, Шанбе, 21-декабр

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Молия ва қарз


Умумӣ

Дар бораи кафедра 

Кафедраи молия ва қарз кафедраи тахассусӣ буда, дар факултети молиявию иқтисодӣ ҷойгир шудааст. Дар равнақи донишҳои молиявии аҳолӣ, ташаккулёбии ва рушди низоми бонкии кишвар, баланд бардоштани фарҳанги андозсупории шаҳрвандон, рушди тарбияи иқтисодии аҳолӣ саҳми калон дорад.

Кафедраи молия ва қарз аз рӯи як равияи илмӣ, як проблема: «Роҳҳо ва воситаҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор дар сектори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мебарад.

Мақсади асосии таъсис намудани кафедра дар омода намудани мутахасисони гуногун соҳаҳои иқтисодиёт ва ташкил намудани таълими босифати фанҳои «Фаъолияти бонкӣ», «Идоракунии хатари бонкӣ, «Таърихи бонкҳо», «Андоз ва андозбандӣ», «Системаи андози ҶТ», «Назорат ва тафтиши андоз», «Назарияи молия», «Молияи давлатӣ», «Ташкили маблағгузории сармоя» буд.

Дар тайёр кардани кадрҳои тахасусӣ ҳиссаи кафедраи «Молия ва қарз» бениҳоят калон буда дар омодасозии кадрҳои варзидаи соҳавӣ саҳми назаррас дорад.

Аз аввали таъсисёбии кафедра самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимии кафедра барои тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, курсҳо ва семинарҳои махсус, таҳия намудани барномаҳои таълимӣ, ки барои сатҳи гузориш ба иқтисодиёти бозорӣ барои Тоҷикистон хос мебошад, равона шуда буд.


Таърихи кафедра

Кафедраи молия ва қарз тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 22.11.2018 № 215 таъсис ёфт. То ба он замон кафедра дар заминаи кафедраи назарияи иқтисодӣ ва молия амал мекард. Айни замон дар кафедра 21 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд. Аз ҷамъи умумии омӯзгорон 4 нафарашон омӯзгорони ҳамкори беруна мебошанд, ки аз инҳо 1 нафарашон д.и.и, профессор ,3 нафарашон номзадони илм, дотсентон мебошад. 


Ҳайати кафедра

Комилов Н


  Комилов Низомиддин Бегаҳмадович

  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедра
   

      





Сафаров З
 Сафаров Зулфиқор
 муаллими калон 







Вазирзода Д
   Вазирзода Дилором
   муаллими калон







Холматов Б  
  Холматов Баҳром
  муаллими калон

  






Раҳматов Б
  Раҳматов Умед
  муаллими калон








Шафиев
  Шафиев Бахтиёр
  муаллими калон







Тешаев М
 Тешаев Мирзошариф
 муаллими калон

 






Холиқзода А

   Холиқзода Аҳлиддин
   муаллими калон






QuraevQ
  Қураев Қарақул
  муаллими калон







Саидов П
 Саидов Пайрав
  ассисент








Саидова М
 Саидова Мадина
 ассистент








Файзиддини З
 Файзиддини Зуриддин

 ассистент  







Муҳамадҷони А
 Муҳамадҷони Азизулло
 ассистент 







AkhmedovaM
 Ахмедова Моҳитобон
 ассистент  







Ҳаёев Қ
  Ҳаёев Қиёмиддин
  ассистент
 






MohikhirosoniF
 Моҳихиросони Ф.
  коргузори кафедра

 






Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра молия ва қарз маҳфили "Маърифати молиявӣ" амал мекунад,ки роҳбарии онро ассистенти кафедра Ҳаёев Қиёмиддин ба ӯҳда дорад. Дар маҳфили “Маърифати молиявӣ” 42нафар аъзо мебошанд, ки оид ба мавзуҳои гуногуни молиявию бонкӣ маърӯза мекунанд. Тасдиқи нақша аз ҷониби ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия тасдиқ гардида ҳар моҳ ҳафтаи 1 ва 4, яъне дар як моҳ 2 маротиба гузаронида мешавад.

Мавзуъҳои илмие, ки аз тарафи донишҷӯён шунида мешаванд аз ҷониби роҳбарони илмӣ пешниҳод карда шуда, мавзуъҳои мубрами замони муосирро фарогир мебошанд. Мавриди зикр аст,ки дар маҳфили номбурда коршиносон аз бонкҳо, раёсатҳои молияви шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва нозироти андоз даъват карда мешавад. Раванди гузаронидани маҳфил дар сомонаҳои фейсбукии “Рӯзномаи Анвори Дониш”, “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Факултети молиявию иқтисодӣ” инъикос карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки натиҷаи кори хуби маҳфили “Маърифати молиявӣ” буд, ки аъзои маҳфил Оқилов Фаридун дар даври ҷумҳуриявии Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли касбӣ “Донишҷӯ ва пешрафти илмию таҳқиқотӣ” дар бахши иқтисоди сазовори ҷои сеюм гардид. 

Дар кафедра семинари илмӣ- методӣ амал мекунад, ки роҳбари илмии семинар н.и.иқтисодӣ, дотсент Комилов Н.Б. мебошад. Семинари илмӣ-методӣ мувофиқи нақшаи кории семинар, ки аз тарафи Раёсати илм ва инноватсия тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Семинари мазкур моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Семинар фарогири ҳамаи омӯзгорон ва магистрантони кафедра буда, дар он мавзуъҳои мубрами рӯз аз ҷумла маърӯзаҳо аз корҳои илмӣ- таҳқиқотии омӯзгорон ва магистрантон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Ҳамзамон дар семинари илмӣ-методӣ назди кафедра муҳокимаҳои кафедравии рисолаҳои илмии омӯзгорон гузаронида мешавад. 


Дастовардҳои кафедра

1

 
Дипломи  "Ҷамъияти умумироссиягии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ" ба Холиқзода А. ва Файзиддини З. 





2  

Дипломи  "Ҷамъияти умумироссиягии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ" ба Шарипов Н. ва Саидова М.




3
 Сертификати Маркази таҳқиқоти байналмиллалӣ, Алмато (Қазоқистон) ба Саидов П





4
 Сертификати "Озмуни XXII байналмиллалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ" ба Шарипов Н. ва Саидова М.





5
Сертификати "Озмуни XXII байналмиллалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ" ба  Холиқзода А. ва Файзиддини З.




6

“Ифтихорнома”-и Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Шафиев Бахтиёр






7

“Диплом”-и дараҷаи 1 . Вазорати маорифи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Икромов Шодӣ







8


   “Диплом”-и дараҷаи 2 - и Вазорати маорифи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Икромов Шодӣ







Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5, ошёнаи 1-ум, утоқи №102
Телефони корӣ: (+992) 918 57-92-90
E-mail: 

Кафедраҳо