,
Чоршанбе, 11-Феврал
Кафедраи биология ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои тахассусии кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 34 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 3 нафар доктори илм, профессор, (1 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори дохила, 2 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна), 6 нафар номзади илм, 4 нафар муаллими калон ҳамкори доимӣ ва 22 нафар ассистентон мебошанд.
Дар кафедра 16 нафар унвонҷӯ (Азизхуҷазода С.А., Шарифова Б.Н., Ҷалилова М.П., Раҳмонов Ҳ.Ш., Ташрифи Ш.О., Ҷурахонзода С.Ҷ., Нилуфари С., Ҳакимова А.С., Ҷумаева Ш.И., Зарифзода Ф., Файзализода З.Ф., Шаҳнозаи Ф., Талбакова Ш.Қ., Мадисоева Ш.Ҷ., Табаров Т.М., Азизова Н.Ҳ., ва 5 нафар докторанти (Phd)-и (Мирзозода С.М., Раҷабов А, Самариддини А., Мазарипова М., Малоҳати Р. ) ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 34 сол баробар аст. Ҳайати омӯзгорони кафедраи биология ва методикаи таълими он аз рӯи 2-равия, 2-проблема ва 12-мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро иҷро карда истодаанд.
Кафедраи биология ва методикаи таълими он аз 28-декабри соли 1991 бо номи кафедраи “Табиатшиносӣ” таъсис дода шуд. Мудири аввалини он муаллими калони кафедра Ҳафизов С.Б буданд.
Аз соли 1992 то соли 1995 номзади илмҳои биологӣ Мирзоев С.С вазифаи мудирии кафедраро бар ӯҳда доштанд.
Аз соли 1995 муаллими калони кафедра Ҳафизов С.Б ба вазифаи мудири кафедра таъйин карда шуд, ки худи ҳамон сол номи кафедраи «Табиатшиносӣ» бо номи кафедраи «биология» иваз карда шуд.
Аз соли 2007 доктори илмҳои педагогӣ Мирзоев С.С мудири кафедра интихоб гардид.
Аз соли 2012 то соли 2017 муаллими калони кафедра Досаков М.М мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2017 и.в мудири кафедра Намозов А таъйин гардид ва худи ҳамон сол аз 1-ноябри соли 2017 ба вазифаи мудирии кафедраи биология Исуфов Д.С интихоб гардида аз 16.01.2018 таҳти №13 кафедраи биология бо кафедраи химия муттаҳид гардида, кафедраи химия ва биология номгузорӣ карда шуд.
Аз соли 2020 мувофиқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 18-08-2020 таҳти № 168 кафедраи химия ва биология ба ду кафедра, кафедраи химия ва методикаи таълими он, кафедраи биология ва методикаи таълими он, ҷудо карда шуда вазифаи мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он-ро Қуллаев Ш.Ҷ, то соли 2021 ба уҳда дошт.
Аз соли 2021 то соли 2022 мудирии кафедраи биология ва методикаи таълими онро муаллими калон номзади илмҳои кишоварзӣ Ғиёсов Насимҷон Раҳматулозода ба уҳда дошт.
Аз соли 2022 мудирии кафедраи биология ва методикаи таълими онро номзади илмҳои педагогӣ Бобозода Бахтиёр Ҷангӣ ба ӯҳда доранд.

Бобозода Бахтиёр Ҷанги
номзади илмҳои педагогӣ., и.в. дотсент, мудири кафедра

Мирзоев Салим Сайдалиевич
доктори илмҳои педагогӣ

Мухторзода Мумин Мухтор
н.и.п.дотсенти кафедра

Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура
н.и.б. муаллими калон

Исуфов Дилшод Сафармадович
н.и.к. дотсенти кафедра

Ҳисайнов Далер Эмомович
н.и.б. муаллими калон

Намозов Амонулло Каримхонович
н.и.к. муаллими калон
E-mail: amonullo.2015@mail.ru

Раҳимов Маҳмадалӣ Насимович
муаллими калон

Азизхуҷазода Сино Азизхуҷа
муаллими калон

Ҷалилова Мушкинисо Подабоновна
муаллими калон

Раҳмонов Ҳабибулло Шарбаталиевич
ассистент

Мирзозода Сулаймон Мадислом
ассистент

Азизова Низора Ҳомидовна
ассистент

Зарифзода Фаришта Абдукарим
ассистент

Файзализода Зилқада Файзалиевна
ассистент

Табаров Тоҳир Мирзоевич
ассистент

Ҷурахонзода Саида
ассистент

Мадисоева Шифо Ҷурахоновна
ассистент

Шарифова Бунафша Назруллоевна
ассистент
Гулбаҳори Ҷонона
ассистент

Шаҳнозаи Фозил
ассистент
Малоҳати Раҷабалӣ
ассистент

Ашурова Дилноза
ассистент

Нилуфари Саидаҳрор
ассистент

Ҷумаева Шамсия Иброҳимовна
ассистент

Раҷабов Афзалшоҳ Мирзоевич
ассистент

Ташрифи Шарифи Одиназода
ассистент

Самариддини Абдулло
ассистент

Талбакова Шабнам Қурбоновна
ассистент

Ҳакимова Азиза Сафаровна
ассистент

Қурбонова Зулайхо
лабарант
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфилҳо “ Зистшинос” ва “Барги сабз” амал мекунанд. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад. Дар 1 соли охир бо ташаббуси кафедра 1 чорабинии илмӣ дар сатҳи факулта гузаронида шуд: таҳти унвони «Ҳифзи набототи шифобахш ва гуногунии биологӣ» ва 1 конференсия таҳти унвони “Тағйирёбии иқлим ва масоили экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва (солҳои 2020-2040) “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва гузаронида шуд. Дар соли таҳсили 2025-2026 кафедраи биология ва методикаи таълими он ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар дари озмуни вилоятии «Озмуни илм фуруғи маърифот» донишҷӯи курси панҷӯм ихтисоси биология-экология Қурбонализода Саймурдазои Комил иштироки фаъолона намуда, ҷои дуюмро ишғол намуд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошиёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992)
E-mail: