,
Чоршанбе, 29-октябр
КАМОЛОВ Шодмонҷон Валихонович (тав. 06.09.1991, н. Восеъ, вил. Хатлон, аз оилаи зиёӣ), доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ (2023), дотсент (2024). Хатмкардаи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус (2012), муносибатҳои байналмилалии (2018) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Таҳсил дар мактаби миёнаи №16 н. Восеъ (1997-2008), донишҷӯ (2008-2012), магистрант (2016-2018), ассистенти кафедраи фалсафа (2017-2020), муаллими калон (2020-2024), мутахассис, мутахассиси пешбари раёсати таълим (2018-2021), сармутахассиси раёсати таълим (2021-2023), муовини сардори раёсати таълим (2023-2025). Аз моҳи июли соли 2025 муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба тарбия. Дар мавзуи «Фалсафаи иттилоот ва ҷаҳонбинии муосири илмӣ» (2023, ш. Душанбе) рисолаи докторӣ (PhD) дифоъ намудааст. Корҳои илмӣ-таҳқиқотии ӯ бештар ба масъалаҳои фалсафаи иттилоот, манзараи илмии олам, идеяи таҳаввулотгароии глобалӣ, масъалаи таҳаввулоти ояндаи инсон, ҷаҳонбинии илмӣ бахшида шудаанд. Муаллифи як монография, як китоби дарсӣ, се дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ мебошад.
ОХИРИН ХАБАРҲО