,
Душанбе, 13-октябр
Маркази матбуоти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” ҷузъи таркибии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, аз соли 2020 таъсис ёфтааст.
Давоми фаъолият дар садорати марказ як қатор кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони кордону соҳибтаҷриба ифои вазифа намудаанд. Аз ҷумла, ховаршинос, профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён (2020-2021), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ (2022-2023), ҷиҳати пешбурди фаъолияти марказ саҳми муассир гузоштаанд.
Шуруъ аз моҳи январи соли 2024 то ҳол дар вазифаи сардори маркази матбуоти донишгоҳ муаллими калон, узви ИЖТ Муҳаммадҷони Абдувоҳид фаъолият дошта, дар самти тарғибу ташвиқи фаъолияти донишгоҳ, пур намудани фазои иттилооотӣ, таъмини дастрасӣ ба иттилоот ва ҷоннок намудани робита бо ҷомеа нақши бориз мегузорад.
То замони таъсиси марказ масъулияти пешбурди ҳамин самт бар уҳдаи котиби матбуотӣ дотсент Худоидодова Шарофат (2010-2020) буд.
Марказ пояи ҳуқуқии фаъолияташро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти васоити ахбори омма, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, фармоишҳои ректори донишгоҳ, низомномаи Маркази матбуот ва ғайра ба роҳ мондааст.
Фаъолияти Марказ мустақиман бо ректори донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои донишгоҳ, факултетҳои он, сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори омма, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бевосита бо ВАО сару кор доранд, ба роҳ монда шуда, дар асоси нақшаҳои солона ва дастуру супоришҳои бевоситаи ректори донишгоҳ танзим карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки марказ фаъолияти сомонаи расмии донишгоҳро (https://new.kgu.tj/tj (соли 2015 бо суроғаи kgu.tj таъсис дода шудааст)) ба танзим дароварда, дар ҷиҳати таъмини дастрасии иттилоот, инчунин дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти маркази матбуоти донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Ҳамкории марказ бо воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ торафт вусъат гирифта, маводи сомонаи донишгоҳ дар саҳифаҳои оҷонсиҳои иттилоотӣ ва дигар анвои расонаҳои хабарӣ ба сифати манбаъи муътамад мавриди истифодаи фаровон қарор дорад.
Бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотии донишгоҳ ва мутобиқ будан ба меъёрҳои байналхалқии равобит бо ҷомеа тарҳи нави сомонаи донишгоҳ моҳи апрели соли 2023 тибқи дастури бевоситаи ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо назардошти талаботи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2017, №344) аз нав тарроҳӣ гардида, дар он воситаҳои муосири сомонасозӣ татбиқ гардида, сомонаи қаблӣ ҷиҳати гиромидошти таърихи донишгоҳ ҳифз ва дар сомонаи нав ҷой дода шуд. Тарҳи сомона бо дизайни ҷолибу зебо бо назардошти платформаҳои Desktop ва Mobile фаъолият карда истодааст. Барои хизматрасонии техникии сомона аз хадамоти провайдери ТАРЕНА истифода бурда мешавад, ки он 20Gb хотираро бо сервери VPS фаро гирифта, бо низоми амалиётии Debian ва бастаи LAMP кор мекунад.
Дар ин раванд ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва бо назардошти талабот ҷиҳати ҷалби бештари таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил ба донишгоҳ ва огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти сохторҳои он баргардон намудани саҳифа ва маълумоти сомона ба забони русӣ ва забони англисӣ бо ҷалби мутахассисон марҳила ба марҳила корбарӣ менамоянд.
Шумораи бинандагони сомона ба ҳолати аз 01.01.2024 то 15.10.2024 52156-нафар мебошад, ки ба ҳисоби миёна дар 1 руз 181 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар сомона аз рӯи 15 рубрика 419 мавод нашр гардидааст, ки онҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳро инъикос менамояд.
Ҷиҳати мутобиқ шудан ба замони муосир ва ҷалби ҳарчи бештари шумораи истифодабарандагони сомонаи донишгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Facebook (Фейсбук) ва Telegram (Телеграм) саҳифаи махсуси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» фаъол аст, ки дар он ба таври фаврӣ рӯйдоду чорабиниҳои донишгоҳ мунъакис мегарданд.
Ҳадаф аз ташкили ин саҳифаҳо манзур намудани хабарҳои наву тоза дар самтҳои таълиму тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар ҷанбаҳои донишгоҳ ба ҷомеа мебошад.
Мавриди ёдоварист, ки сомонаи расмии муассиса (www.new.kgu.tj) санаи 11.03.2024 дар шаҳри Бохтар зимни натиҷагирии озмуни вилоятии “Неруи сухан”, бо назардошти фаъолияти муназзами корӣ дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетӣ” ғолиби ҷойи аввал ва барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дониста шуда, ба дипломи дараҷаи 1 ва мукофоти пулӣ зафарёб гардид.
Дар Маркази матбуоти донишгоҳ сардор, сармутахассис ва мутахассис-барномасози сомона фаъолият дошта, ҷиҳати иҷрои рисолати касбӣ, таҳкими робита бо ҷомеа, риояи меъёрҳои этикаи касбӣ ва принсипҳои байналхалқии журналистика, инчунин таъмини дастрасии ҷомеа бо иттилооти марбут ба донишгоҳ донишу маҳорат ва таҷрибаи худро истифода доранд.
ОХИРИН ХАБАРҲО