,
Душанбе, 09-декабр
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ воҳиди сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона шудааст.
Бахш кору фаъолияти худро тибқи Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017 №1/16 тасдиқ шудааст) ба роҳ мондааст. Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ Бахш вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-Ҷалби донишҷӯён ба раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ;
-ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва идеявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи идеявӣ;
-бадастории сифатҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ бошанд;
-тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисоси омӯзгорӣ; ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои таълиму тарбия;
-дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд;
-шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ;
-ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории донишҷӯён бо талабагон, омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо;
-коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ;
-ба тасвиб расонидани шартномаи тарафайн ҷиҳати баргузории тамоми шаклҳои таҷрибаомӯзӣ бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ;
-таҳия ва тартиб додани нақшаи умумӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ. таълимӣ. истеҳсолӣ, сайёҳӣ ва пешаздипломӣ Донишгоҳ;
-ташикилу баргузор намудани конференсияҳои ифтитоҳӣ ва ҷамъбастӣ оид ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар донишгоҳ ва иштирок дар рафти онҳо;
-назорати фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзии педагогии факултетҳо ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дар ин самт;
-иштироки фаъолона дар баррасии масъалаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ, такмили таҷриба, ташкил ва гузаронидани он дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯроҳои олимони факултетҳо;
-таҳияи ҳисоботи умумии донишгоҳ оид ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ва ба раёсат пешниҳод намудани он.
Мақсади таҷрибаомӯзӣ
Ташкил ва баланд бардоштани маҳорати тахассусии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, мактаб ба чорабиниҳои мактабӣ, ташкилот, корхона, малака ҳосил кунондан дар корҳои мустақилонаи мутахассисони оянда, дар шароитҳои муайяни омӯзгорӣ аст.
Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, мундариҷаи таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои инфиродӣ, талаботи ҳисобот дар бораи таҷрибаомӯзӣ, ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ.
Намуд ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи стандарти таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ муайян карда шуда, бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳо коркард ва муайян мегардад. Бахши таҷрибаомӯзӣ бо беш аз 22- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2-муассисаи таълимӣ томактабӣ, 1-колеҷ, 3-телевизион, 5-бонк ва дигар корхонаву идораҳои истеҳсолии дар шаҳру ноҳияҳои минтаќаи Кӯлоб шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон ҳамкории густурда дорад.
НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ТАҶРИБАОМӮЗ
Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯ
Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва таълимии донишҷӯ
Кормандон
Бобоев Бахтовар Сулаймонхонович
сардор
Султонова Қурбонби
мутахассис
Валиева Халима Субхонкуловна
мутахассис
ОХИРИН ХАБАРҲО