, Шанбе, 21-декабр

ФАКУЛТЕТҲО» Иқтисод ва идора



лого

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети Иқтисод ва идора як ҷузъи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои иқтисодии кишвар ҳиссаи арзанда дорад.

Факултети иқтисод ва идора 6-уми апрели соли 2014 бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти №57 таъсис дода шуда, яке аз факултаҳои калонтарини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Дар факултет айни замон 64 - нафар омӯзгорон ва кормандони техникӣ, аз ҷумла профессорон, докторони илм, дотсентон, номзадони илм, муаллимони калон ва ассистентон кору фаъолият мекунанд. Аз онҳо: 1- нафар доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор (ҳамкори беруна), 7- нафар н.и.и., дотсент, 3- нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 14- нафар муаллими калон 35 - нафар ассистент, 1- нафар мудири кабинет, 1- нафар лаборанти калон ва 1 – нафар коргузори факулта.

Шумораи умуми донишҷӯён дар факултет – 728 нафар буда, аз ин миқдор:

- 540 нафар донишҷӯ дар таълими рӯзона;
- 169 нафар донишҷӯ дар таълими фосилавӣ;                 
- 6 нафар дар зинаи магистратура;
- 15 нафар дар зинаи докторантураи PhD таҳсил намуда истодаанд.

Дар факултет синфхонаҳои муҷаҳаз бо технологияҳои инноватсионии муосир мавҷуд аст, аз ҷумла 4 - адад синфхонаи бо тахтаи электронӣ ва проектор ҷиҳозонидашуда, 1 – синфхонаи компютерӣ бо –20 адад компютер ва синфхонаҳои фаннӣ. Омӯзгорони факулта машғулиятҳои назариявӣ ва амалии худро бо истифода аз технологияҳои муосир ва воситаҳои аёнӣ дар ин синфхонаҳо ба роҳ монда, бо истифода аз шабакаи интернет маълумотҳои заруриро вобаста ба фанҳои таълимӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъолгардонии таълим ба донишҷӯён пешниҳод менамоянд. Инчунин дар кафедраҳои факулта адабиётҳои илмӣ, дастурҳои илмӣ – методӣ, дастур ва воситаҳои таълимӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва дигар маводҳои илмӣ мавҷуданд, ки омӯзгорон аз онҳо барои таҳияи бонки лексияҳо, таълифи мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмӣ ва донишҷӯён барои омода намудани КМД ва КМРО истифода менамоянд.

Дар самти таълиму тарбия ва илм факултаи иқтисод ва идора робитаҳои судманди илмӣ ва робитаро бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба роҳ монда, бо мақсади рушди касбӣ ва донишу малакаи донишҷӯён ҳамкориҳои муфидро бо шӯъбаҳои иқтисодии муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ месозад.

     ФАКУЛТЕТ АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН МУТАХАССИС ТАЙЁР МЕКУНАД:

Факултет аз рӯи се зинаи таҳсилот: бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD мутахассисони баландихтисосро вобаста ба талаботҳои бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:

  1. 1-26-02-02-06 Менеҷменти иҷтимоӣ;
  2. 1-26-02-02-08 Менеҷменти инноватсионӣ;
  3. 1-26-02-03 Маркетинг;
  4. 1-25-01-01-01 Идораи мақомоти маҳаллӣ
  5. 1-25-01-07 Иқтисодиёт ва идора дар корхона;
  6. 1-020402 География;
  7. 1-3102010203 Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат;
  8. 1-890101 Сайёҳат ва меҳмондорӣ;
  9. 1-020405-03 География ва иқтисодиёт.
  10. 6D 050600 – Иқисодиёт;
  11. 6D 051100 – Маркетинг;

Дар факултет айни замон се кафедра: кафедраи менеҷмент ва маркетинг (мудир н.и.п., дотсент Сафарзода М.В), кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ (мудир Ҳакимов А.С.) ва кафедраи география ва сайёҳӣ (мудир н.и.г., дотсент Гадоев Ш.Д.) амал мекунад.


ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети иқтисодӣ бо ташаббус ва талошҳои дурбинонаи омӯзгорони соҳибэҳтиром доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.С., доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазлиддинов С., номзадҳои илми иқтисодӣ Шарифов Ф.Н., Конькова А.А., Қурбоналиев Б.Қ ва инчунин Абдураҳмонов У., Ҷалилов С., Латипов М., Бобоев Ф., Салимов Ш., Бобохуҷаев С., Ғуломнабиев К., Ивазов А., ки аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ чалб шуда буданд, моҳи августи соли 1992 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндагӣ ва душвории кор дар шароити Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зикр гардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва эҳёи як мактаби нави иқтисодчиён дар шаҳри Кӯлоб саҳм гузоранд.

Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш кафедраи назарияи иктисодӣ, ки он вақт 8-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 4-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Соли 1994 дар факултет 2- кафедраи тахассусӣ кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи банақшагирӣ ва ояндабинӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ташкил гардид. Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи тағйироти номенклатурии тайёр намудани мутахассисон дар соли 1998 кафедраҳои факултет ба кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (мудири кафедра дотсент Ҷураев О.) ва кафедраи  Идоракунӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С.) табдил дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон сол кафедраи Идоракунӣ шӯъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки муттахассисонро барои таълими фанни география дар мактабҳои миёна ба тайёр кардан оғоз намуд. Аввалин маротиба соли 2003 18-нафар донишҷӯён ин шӯъбаро бо ихтисоси муаллими география хатм намуданд.

Факултети иқтисод ва идора дар заминаи факултаи иқтисодӣ таъсис дода шуда, чун воҳиди мустақил фаъолияти худро аз моҳи августи соли 1992 оғоз намудааст. Асоси факултаро кафедраи назарияи иқтисодӣ ташкил медод, ки он замон аз ҳайати 8 нафар профессорону омӯзгорон иборат буд.

Аз 6.04. 2014, таҳти рақами № 57 бо фармони ректори донишгоҳ факултети мазкур ба ду факултети алоҳида Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ ҷудо карда шуд.

Аз 16.01.2018, таҳти рақами № 13 бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ факултетҳои Иқтисод ва идора ва Молиявию иқтисодӣ муттаҳид гардида, факултети Молиявию иқтисодӣ номгузорӣ карда шуд.

Аз 21.09.2019, таҳти рақами № 146   бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори донишгоҳ ба сохтори факултети Молиявию иқтисодӣ тағйирот ворид карда шуда, факултети Молиявию иқтисодӣ ба факултетҳои «Иқтисод ва идора» ва «Молиявию иқтисодӣ» ҷудо ва номгузорӣ карда шуд.

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихи факултет омӯзгорони зерин ба ҳайси декани факултет кору фаъолият намудаанд:

  1. Шарипов З.С. – солҳои 1992 -1998;
  2. Қурбоналиев Б.Ҳ. – солҳои 1998 – 2003;
  3. Конькова А.А. - солҳои 2003 – 2006;
  4. Расулов Н.С.- солҳои 2006 – 2009, 2011 - 2013;
  5. Юнусов С.С. - солҳои 2009 – 2010;
  6. Назаров П.С. - солҳои 2010 – 2011;
  7. Куганов Н.К - солҳои 2013 – 2014;
  8. Ҳакимов А. С.- солҳои 2014 – 2015;
  9. Сафаров М.В. - солҳои 2015 – 2016;
  10. Фархидинов Ю. - солҳои 2016 – 2017;
  11. Расулова Л.Н. - солҳои 2017 – 2018;
  12. Мирсаидов М.Н. - солҳои 2017 – 2018 (таҷдиди факултет бо   факултети молиявию иқтисодӣ);
  13. Каҷкулоев А.Ф. - солҳои 2018 – 2019;
  14. Шарипова Ф.Д. – сентябри соли 2019-2020;
  15. Расулова Л.Н. – июли 2020 то инҷониб.

Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ аз 01.07.2022 ба сохтори факултет тағйирот ворид гардида, кафедраи географияи сайёҳӣ ба сохтори факултет ворид гардид.

Аз соли 1992 инҷониб факултетро шахсиятҳои донишманд, маъруф ва коршиносоне хатм намудаанд, ки айни ҳол дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намуда истодаанд:

● Ҳақназарова Зулайхо – собиқ раиси кумитаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон;

● Абдулқайси Сайҷаббор – сардори шӯъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон;

● Саймухтори Тоҳирхон – сардори шӯъбаи хизматрасонии кортҳои пластикии БДА №56 Амонатбонки шаҳри Кӯлоб;

● Шарипов Бедил Бахтиёрович – муовини директори муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ш.Кӯлоб;

● Рабиев Зоҳир – директори Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ш.Кӯлоб;

● Акрамова Сайёра – сардори РАСИН-и н.Балҷувон;

● Розиқова Рухшона – директори РТ ГБОУ ба номи Ушинский К.Д.

● Хушвахтзода Сиёвуш – сардори шӯъбаи кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҷумҳурӣ.

● Одиназода Комрон Аброр – н.и.и., дотсенти Донишгоҳи байналмиллалии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва ғайраҳо.


СОХТОРИ ФАКУЛТЕТ

сохтор


САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ

Расулова Л



 РАСУЛОВА ЛУТФИЯ НУРАЛИЕВНА

 декани факултет
  






Мирзоев Т

 МИРЗОЕВ ТОҲИРҶОН ЗАЙНИДДИНОВИЧ 
 ҷонишини декан оид ба таълим

 

 

 

 

 

AbdulovD

  АБДУЛОВ ДИЛШОД НАЗАРОВИЧ
  муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитањои байналмиллалӣ







SafarovA

САФАРОВ АҲЛИДДИН САЙВАЛИЕВИЧ 
 ҷонишини декан оид ба тарбия 
                              
                  

 

  Ибодова М

 ИБОДОВА МАВЗУНА НАҶБУДИНОВНА
 танзимгар  

 

 

 

 



ШУРОИ ОЛИМОН
ҲАЙАТИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ

НОМУ НАСАБ

ВАЗИФА

1.

Расулова Лутфия Нарулиевна

Раиси Шурои олимон, н.и.и., декани факултет

2.

Ибодова Мавзуна Наҷбудиновна

Котиб, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ

3.

Мирзоев Тоҳирҷон Зайниддинович

Ҷонишини декан оид ба таълим

4.

Гулов Рустам Ботурхонович

Ҷонишини декан оид ба тарбия

5.

Сафарзода Мунир Ватан

Мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг

6.

Гадоев Шералӣ Давлатович

Мудири кафедраи география ва сайёҳӣ

7.

Ҳакимов Абдуразоқ Саидиброҳимович

Мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

8.

Баротов Ҷумахон

Дотсенти кафедраи география ва сайёҳӣ

9.

Шарипова Файзигул Давлатмадовна

Дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг

10. 

Каҷкулоев Абдухолиқ Фатҳуллоевич

Дотсенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

11. 

Содиқов Зафаршо Сайҷаъфарович

Дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг

12. 

Иброҳимова Рухшона

Муаллими калони кафедраи география ва сайёҳӣ

13. 

Нуралиева Миҷгона Давлаталиевна

Роҳбари бахши таҷрибаомӯзии факултет

14. 

Назаров Муродалӣ Солеҳович

Раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён

15. 

Доутова Адиба Раҷабалиевна

Раиси Шурои занони факултет


ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ

1
Сипосномаи МИҲД вилояти Хатлон ба Гадоев Шералӣ барои омода намудани донишҷӯён дар озмуни "Илм-фуруғи маърифат"






2
Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ ба Гадоев Шералӣ ҷиҳати иштирок ва ғолибият дар даври вилоятии озмуни "Илм-фуруғи маърифат"






3
 Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба Расулова Лутфия бахшида ба Рӯзи Модар







4
Сипосномаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ ба Баротов Ҷумахон Қосимович ҷиҳати иштирок ва ғолибият дар даври вилоятии озмуни "Илм-фуруғи маърифат"






5
Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикитон ба Гадоев Шералӣ барои иштироки фаъолона дар озмуни "Илм-фуруғи маърифат"






6
Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикитон ба Мадасани Азизмад барои иштироки фаъолона дар озмуни "Илм-фуруғи маърифат"






7
Ба Сафарова Муборак Бобохоновна саромӯзгори кафедраи Менеҷмент ва маркетинг барои иштирок дар озмуни умумидонишгоҳии  «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ» 




 

8

Ба Сафарова Муборак Бобохоновна саромӯзгори кафедраи Менеҷмент ва маркетинг барои ишғоли ҷои якум дар озмуни «Бонуи донишгоҳ - 2017» бахшида ба «Рӯзи модарон».

  

 

9

Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба н.и.и.,Расулова Лутфия Нуралиевна барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати дастгирии ҷавонон

 




10
Диплом ба Сафарова Муборак Бобохоновна, мудири кафедраи Менеҷмент ва маркетинг барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Илм ва инноватсия – консепсияҳои муосир». Москва. Федератсия Россия, 2019.

 

 



11

Сертификат ба Сафарова Муборак Бобохоновна, мудири кафедраи Менеҷмент ва маркетинг барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии «Тағйири падидаи «фирори мағзҳо» ба «гардиши ақлҳо» дар Осиёи Марказӣ». Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019.

 

 

 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3
Телефони корӣ: (+992) 987 22 11 88
E-mail:  r.lutfiya@mail.ru


Ба рӯйхат