,
Панҷшанбе, 30-октябр
АБДУСАМАДЗОДА Эраҷ Абдусамад (Давлатов Эраҷ Абдусамадович, тав. 15.05.1988, деҳаи Гулистони ноҳ. Восеи вил. Хатлон, аз хонадони зиёӣ), забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (2017), дотсент (2023), рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2012), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018), Ҷоизадори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон (2019), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2020), Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон (2022), хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2011). Таҳсил дар мактаби миёнаи умумии зодгоҳ (1995-2006), донишҷӯ (2006-2011), ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2011-2015), саромӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (2015-2018), ҷонишини декан оид ба корҳои тарбияи факултети филологияи тоҷик ва журналистика (2012-2013), котиби масъули маҷаллаи илмии «Паёми ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» (2014-2015), мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия (2015-2016), хабарнигор ва котиби масъули рӯзномаи «Анвори дониш» (2016-2019), ҷонишини декан оид ба корҳои таълимии факултети филологияи тоҷик ва журналистика (2016-2017), мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ (2017), сардори раёсати илм ва инноватсия (2018-2019), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» (2017-2019), муассис ва сармуҳаррири нашрияи «Маърифат»-и Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2019-2022), декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика (2020-2023). Аз 24 августи соли 2023 муовини ректор оид ба таълими ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзуи «Таҳқиқи забоншиносиии ономастикаи «Қасас-ул-анбиё» (2017, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 1 монография, 3 дастур, 1 китоби таълимӣ, беш аз 130 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.
Ба ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), КДАМ ҶТ (2019), ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” (2019) қадрдонӣ гардидааст.
ОХИРИН ХАБАРҲО