,
Шанбе, 21-декабр
ШУЪБАИ ТАЙЁРКУНӢ ВА АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ
Шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ (ТАКИП) дар асоси тавсияи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар заминаи шуъбаи магистратура ва аспирантура бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 18.02.2019, №24 таъсис дода шуда, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараљаи олӣ дар донишгоҳро мувофиқи талаботи амалкунанда иљро менамояд.
Магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ таъмин кардан мебошад. Таъсис додани магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)-и таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намудан, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
Ин зинаҳои таҳсилот бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура доранд ва ё имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи зинаи магистратура 2 сол ва дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 3 сол муқаррар гардидааст.
Шуъбаи ТАКИП раванди фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотии магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни дохилию берунаи донишгоҳро ба роҳ мемонад.
Ҳайати кормандон
Қурбонова Умеда Талабовна
номзади илмҳои педагогӣ, сардори шуъба
Сулаймонов Убайдулло Исматуллоевич
мутахассиси пешбар
Ҳалимова Фариштамо Абдуҷабборовна
Мутахассис
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, утоқи №302-304
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-59-63
E_mail: muhaqqiq@kgu.tj
ОХИРИН ХАБАРҲО