,
Якшанбе, 08-декабр
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг аз фанҳои вобастаи кафедра ба донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд. Дар кафедра 31 нафар устодон ва як нафар коргари техникӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд, ки аз инҳо 24 нафар кормандони асосӣ ва 7 нафар ҳамкорони дохила мебошанд. Аз шумораи кормандони асосӣ 3 нафар дотсентон (Набиев М., Бозоров Х., Шералиева С.), 2 нафар номзадони илм (Фархуддинов И., Мирзоева Б.), 7 нафар саромӯзгор ва 10 нафар ассистентон, 1 нафар магистрант (Каримова М.) ва 1 нафар докторант (Зардова Ш.) мебошанд.
Дар кафедра 5 нафар унвонҷӯ Даминзода Х., Абдураҳмони М., Насибаи С., Атоев Н., Зарипов М. ва 2 нафар докторантони PhD Абдуҷаббори С. (курси 3), Тағоев С.(курси 2), ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо аз соли 1968 бо номи кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ арзи вуҷуд дошт. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумъахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот, Тағоев Сафаралӣ, Ҳалимов Ғоибназар, Ибодов Назрулло ва дигарон буданд.
Аввалин мудири кафедра М. Р. Ярашевский буданд. Баъдан роҳбарии кафедраро устодон Боғиров, Исоев С. Исмоилов И. Изатуллоев К. Набиев М. Ҷӯраев Б. Фархуддинов Ю. Бозоров Х. Шералиева С. ба ӯҳда доштанд. Бо гузашти вақт кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таҳсилоти ибтидоиро гирифт ва роҳбарии онро дотсент Шералиева С.М. ба ӯҳда доштанд. Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ №1\3-2 аз 31 августи соли 2022 ва фармоиши ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз 08.09.2022 таҳти №180 кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ба ду кафедра: кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ва кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо ҷудо карда шуд.
Айни ҳол мудирии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳоро н.и.ф., дотсент Шералиева С. М. ба ӯҳда доранд.
Бозоров Хушвахт
н.и.п., дотсент
Фархуддинов Исуф
н.и.педагогӣ
Мирзоева Бунафша
н.и.п., саромӯзгор
Ҷӯраев Бобохон
муаллими калон
Абдураҳмони Маҳмадӣ
ассистент
Муродов Амиралӣ
ассистент
Оқилова Қурбонбӣ
ассистент
Насибаи Сайҳомид
ассистент
Пулодов Амирҳамза
ассистент
Рафиев Абдулҳамид
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра семинари назариявӣ ва илмӣ-методӣ (роҳбари он н.и.п., саромӯзгор Мирзоева Б.И., котиб ассистент Розиқов Т. ва маҳфили «Маҳорати касб»- роҳбар муаллима Оқилова Қ., котиб донишҷӯйи курси панҷум, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ бо иловаи забони русӣ Азамов Меҳровар фаъолият менамоянд.
Тибқи нақша семинари назариявӣ ва илмӣ-методии кафедра моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар он омӯзгорон аз дохили корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва устодони унвони илмидошта оид ба таълифи мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои магистрӣ ва докторантӣ баромадҳо менамоянд, ки матни ин баромадҳо дар кафедра маҳфуз мебошад. Маҳфили кафедра тибқи нақшаи корие, ки аз тарафи Раёсати илм ва инноватсия тасдиқ гардидааст, фаъолият намуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар кори он ба ғайр аз аъзоёни маҳфил, донишҷӯёни дигар низ ҷалб карда мешаванд. Аъзоёни маҳфили «Маҳорати касб» дар конфересияҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад мекунанд.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 2-юм, утоқи №32
Телефони корӣ: (+992) 985 87 78 78
E-mail: k-tahsiloti.ibtidoi@kgu.tj