, Шанбе, 22-Феврал


ФАЪОЛИЯТИ МАГИСТРАТУРА

Зинаи магистратура дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 2012 таъсис дода шудааст. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рӯйи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузаранд.

Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯйи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ӯ рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд. Мӯҳлати таҳсил дар зинаи магистратура (тибқи низоми кредитӣ) 2 сол мебошад.

Қабул ба зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин роҳандозӣ шудааст:

Рамзи ихтисос

Номгӯйи ихтисос

1.

1-02 05 01

Математика

2.

1-250104-02

Кори бонкӣ

3.

1-02 04 02

География

4.

1-02 05 05

Информатика

5.

1-02 03 01

Забон ва адабиёти тоҷик

6.

1-02 03 02

Забон ва адабиёти рус

7.

1-02 03 06

Забони хориҷӣ (англисӣ)

8.

1-02 01 01

Таърих

9.

1-02 01 02

Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)

10.

1-02 06 02

Технология (аз рӯи самтҳо). Ихтисоси иловагӣ

11.

1-01 02 01

Таҳсилоти ибтидоӣ

12.

1-01 02 02

Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ

13.

1-230104

Психология

14.

1-25 01 07

Иқтисодиёт ва идора дар корхона

15.

1-23 01 01

Муносибатҳои байналмилалӣ

16.

1-03 02 01

Тарбияи ҷисмонӣ

17.

1-23 03 08

Рӯзноманигорӣ

18.

1-310201-02 03

Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат

19.

1-310303-02

Математикаи амалӣ

20.

1-26020206

Менеҷменти иҷтимоӣ

21.

1-020501

Физика

22.

1-020406

Химия

23.

1-26020206

Биология

24.

1-25010803

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ

25.

1-260203

Маркетинг

26.

1-210201

Фалсафа

27.

1-260102

Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

28.

1-230106-0103

Сиёсат ва идораи давлатӣ

Барои қабул ба магистратура довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи зинаи магистратура ва ихтисоси он;
  • дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
  • тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба зинаи магистратура;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038/у);
  • 6 адад расм (андозаи 3х4);
  • шиноснома (нусха);
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  • тавсифнома (аз донишгоҳ ё ҷои кор);