, Сешанбе, 15-октябр

Осорхона


Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз қисматҳои муҳими нигаҳдории таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар осорхона бештар аз 500 экспонатҳо:  ҳуҷҷатҳо, расмҳо, асарҳои илмӣ ва китобҳо ҷамъ оварда шудааст. Осорхона 1-уми сентябри соли 2015 ба  муносибати ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ботантана дар бинои маъмурӣ кушода шуд.

Дар «Осорхона»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯшаҳои зерин таъсис дода шуданд:

  • Гӯшаи бостоншиносӣ
  • Гӯшаи мардумшиносӣ
  • Гӯшаи хатшиносӣ
  • Гӯшаи дастхатҳо
  • Гӯшаи тангашиносӣ
  • Гӯшаи истеъдодҳои ҷавон
  • Гӯшаи собиқ омӯзгорони донишгоҳ
  • Гӯшаи  70–солагии донишгоҳ
  • Гӯшаи парки технологӣ
  • Гӯшаи заргарӣ
  • Гӯшаи адибони донишгоҳ
  • Гӯшаи факултети физика ва математика
  • Гӯшаи факултети химия ва биология
  • Гӯшаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ
  • Гӯшаи факултети филологияи хориҷӣ
  • Гӯшаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика
  • Гӯшаи факултети молиявию иқтисодӣ
  • Гӯшаи факултети филологияи рус
  • Гӯшаи факултети омӯзгорӣ
  • Гӯшаи факултети тарбияи ҷисмонӣ

Суроға:ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 1-ум, утоқи №101
Телефони корӣ: (+992) 917-27-80-14