода Одинамо Пирназар

Шарифзода Одинамо Пирназар

Муовини ректор оид ба тарбия

ШАРИФЗОДА Одинамо Пирназар (тав.14.01.1980, ш.Кӯлоби вил. Хатлон, аз хонадони хизматчӣ), номзади илмҳои педагогика (2012), дотсент (2023). Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2002). Таҳсил дар мактаби миёнаи №5 шаҳри Кӯлоб (1987-1997), донишҷӯ (1997-2002), ассистент, муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ (2004-2011), муовини декани факултети филологияи рус оид ба тарбия (2011-2012), мудири кафедраи забони ҳозираи рус (2012-2015), сардори шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот (2015-2017), декани факултети филологияи рус (2017-2019, 2020-2025). Аз моҳи июли соли 2025 муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзуи «Тайёр намудани муаллимони оянда барои тарбияи эстетикии хонандагон дар раванди таълим ва корҳои беруназсинфӣ» (2012, Қӯрғонтеппа) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Тадқиқоти илмии ӯ дар омода намудани омӯзгорони оянда аҳамияти илмиву амалӣ дошта, дар мактабҳои олии омӯзгорӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Муаллифи як монография, 2 дастури методӣ, 3 васоити таълимӣ ва 47 мақолаи илмӣ. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012) қадр карда шудааст.


Роҳбарият

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО

Лутфан барномаи моро насб намоед!