Инсоният аз оғози мавҷудияти худ ба таълиму тарбия ниёз доштааст. Маҳз таълиму тарбия дар ташаккули маънавию ахлоқии инсон, рушди тафаккур, густариши ҷаҳонбинӣ ва фароҳам овардани заминаи камолоти шахсият нақши муҳим бозидааст. Инсон дар тӯли таърих ҳамеша ба омӯзиши табиат, шинохти ҳодисаҳои атроф ва кашфи қонунмандиҳои олами ҳастӣ майл дошта, донишҳои андӯхтаи худро ба дигарон интиқол додааст.







Тарбияи аввалин дар оила сарчашма мегирад ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи рӯзгор инсон рушду камол меёбад. Яке аз рукнҳои асосии инкишофи ҳаматарафаи бачаҳо мебошад. Падару модар аввалин тарбиятгар, аввалин муаллими фарзандон буда, хишти нахустини бинои умри инсонро мегузоранд. Аз ин рӯ, инкишофи ҳаматарафаи наврас чӣ аз ҷиҳати ҷисмонию ахлоқӣ ва чӣ аз ҷиҳати равонӣ ба тарбияи оилавӣ сахт вобаста мебошад. Хонавода, барои бачаҳо аввалин намунаи ибратгир буда, аз ҳама пеш бача ба онҳо тақлид карда, рафтору кирдори онҳоро аз худ менамояд ва ба онҳо тақлид мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт».
Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил намуда, чорабиниҳои ҷашнӣ ва корҳои ободониву созандагиро идома медиҳанд. Мо, омӯзгорон, низ пайваста кӯшиш менамоем, ки дар тафаккури донишҷӯён ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавиро ташаккул дода, барои рушди қобилият ва камолоти касбии онҳо муҳити мусоид фароҳам оварем.
Санаи 8.10.2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Фазои IT”-и назди кафедраи таъминоти барномавӣ ва ВЕБ-дизайн бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Шоҳсанами Ризо, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар идомаи иқдомҳои хайрхоҳонаву инсондӯстона ва бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаю ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси навбатии худро амалӣ намуд. Дар доираи ин иқдом намояндагони раёсати донишгоҳ ба кӯдакистони «Ситора»-и назди муассиса ташриф оварда, ба тарбиягирандагон шириниҳо тақдим намуданд.
Имрӯз, 07.10.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат доир гардид.
Дар асри XXI технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа табдил ёфтаанд. Дар ин раванд технологияҳои сайёр, аз ҷумла телефонҳои ҳушманд, планшетҳо, барномаҳои мобилӣ ва дигар дастгоҳҳои рақамӣ, мавқеи махсус доранд. Онҳо дастрасии инсонро ба иттилоот, хизматрасонӣ, таҳсил, муошират ва имкониятҳои иқтисодӣ хеле осон намудаанд.
Ҳар як миллат пеш аз ҳама бо забони худ шинохта мешавад. Забон таърихи миллатро нигоҳ медорад, фарҳанги онро ба наслҳои баъдӣ мерасонад ва арзишҳои маънавию ахлоқии ҷомеаро ҳифз мекунад. Миллате, ки забони худро эҳтиром менамояд, дар асл таърих, фарҳанг ва ҳастии маънавии худро гиромӣ медорад. Забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва худшиносии мардум ба шумор меравад. Осори бузургони адабиёти тоҷик бо ин забон офарида шудааст ва имрӯз низ забони тоҷикӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар нақши муҳим дорад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони давлатии кишвар муайян намуда, истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин мекунад.




