, Панҷшанбе, 25-апрел

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Физикаи умумӣ ва назариявӣ


умумӣ

Дар бораи кафедра 

Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ ҷузъи таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд.

Дар кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ 21 нафар кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора, 5 нафар номзадони илм, 3 нафар муаллимони калон, 8 нафар ассистентон ва 5 нафар кормандони техникиро ташкил медиҳад. Дар тавозуни кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ 9 озмоишгоҳи таълимӣ ва 1 озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавҷуд мебошад.

Аъзоёни доимии кафедра: дотсентон Ғафоров С., Тошматов А.Д., номзади илмҳои физика-математика Акрамова Р.Я., номзади илмҳои техникӣ Шарипов А.П., муаллимони калон Сайдалиев А., Гулматов У.А., Қурбонов Д., ассистентон Раҳматова Р.Б., Муродова С., Сафараҳмади Р., Искандаров М., Шарипов С., Мусоева Ҷ., Аламова Х.Т., Раҳмонова Г.Ҳ. лаборантон Ёқубова А.А., Маҳмудова С., Муродов Б.Н., Шарипов М. ва Шерова И. мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 45 сол баробар аст.


Таърихи кафедра

Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ соли 2014 дар заминаи кафедраҳои физикаи умумӣ ва физикаи назариявӣ таъсис ёфтааст. То соли 2014 кафедраҳои физикаи умумӣ ва физикаи назариявӣ дар алоҳидагӣ амал мекарданд.

Кафедраи физика ё физикаи умумӣ аз рӯзи таъсисёбии донишкадаи муаллимтайёркунӣ дар алоҳидагӣ набуда, дар тавозуни кафедраи физика ва математикаи факултети физика ва математика буд. Ҳамқадами факултети физика ва математика буда, соли 1957 таъсис ёфтааст. Масъулияти роҳбарии кафедра аз давраи таъсисёбӣ то соли 1958 ба души Султонов Мирзо вогузор буд. Аз соли 1958 мудирии кафедраро Аъзам Акбаров ба ӯҳда дошт. Дар кафедра ягона мутахассиси физика Ҳусайн Ғафуров буда, аз фанҳои физикаи умумӣ ва методи таълими физика ва Аъзам Акбаров аз фанҳои математикаи олӣ ва элементарӣ таълим медоданд. Аз соли 1958 то соли 1962 мудирии кафедраи якҷоягии физика ва математикаро Азизов С., Умаров Ш. ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 1962 кафедраи физика аз тавозуни кафедраи физика ва математика баромада, ҳамчун кафедраи мустақил таъсис ёфт. Аз таъсиси кафедра соли 1962 то 1973 мудирии кафедраи физика ба ӯҳдаи муаллими калон Ситамов С. гузошта шуда буд. Соли 1974 то 1975 ба кафедраи физикаи умумиро Аббосзода Б. роҳбарӣ карда буд.

Соли 1975 факултети физика ҳамчун факултети мустақил таъсис ёфт, ки роҳбарии онро номзади илмҳои физика ва математика Раҳматов А.Ш. ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1975 то 1982 роҳбарии кафедра ба души номзади илмҳои тахникӣ Назаров Ҷ. вогузор шуд. Аз соли 1982 то 1988 кафедраи физикаи умумиро дотсент Ғафоров С. сарварӣ намуда аст.

Солҳои 1988 то 1994 кафедраи физикаро номзади илмҳои физика ва математика Зайнуддинов Сафар роҳбарӣ мекард. Аз соли 1994 то соли 2000 дотсент Ситамов Саъдулло роҳбарии кафедраро ӯҳдадор буд. Аз соли 2000 то соли 2013 кафедраро муаллими калон Ситамов Султон роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2013 то 2014 роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳмонов Ҳ.О. вогузор шуд.

Октябри соли 1979 дар тавозуни факултети физика ва математика кафедраи физикаи назариявӣ таъсис дода шуд. Асосгузор ва мудири аввалини он олими намоёни тоҷик академик, доктори илмҳои кимиё, профессор Сафиев Ҳайдар буд.

Сарварии ин кафедраро аз соли 1980 то соли 2010 физикдони дигар дотсент А. Зарифзода ба ӯҳда дошт. Аз соли 2010-2014 ба ин кафедра муаллими калон Қодирова Д.Т. роҳбарӣ кардааст.

Соли 2014 кафедраҳои физикаи умумӣ ва физикаи назариявӣ мутаҳид карда шуданд ва номи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявиро гирифт. Аз рӯзи таъсисёбии кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ (соли 2014) то сентябри соли 2020 роҳбарии ин кафедраро Қодирова Д.Т. ба ӯҳда дошт. Аз сентябри соли 2020 ба ҳайси роҳбари кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ номзади илмҳои физика ва математика, муаллими калон, Акрамова Р.Я. таъйин шуд, ки то айни замон мудирии кафедраро бар ӯҳда дорад.


Ҳайати кафедра

Акрамова Р

  Акрамова Рухшона Ятимовна
  н.и.ф.м., мудири кафедра
  E-mail: Ruhshona.Akramova@mail.ru







Ғафоров С
 Ғаффоров Сатор

 номзади илмҳои физика ва математика, дотсент







Тошматов А
 Тошматов Абдунабӣ
  номзади илмҳои физика ва математика, дотсент 







Раҳмоов Ҳ
  Раҳмонов Ҳамид Обидович
  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент







Шарипов А
 Шарипов Аламшо
 номзади илмҳои техникӣ, муаллими калон 







Сайдалиев А
 Сайдалиев Абдулазиз
 муаллими калон 







Қурбонов Д
  Қурбонов Диловар
  муаллими калон 







Гулматов У
  Гулматов Умарҷон
  муаллими калон 







Муродова С
  Муродова Саодат
  ассистент

 

 

 


Раҳмонова Р
 Раҳматова Райҳона
 ассистент

 

 




Сафараҳмади Р
 Сафараҳмади Раҳматзода
 ассистент 

 

 

 


Аламова Х  
  Аламова Хатича
  ассистент 

 

 




Искандаров
 Искандаров Муборакшо
 ассистент 







Мусоева Ҷ
  Мусоева Ҷамолбӣ
  ассистент 







Раҳмонова Г
  Раҳмонова Гулбӯй
  ассистент

 

 




Шерова И
  Шерова Идигул
  коргузори кафедра

 

 




Ёқубова А
 Ёқубова Адолат
 лаборант


 



Муродов Б
  Муродов Бахтиёр
  лаборант 






Маҳмудова С
 Маҳмудова Ситора
 лаборант

 

 

 



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал менамояд. Роҳбарии семинари мазкур ба ӯҳдаи н.и.ф.м. Акрамова Р.Я. вогузор карда шудааст. Дар семинари илмӣ-методӣ натиҷаи корҳои илмӣ - таҳқиқотии устодони кафедра, аспирантон, коромӯзон, унвонҷӯён баррасӣ ва муҳокима карда мешавад. Ҷадвали гузаронидани семинари илмӣ – методӣ тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи он семинар моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳар як семинар маърӯзаи як омӯзгор ва як магистрант шунида мешавад.

Дар баробари фаъолияти семинари илмӣ – методӣ дар кафедра маҳфили «Физикони ҷавон», ки роҳбариашро ассистенти кафедра Сафараҳмади Р. ба зимма дорад, фаъолият мекунад. Аъзоёни маҳфил аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли курсҳои 1-5-и ихтисоси физика-метематика ва физика, таълими меҳнат, технология аз рӯи самтҳо ва магистрантони ихтисоси физика мукаммал карда шудааст, ки иштироки фаъоли онҳо дар конференсияҳо, озмуну олимпиадаҳо ба назар мерасад. Дар маҳфил 28 нафар донишҷӯ ҷалб карда шуда, масъалаҳои вобаста ба илм ва тадқиқу тарҳезии дастуру мақолаҳо, рисолаҳои магистрӣ, корҳои курсӣ мавриди муҳокимаи умум қарор мегиранд, ки дар густариш ва рушди корҳои илмӣ ва ба донишҷӯён пайдо шудани заминаи илмӣ нақши вориз доранд. Инчунин, дастпарварони маҳфилҳо барои иштирок дар конференсияҳои донишгоҳӣ омодагӣ гирифта, ширкат меварзанд. Маҳфилҳо тибқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасдиқи худро ёфтааст, фаъолият мекунад. Дар соли 2022 дар даври вилоятии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” аъзоёни маҳфил иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Ба монанди магистранти курси дуюми ихтисоси физика Маъруфҷони О. сазовори ҷои якум, магистранти курси дуюми ихтисоси физика Назаров Т. ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика сазовори ҷойи дуюм гашта ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. 


Дастовардҳои кафедра

1


Сипосномаи МИҲД ш.Кӯлоб барои иштироки фаъолона дар даври вилоятии озмуни "Илм фуруғи маърифат" ба Собиров Сайидҷон




2
Сипосномаи МИҲД ш.Кӯлоб барои иштироки фаъолона дар даври вилоятии озмуни "Илм фуруғи маърифат" ба Маъруфҷони Одинаҳмад




3
Дипломи дараҷаи 1-ум барои иштироки фаъолона дар озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ"  дар соли 2021 ба Робиямоҳи Ҳотам




4
Дипломи дараҷаи 2-юм барои иштироки фаъолона дар озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ"  ба Назирмадова Миҷгона




5
 Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба Ғафоров Сатор




6
Сипосномаи МИҲД ш.Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Акрамова Рухшона      

 

 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 1-ум, утоқи № 110
Телефони корӣ: (+992) 918 28 86 15
E-mail: 

Кафедраҳо

*/