, Чоршанбе, 03-июл

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит


Дар бораи кафедра

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит ҷузъи сохтори факултети молиявию иқтисодӣ буда, аз рӯи як ихтисос 1-25010803 баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ-илмӣ дар зинаи таҳсилоти бакалавр мутахассисони лаёқатмандро вобаста ба талаботи бозори меҳнат тайёр менамояд. Айни ҳол дар кафедра 13 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора: 1 нафар номзади илм, дотсент, 5 нафар муаллими калон, 7 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузор мебошад. Аз оғози таъсисёбӣ то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Куганов Н.К. ба ӯҳда дорад.


 Таърихи кафедра

Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 1 июни соли 2021 таъсис дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ №11/4-6 аз 25 майи соли 2021 баъдан тибқи фармоиши ректор аз санаи 17.06.2021 таҳти №58 бинобар ворид намудани тағйирот дар сохтори донишгоҳ ва ба ду кафедраи тахасусӣ ҷудо шудани кафедраи назарияи иқтисодӣ мутобиқи банди 4-и моддаи 30-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зерин аз вазифаи қаблиашон озодкарда шуда аз 1 июни соли 2021 тариқи зайл дар кафедраҳои навтаъсис таъйин карда шаванд:

  1. Куганов Неъмат – н.и.и., дотсент мудири кафедра
  2. Сафаров Амиралӣ – муаллими калон
  3. Сафаров Парвиз – муаллими калон
  4. Иброҳимзода Одил – муаллими калон
  5. Давлатов Гулаҳмад – муаллими калон
  6. Хидиров Фарҳод - ассистент
  7. Моҳираи Ҷурахон – ассистент
  8. Бозоров Исфандиёр – ассистент
  9. Наимов Усмон – ассистент

Аз оғози таъсисёбӣ то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Куганов Н.К. ба ӯҳда дорад.                               


Ҳайати кафедра

 

Куганов Н
 Куганов Неъмат Камолович

  номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедра

 





Сафаров А
 Сафаров Амиралӣ
 
муаллими калон







Сафаров П
 Сафаров Парвиз
  муаллими калон







Хидиров Ф
 Хидиров Фарҳод Худойкулович
  ассистент






Иброҳимов О
  Иброҳимов Одил
  
муаллими калон







Моҳираи Ҷ
   Моҳираи Ҷурахон 
   ассистент







Бозоров И
   Бозоров Исфандиёр
   ассистент








Фаъолияти маҳфилҳо ва семинарҳо

Дар кафедра маҳфили “Муҳосибони касбӣ” фаъолият менамоянд, ки аз 24-нафар аъзо иборат буда, роҳбарии онро ассистенти кафедра Хидиров Фарҳод бар душ дошта, моҳе як маротибабо шунидани ду маърӯза гузаронида мешавад. Ҳамаи аъзоён фаъолона иштирок мекунанд ва фикру адешаҳои худро доир ба мавзуҳое, ки пешниҳод мешаванд иброз мекунанд. 


Дастовардҳои кафедра

1  
Сертификати курси Баҳисобгирии молиявӣ ба Куганов Неъмат







2
  Сипосномаи Раиси ноҳияи Фархор ба Куганов Неъмат

 

 

 

 


  
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5, ошёнаи 3-юм;
Телефони корӣ: (+992)9187048737
E-mail:
  

Кафедраҳо