,
Ҷумъа, 13-март
Кафедраи методикаи таълими инфоматика ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ – методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултети физика ва математика аз фанҳои тахассусии вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 9 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора дар кафедра 1 нафар номзади илм, 3 муаллими калон, 4 ассистент ва 1 нафар коргузори кафедра мебошанд.
Дар кафедра 7 нафар унвонҷӯ (Ашурова С., Суфиев Х ., Қурбонов Н, Давлатов Ҳ., Назаров А., Гулов Д., ва Сулаймонзода У.,), ки холо ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд.
Кафедра дар бинои таълимии физика ва математика, дар ошёнаи 2, №213 ҷойгир аст.
Кафедраи методикаи таълими информатика аз 17-августи соли 2021 дар асоси фармони №180 ректори донишгоҳ аз таркиби кафедраи илмҳои компютерӣ ҷудо шуда мустақил гардид. Мудирии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон Сафаров Сайтоҷиддин Саидкамолович то сентябри соли 2025 ба зимма дошт. Айни ҳол вазифаи мудири кафедра вакант ҳаст.

Муродализода Раҳмоналӣ
номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра
Меҳриддинзода Толиб
н.и.п., и.в. дотсент
Суфиев Хайриддин Латифович
ассистент
E-mail: khayriddin_sufie@mail.ru
Гулов Далер
ассистент
E-mail: gulov-1988@bk.ru

Ашурова Саодат Муродалиевна
муаллими калон
E-mail: saodat_81@mail.ru
Қурбонов Некруз Нураҳмадович
ассистент

Сулаймонзода Убайдулло Исматулло
муаллими калон
Давлатов Ҳадятулло
ассистент
Назаров Аминҷон
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфили “Информатикони ҷавон” амал мекунанд. Дар маҳфил донишҷӯёни эҷодкору болаёқат шомиланд. Маҳфил дар як моҳ як маротиба гузаронида мешавад, намунаҳои беҳтарини мақолаҳои илмӣ, навқаламон муҳокима ва баррасӣ шуда, беҳтарини онҳо дар рӯзномаҳои «Анвори дониш», «Навиди Кӯлоб» ва нашрияи “Маърифат” чоп мегарданд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 2-юм, утоқи №213
Телефони корӣ: (+992) 985.26.77.57
E-mail: saytojiddin-88@mail.ru