,
Сешанбе, 28-октябр

Кафедраи Тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Фаъолияти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он аз соли 1962 оғоз гардидааст. Аввалин маротиба мудириро дар кафедра - Мирзоалӣ Табаров, номзади илмҳои педагогӣ ба уҳда дошт.
Дар тули фаъолияти худ кафдера варзишгарони номии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ шодравон Саидмуъмин Раҳимов, Мирзоватан Ҳасаналиев, Ориф Ҷурахонов, Ҳабибулло Маҷидов ва ғайраро тарбия намудааст. Дар кафедра 19 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва 2 нафар лаборант кору фаъолият доранд. Устодони кафедра дар 10 факултаи донишгоҳ аз рӯи 49 ихтисос дарс мегузаранд. Кафедра мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ тайёр менамояд, ки онҳо оянда дар соҳаи маориф ва сохторҳои қудратӣ кор фаъолият хоҳанд кард.
Кафедраи Тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он аз соли 1962 ташкил шудааст. Аввалин маротиба мудириро дар кафедра - Мирзоалӣ Табаров, номзади илмҳои педагогӣ ба уҳда дошт. Дар тули фаъолияти худ, кафдера варзишгарони номии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ шодравон Саидмуъмин Раҳимов, Мирзоватан Ҳасаналиев, Ориф Ҷурахонов, Ҳабибулло Маҷидов ва ғайраро тарбия намудааст. Айни ҳол дар кафедра 19 омӯзгорон ва ду лаборант кор мекунанд. Фанҳои кафедра дар асоси стандарти давлатӣ ва нақшахои таълимӣ таълиму тадриз мешаванд.
Барои ҳар як фанни таълимӣ, барномаи таълимӣ ва нақшаҳо корӣ таҳия гардидаанд. Омӯзгорони кафедра дар даҳ факултет аз рӯи 16 ихтисос дарс мегӯянд. Аз ин 16 ихтисос дар факултаи тарбияи ҷисмонӣ мавҷуд мебошад ва як ихтисос умумидонишгоҳӣ мебошад. Дар ихтисосҳои ғайри ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ соатҳои тарбияи ҷисмонӣ ба се семестр ҷудо карда шуда, шаш кредитро ташкил мекунад.
Ҳайати омӯзгорони кафедра ба ғайр аз дарсдиҳӣ инчунин дар тайёр намудани варзишгарон ҳиссагузорӣ мекунанд. Дар тайёр кардани курсҳои такмилӣ саҳми устодони донишгоҳ ва бахши кор ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, Вилоят, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд мебошад.












Дар кафедра маҳфил ва сексияҳои зерин таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра: Мирзоев Ш-гуштини Дзю-до, Нурматов Ш-гуштини миллӣ, Қурбоналии С-гуштини Самбо, Каракулов А-Баскетбол, Худойдоди Ш-Волейболи бонувон, Шоимардонов Х-варзиши сабук, Зардов Ҷ-варзиши сабук, Азимов Р-волейболи писарон, Ғолибҷони Р-футболи хурд, Раҳматуллоев А-гуштини тарзи озод гузаронида мешаванд. Дар сексияҳои варзишии номбаршуда, донишҷӯён аз тамоми факултаҳои донишгоҳ аъзо мебошанд. Дар баробари маҳфилҳо дар кафедра семинарии илмӣ – назариявӣ зери роҳбарии Зардов Ҷумахон дар як моҳ як маротиба гузаронида мешавад дар семинар омӯзгорон аз рӯи мавзуҳои дар нақша тасдиқ шуда баромад мекунанд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №1, ошёнаи 1-ум, утоқи №1
Телефони корӣ: (+992) 988039216
E-mail: k-tarbiyai.jismoni@kgu.tj