,
Шанбе, 22-Феврал
ФАЪОЛИЯТИ МАГИСТРАТУРА
Зинаи магистратура дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 2012 таъсис дода шудааст. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯйи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.
Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯйи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ӯ рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд. Мӯҳлати таҳсил дар зинаи магистратура (тибқи низоми кредитӣ) 2 сол мебошад.
Қабул ба зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин роҳандозӣ шудааст:
№ |
Рамзи ихтисос |
Номгӯйи ихтисос |
1. |
1-02 05 01 |
Математика |
2. |
1-250104-02 |
Кори бонкӣ |
3. |
1-02 04 02 |
География |
4. |
1-02 05 05 |
Информатика |
5. |
1-02 03 01 |
Забон ва адабиёти тоҷик |
6. |
1-02 03 02 |
Забон ва адабиёти рус |
7. |
1-02 03 06 |
Забони хориҷӣ (англисӣ) |
8. |
1-02 01 01 |
Таърих |
9. |
1-02 01 02 |
Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ) |
10. |
1-02 06 02 |
Технология (аз рӯи самтҳо). Ихтисоси иловагӣ |
11. |
1-01 02 01 |
Таҳсилоти ибтидоӣ |
12. |
1-01 02 02 |
Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ |
13. |
1-230104 |
Психология |
14. |
1-25 01 07 |
Иқтисодиёт ва идора дар корхона |
15. |
1-23 01 01 |
Муносибатҳои байналмилалӣ |
16. |
1-03 02 01 |
Тарбияи ҷисмонӣ |
17. |
1-23 03 08 |
Рӯзноманигорӣ |
18. |
1-310201-02 03 |
Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат |
19. |
1-310303-02 |
Математикаи амалӣ |
20. |
1-26020206 |
Менеҷменти иҷтимоӣ |
21. |
1-020501 |
Физика |
22. |
1-020406 |
Химия |
23. |
1-26020206 |
Биология |
24. |
1-25010803 |
Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ |
25. |
1-260203 |
Маркетинг |
26. |
1-210201 |
Фалсафа |
27. |
1-260102 |
Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ |
28. |
1-230106-0103 |
Сиёсат ва идораи давлатӣ |
Барои қабул ба магистратура довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
ОХИРИН ХАБАРҲО