, Чоршанбе, 11-декабр

Кудакистони Ситора


sadik

Муассисаи таълимии томактабии «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи даргоҳест, ки фаъолияташ ба самти тарбиияи кӯдакон нигаронида шуда, баҳри таълиму истироҳати хуби кӯдакон шароитҳои лозимаро дорост. Кӯдакистони мазкур бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло таъсис дода шуда, санаи 04.09.2018 мавриди истифода қарор гирифт. Кӯдакистони “СИТОРА” ҳозиразамон сохта шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Кӯдакистон асосан барои фарзандони устодону омӯзгорони Донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавӣ дар назди донишгоҳ фаъолият мекунад, ки донишҷӯёни факулати омӯзгорӣ шуъбаи таҳсилоти томактабӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд. Айни замон дар муассиса 120 нафар кӯдакон дар чор гурӯх, се гурӯҳ ба забони тоҷикӣ ва як гурӯҳ бо забони русӣ таълиму тарбия мегиранд. Кӯдакон дар қатори омӯхтани забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисиро низ меомӯзанд. Дар кӯдакистон кӯдакон аз сини 2-сола то сини 6-7 сола, тайёрӣ ба мактаб таълиму тарбия мегиранд, ки чор гурӯҳро ташкил мекунад. Гурӯҳи якуми хурдсолон (2 сола то 3 сола), гурӯҳи дуюми хурдсолон (3 сола то 4 сола), гурӯҳи калон (5 сола то 6 сола), гурӯҳи омодагӣ ба мактаб (6 сола то 7 сола).

Айни замон дар муассиса 120 нафар кӯдакон таълиму тарбия гирифта истода, гурӯҳи панҷумро мутаххасисони кӯдакистон омода намудаистоданд. Талаботи ба кӯдакистон аз тарафи ӯстодону омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон хеле зиёд аст ва масъулини кӯдакистон мақсад доранд, ки шумораи кӯдаконро дар кӯтоҳтарини вақт ба 150 нафар расонанд. Масъулини кӯдакистон барои тарбия ва таълимро хуб ба роҳ мондан мутахассисони соҳавиро аз вилояти Суғд, аз шаҳри Душанбе ва аз кӯдакистонҳои шаҳри Кӯлоб ба кор ҷалб намуданд.

Дар кӯдакистон 20 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла панҷ нафар мураббӣ, панҷ нафар ёрдамчии мураббӣ, як нафар омӯзгорӣ забони русӣ, як нафар омӯзгорӣ забони англисӣ, як нафар роҳбари мусиқӣ, як нафар ҳамшираи тиб, муҳосиб ва мудири хоҷагӣ фаъолият менамоянд. Мураббияҳо ва ёрдамчии мураббияҳо тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд, ки ҳоло фаъолият намуда истодаанд.

Кӯдакистони “СИТОРА”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.07.2018 тибқи № 2735 ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи таҳсилоти таълиму тарбияи томактабӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол, дар асоси Низомнома ва Оиннома фаъолият намуда истодааст.

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО