, Душанбе, 27-октябр

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Таърих ва методикаи таълими таърих


Умуми

Дар бораи кафедра 

Кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих яке аз сохтори асосии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, ба донишҷӯёни ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба ин васила тайёр намудани онҳо ба касби омӯзгорӣ ёрии методии худро мерасонад. Дар кафедра аз рӯи 15 фанни таълимӣ таълимӣ ба донишҷӯён таълим дода мешаванд. Омӯзгорони кафедра тамоми чораҳоро андешида кӯшиш намуда истодаанд, ки мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бударо ба камол расонанд. 


Таърихи кафедра

Кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар заминаи кафедраи таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, 4 сентябри соли 2007 мутобиқи фармони № 95, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, н.и. таърих, дотсент Аъзамов Х. С. таъсис ёфтааст. Дар ибтидои таъсисёбӣ аъзоёни он 5 нафарро ташкил медоданд. Аз ҷумлаи нахустин устодон ва омӯзгорони кафедра н.и таърих, дотсент Юнусов С. С., муаллимони калон Ахмедов П, Шоинов Ҳ, Ҷабборов Ш, Сайдалиев Р, муаллим Суфиев С буданд.

Дар давраи фаъолияти кории кафедра устодони зерин ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият намудаанд:

  1. Ахмедов Партов, муаллими калон- сентябри соли 2007- ноябри соли 2008;
  2. Абдуллоев Маҳмуд Холович, н.и. таърих, дотсент- ноябри соли 2008 - феврали соли 2009; 
  3. Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевич, н.и. таърих, дотсент– феврали соли 2009 - марти соли 2009;
  4. Ахмедов Партов, муаллими калон– марти соли 2009 - апрели соли 2010;
  5. Сангов Абдусаттор, муаллими калон - апрели соли 2011- ноябри соли 2012;
  6. Сайдалиев Рустам, муаллими калон, аз ноябри соли 2012 то январи соли 2013
  7. Ҷабборов Шайдулло, муаллими калон– январи соли 2013 - сентябри соли 2013;
  8. Назаров Пиралӣ Сафарович, н.и. сиёсӣ, дотсент- 20 сентябри соли 2013 то майи соли 2016.
  9. Лоиқов Парвиз, н.и. педагогика, майи соли 2016- апрели соли 2017
  10. Боқиев Рузибек Усмонович, н.и. таърих, дотсент апрели соли 2017- декабри соли 2018
  11. Назарзода Пиралӣ Сафар, н.и. сиёсӣ, дотсент аз декабри соли 2018- то 2021
  12. Холмуродзода Меҳрафрӯз. н.и. таърих аз 10-уми сентябри соли 2021 то инҷониб

Ҳайати кафедра

 

Холмуродзода М

  Холмуродзода Меҳрафрӯз Бурӣ
  номзади илмҳои таърих, мудири кафедра






Носиров Х


 Носиров Хол Сафарович
 муаллими калон

 

 

 

Абдураҳмонова Г

  Абдураҳмонова Гулчеҳра Нуруллоевна
 
муаллими калон 

 





Сайдалиев Р
 Сайдалиев Рустам Абдуллоевич
 муаллими калон






Муминов Ф

   
 Муминов Фирдавсӣ Аҳмадович

 муаллими калон






Акрамова С
 Акрамова Саодат Исломхоновна 

 ассистент






Каримзода И  
  Каримзода Исроил Сафаралӣ
  ассистент







Лалбеков С
 Лалбеков Собирҷон Шодихонович

 ассистент







Саидзода Қ
 Саидзода Қувваталӣ Хуршед

 ассистент








Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар назди кафедра семинари назаривӣ ва илмию методӣ амал мекунад, ки роҳбарии онро н.и.сиёси. Назарзода Пиралӣ ва котибии онро ассистент Каримзода И. ба ӯҳда дорад. Ҳамзамон дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Бостоншиносӣ» амал менамояд. Роҳбарии маҳфилро бошад, ассистен Лалбеков С. ба ӯҳда дорад. Дар айни замон маҳфил 35 нафар аъзо дорад ва имрӯзҳо барои дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд нақши муассирро адо менамояд.

Аъзоёни маҳфил дар конференсияҳои илмӣ – амалии донишгоҳ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаи илми таърих фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. 


Суроға: ш.Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ 
Телефони корӣ: (+992) 985061818
E-mail: mehrafruzholmurob@gmail.com

Кафедраҳо

Лутфан барномаи моро насб намоед!