, Ҷумъа, 17-апрел

ФАКУЛТЕТҲО» Химия ва биология



МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети химия ва биология 6-уми апрели соли 1993 кори худро бо кафедраҳои азнавташкилшуда ва ихтисосу гурӯҳҳои таълимии ба тобеияташон воридгардида оғоз намуд.

Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касби ва нақшаҳои таълими дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредити ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриат, магистратура ва докторантура) чараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касби оид ба ихтисосҳои марбути факултет соли 2011 ва нақшаҳои нави таълими соли 2014 аз чониби Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудаки ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин: химия-биология, химия-экология, биология-экология, биотехнология дар таълими рӯзона ва низоми таҳсилоти фосилавӣ мутахасисон омода карда мешавад.

 1.Химия-биология - лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба ин ихтисос дар факултет дар таълими рӯзона ва ғоибона тариқи буҷавӣ-220, тариқи шартномавӣ -180 нафар донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки дар оянда метавонанд мутахасиси соҳаи омӯзгори ва соҳаи тиб гарданд.
 2. Химия-экология-яке аз ихтисосҳое ба ҳисоб меравад, ки дар ҷомеаи имрӯза барои нигоҳдории муҳити экологӣ ва бедор намудани ҳисси ватандустии хонандагон ба муҳити экологи нақши хеле муҳимро мебозад. Вобаста ба ин дар факултет аз рӯи ихтисоси дар боло зикргардида зиёда аз 160-нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таълим фаро гирифта шудааст.
3. Биология-экология-яке аз ихтисосҳое ба ҳисоб меравад, ки дар факултет аз руи ин ихтисос 234-нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таълим фаро гирифта шуда дар оянда метавонанд омӯзгори соҳаи химия ва экология гардад.
4. Биотехнология-ихтисосе ба ҳисоб меравад, ки дар ҷомеаи имрӯза барои омода таҳлил намудани ҳама гунна маҳсулотҳои хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли матоъ, маҳсулотҳои доруворӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Дар риштаи ин ихтисос мо метавонем, ки дар оянда мутахасисони соҳаи технологиро омода намоем. Айни ҳол дар факултет дар ин ихтисос 80-нафар донишҷӯён дар таълими рӯзона тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Ихтисосҳои факултет ихтисосҳои замонавӣ буда, вобаста ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ дар соли 2010 дар заминаи собиқ факултети химия-биология ва география ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредити ва дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

 1. Кафедраи химия ва методикаи таълими он

Кафедраи химия ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои тахассусии кафедра дарс мегӯянд. Дар кафедраи химия ва методикаи таълими он дар соли 2022-2023 дар маҷмӯъ 18-нафар омӯзгорону кормандон, ки аз ин миқдор 1-нафар ба ҳайси ҳамкори беруна мебошад.

2. Кафедраи биология ва методикаи таълими он

Кафедраи биология ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои тахассусии кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 31 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 3 нафар доктори илм, профессор, (1 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори дохила, 2 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна), 3 нафар номзадони илм, дотсент, 6 нафар муаллими калон ҳамкори доимӣ ва 21 нафар ассистентон мебошанд.


ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети химия ва биология соли 1993 дар заминаи факултети тиб таъсис дода шуд. Дар соли аввали фаъолияти худ, факултет ихтисосҳои биология ва химияи биологиро таъсис дод. Бо ифтихор бояд қайд кард, ки дар тӯли 31 сол факултети химия ва биология зиёда аз 5000 мутахассис тайёр кардааст.

Аксарияти онҳо фаъолияти худро дар институтҳои тадқиқотӣ, донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ, марказҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ анҷом дода, саҳми назаррас дар рушди илми биология гузоштаанд. Барои тасдиқи ин, мехоҳам хатмкунандагони факултетро, ба монанди доктори илмҳои биологӣ, директори Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоев М.Т., директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский, номзади илмҳои биологӣ Ҳакимзода Ф.Р. (2016-2024), директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский, номзади илмҳои биологӣ Қадамзода Д.А. (аз соли 2024 то имрӯз), директори парваришгоҳи Хуталон, номзади илмҳои биологӣ, Амиров З.Г.

Дар ҳайати факултет декан, дотсент Ҷӯразода Ш.Ҷ., муовини декан оид ба таълим Бобозода Б., муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона Имомов З.Р., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ташрифӣ Ш.О., диспетчери факултет Давронова М., раиси иттифоқи касабаи факултет,  Азизхуҷазода С.А., раиси шӯрои занон Шарипова Б.Н.

9 феврали соли 2012 факултети химия ва биология бо факултети география муттаҳид карда шуда, минбаъд номи факултети химия, биология ва географияро гирифт. Дар ин давра дар факултет се кафедра химия, биология ва географияи сайёҳӣ фаъолият менамуд. Аз соли 2022 дар баробари ба факултети иқтисод ва идора ҳамроҳ намудани кафедраи географияи сайёҳӣ то ба имрӯз факултети химия, биология ва география аз нав мустақилона бо номи аввалаи худ, яъне химия ва биология фаъолият намуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ки таъсиси итисосҳои гуногун аз ҷумла, химия-биология, химия-экология, биология-экология, биология (биотехнология) дар факултет давра ба давра амалӣ гардиданд, ки айни замон вобаста ба ин ихтисосҳо мутахассисони касбӣ омода гардида истодаанд. Сарварии факултетро дар давраҳои гуногуни фаъолияти он, шахсиятҳои шинохта ва олимони варзида ба уҳда доштанд: саромӯзгор Ҳафизов С., (солҳои 1993-1996), д.и п., профессор Мирзоев С.С. (солҳои 1996-2005, 2007-2009), н.и.х., дотсент Холиқов С.С. (солҳои 2005-2007), муаллими калон Худоёров Қ (соли 2009), н.и.п, Қиматов Р. (солҳои 2009-2012), н.и.п., Сайдаҳмадова Д.Л., (солҳои 2012-2015), муаллими калон Қуллаев Ш.Ҷ, (солҳои 2015-2016), саромӯзгор Бобоев С. (солҳои 2016-2017) муаллими калон Бобоев Б.Ҷ. (солҳои 2017-2019) н.и.б.дотсент Исуфзода Д.С.(солҳои 2019-2025) аз моҳи июни соли 2025то инчониб номзади илмҳои биология, дотсент Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура ба уҳда дорад.

Ҳоло дар ду кафедраҳои факултет 45 нафар устодон, аз ҷумла: 4 нафар докторони илм, профессор ва 8 нафар номзадҳои илм, дотсент ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.

Аз соли аввали таъсисёбии факултет то соли 2022 донишҷӯён дар назди 3 кафедра ва холо бошад 2 кафедраи он (химия ва методикаи таълими он, биология ва методикаи таълими он) дар шуъбаҳои рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Хамкории факултет барои тайёр намудани мутахассисон дар назди кафедраҳои амалкунанда, ба давлатҳои Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Белорусия ва дар дохил бошад ба АМИТ, АИКТ, ҳамаи Институтҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо ва ғ. пойгоҳҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимии тобистона аз фанҳои ботаника ва зоология «Истиқлол» (воқеъ дар ноҳияи Муъминобод) ва «Маркази илмии Хатлон» (воқеъ дар шаҳри Кӯлоб) ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти донишҷуён дар дастаҳои ҳунарӣ ва озмунҳои умумидонишгоҳӣ, ки бахшида ба ҷашнҳо барпо карда мешаванд, хуб ҳунарнамоӣ намуда, чун гурӯҳи беҳтарин дар ҳайати Донишгоҳ дониста шудаанд. Шурои олимони факултет, ки ҳайати он ҳар сол аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти факултет нақши ҳалкунанда дорад.

Аз солҳои аввали ташкилёбии факултет яке аз самтҳои муҳими фаъолияти он – гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ба шумор меравад. Устодони факултет дар баробари иҷро намудани корҳои таълиму тарбиявӣ, ҳамчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ хеле ҷиддӣ машғуланд. Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси илмию омӯзгорӣ мавриди диққати роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет қарор доранд. Феълан дар факултет бо иштироки устодон ва ҷалби бевоситаи докторантон, аспирантон, коромӯзон ва донишҷӯён таҳқиқотҳои хеле мураккаби илмӣ аз рӯи 2 самт ба роҳ монда шудааст.

ҶИД-и факултет дар худ маҳфилҳои донишҷӯёнро муттаҳид менамояд. Сарварии маҳфили илмии донишҷӯёни факултетро ба сифати устод-сарвар дар солҳои охир, муаллими калон Ташрифи Ш. ба ӯҳда дорад.

Дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифт» дар факултети химия ва биология ба 6 адад озмоишгоҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки барои сайқал додани дониши омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон, докторантон  мусоидат менамояд.


САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ

JurazodaSh

 

  ҶУРАЗОДА ШОҲМУРОД ҶУРА
  декан, номзади илмҳои биологӣ
  E-mail:kullaev_79sh@mail.ru 








BobozodaB

 БОБОЗОДА БАХТОВАР
 ҷонишини декан оид ба таълим

                     







Имомов З
  ИМОМОВ ЗАФАР РАҶАБАЛИЕВИЧ
  ҷонишини декан оид ба низоми таҳсилоти фосилавӣ
  E-mail: zafarjon.m89@mail.ru







TashrifiSh

 ТАШРИФИ ШАРИФИ ОДИНАЗОДА 
 ҷонишини декан оид ба тарбия

                   

 

 



Давронова М
   ДАВРОНОВА МУТРИБА
   коргузор
    

 

 

 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-64
E-mail:  khimiya.biologiya@kgu.tj


Ба рӯйхат