, Душанбе, 09-декабр


ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТУРА (PHD)

Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар қатори дигар донишгоҳҳои заминавӣ ҳисоб гардида соли 2015  ба қабули докторантура (PhD) аз рӯи ихтисос  оғоз намуда аст.

Докторантура аз рӯи ихтисос PhD бо мақсади ҳамгироии таҳсилот ва илм, ташкил намудани низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ монда шудааст.

То ба имрӯз 65 нафар зинаи Докторантура аз рӯи ихтисос PhD – ро хатм карданд. Айни замон соли таҳсили 2022-2023 73 нафар ба таълим ва корҳои илмӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол  зинаи докторантураи PhD  дар донишгоҳ аз рӯи 21 ихтисосҳои зерин фаъолият бурда истодааст:

  1. Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ (6D010200);
  2. Математика (6D010900);
  3. Физика (6D011000);
  4. Биология (6D011300);
  5. Таърих (6D011400);
  6. Забон ва адабиёти тоҷик (6D011700);
  7. Забон ва адабиёти рус (6D011800);
  8. Фалсафа (6D020100);
  9. Сиёсатшиносӣ (6D050200);
  10. Рӯзноманигорӣ (6D05400);
  11. Иқтисодиёт (6D050600);
  12. География (6D060900);
  13. Химия (6D060600);
  14. Филологияи хориҷӣ (6D021000);
  15. Информатика (6D011100)
  16. Маркетинг (6D051100);
  17. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (6D010800);
  18. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ (6D050801);
  19. Менеҷмент (6D050700);
  20. Технологияи коркарди чӯб ва маҳсулоти чӯбин (аз рӯи ихтисосҳои татбиқ) (6D072500);
  21. Педагогика ва психология (6D010300).

 Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қабул шудан ба ҳайси докторантураи PhD дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

  1. Ариза ба номи ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
  2. Нусхаи шиноснома;
  3. Анкетаи дохилшаванда ба докторантураи PhD;
  4. Нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъди дипломӣ ва замимаҳои онҳо (бакалавр ва магистр);
  5. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
  7. Сертификати супордани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL) ва ғайра;
  8. Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи мӯҳри ташкилот);
  9. Рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
  10. Асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ ва илмӣ);
  11. Тасдиқномаи тиббӣ шакли 038-Y;
  12. 6 адад  расми андозаи 3Х4.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қабул шудан ба ҳайси унвонҷӯ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

  1. Ариза ба номи ректор;
  2. Нусхаи шиноснома;
  3. Варақаи шахсӣ бо расми 4 x 6 см бо муҳр;
  4. Тарҷумаи ҳол;
  5. Тавсиянома аз ҷойи кор;
  6. Маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ;
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  8. Рӯйхати асарҳои  чопшуда,  ихтироот  ва  ғайра;
  9. Нусхаи дипломи  таҳсилоти  олии  касбӣ бо замимааш;
  10. Ҷузвдон (скорошиватель).