, Шанбе, 21-декабр

Ба муаллифон


МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» мақолаҳои илмие, ки натиҷаи таҳқиқоти соҳаи илмҳои таърих ва бостоншиносӣ, филологӣ ва педагогиро фаро мегиранд, нашр карда мешаванд.

 Талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ:

  1. Таҳияи мақола бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ, ҳаҷми ҳарфҳо 12, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,0 сатр ва формати А4, бо рӯйхати адабиёту аннотатсияҳо на камтар аз 7 саҳифа ва на беш аз 14 саҳифа;
  2. Индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
  3. Номи мақола бо ҳарфҳои калон;
  4. Ном ва насаб дар шакли ихтисор ном ва номи падари муаллиф (он) (намуна: Сатторзода Н.С.);
  5. Номи муассисае, ки дар он муаллиф (он)-и мақола кору фаъолият менамоя (н)д;
  6. Матни асосии мақола на камтар аз 5 саҳифа (схема, расм ва ҷадвал дар матни асосии мақола ворид намешаванд);
  7. Рақамгузории нақша, схема ва диаграммаву расмҳо ва тарҷумаи номи шарҳдиҳандаи онҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
  8. Рӯйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 15 номгӯй адабиёти илмӣ. Адабиёт ба тартиби алифбо оварда мешавад. Ба нашри мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки ба сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад бештар такя кардаанд. Номгӯи адабиёти ба муаллиф тааллуқдошта набояд беш аз 25%-и рӯйхати адабиёти мақоларо ташкил диҳад.
  9. Намунаи таҳияи адабиёт: нишон додани манбаи иқтибос дар матн ба таври зер: [3, с. 24], [3, с. 24; 7, с. 53], ки ин ҷо рақами аввал манбаи истифодашуда ва рақами дувум саҳифаи адабиёти истифодагардида мебошад;
  10. Рӯйхати адабиёти истифодашуда ба забони аслии китобӣ;
  11. Тарҷумаи номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр (аз 150 то 200 калима) ва калидвожаҳо аз 7 то 10 номгӯ;
  12. Маълумот дар бораи муаллиф (он) бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ). Маълумот дар барои муаллиф ба тартиби зайл оварда мешавад: насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад), вазифа ва ҷои кор, телефон ва почтаи электронӣ;
  13. Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад;
  14. Мақолаи аспирант докторанти PhD унвонҷӯ танҳо бо тавсияи роҳбари илмӣ, мушовири илмӣ ва ё мудири кафедра қабул карда мешавад;
  15. Мақолаи магистрант танҳо бо ҳаммуаллифӣ бо номзад ва доктори илм қабул карда мешавад;
  16. Мақолаи ба маҷалла воридшуда аз ҷониби ҳайати таҳририя дар муддати 10 рӯз баррасӣ мегардад.

Мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд тақризи мусбии мутахассиси соҳаи дахлдорро дошта бошанд.

Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки матни мақоларо таҳрир ва кӯтоҳ намояд.

Мақолаҳое, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нестанд, аз ҷониби ҳайати таҳририя барои нашр тавсия намегарданд.

Илм ва инноватсия

ОХИРИН ХАБАРҲО