,
Якшанбе, 08-декабр
Айни замон кафедра номи кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти русро дорад. Дар кафедра 10 фанни таълимӣ мавҷуд буда, 8 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, аз он ҷумла 8 нафар корманди асосӣ (н.и.ф дотсент Бобоқулов Ҷ.А. н.и.п Раҳимова С.Р., муаллимони калон, н.и.ф Ғуломова С.Н., Ашуров А.Ҷ., Ҳалимова М.Р., Салихова Л.Н., ассистентон Иброҳими Ахмадхон, Ёрмадова Нилуфар) ва 1 нафари дигар (дотсент Валиев Н.У.,) ҳамкор мебошанд.
Кафедра аз рӯи равияи «Русская и зарубежная литература», проблемаи «Традиции и новаторство в литературном процессе» ва мавзӯи «Русско-таджикские литературные связи» фаъолияти илмии худро ба роҳ мондааст. Оид ба ин лоиҳаи кафедра дар айни ҳол, н.и.ф.дотсент Бобоқулов Ҷ.А., н.и.п дотсент Раҳимова С.Р., муаллимони калони кафедра Ғуломова С.Н., Ашуров А.Ҷ., Ҳалимова М.Р., Салихова Л.Н. корҳои илмӣ бурда истодаанд.
Устодон аз фанҳои методикаи таълими забон ва адабиёти рус, курси амалии адабиёти рус, муқаддимаи адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърихи адабиёти рус, таърихи адабиёти хориҷӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёти муосири рус ва ғайраҳо дарс мегузаранд.
Кафедра алоқаҳои доимӣ бо донишкада ва донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия дорад: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянию Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Тула ва дигарон.
Кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултети забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай дар соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент Звагелский, н.и.ф. Бжассо,н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина, Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Рахимова ва дигарон кор мекарданд.
Сон Л.М. ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус дар солҳои 1982-1986 кор мекард. Дар ин айём дар ин кафедра омӯзгорон Ващенко А.С., Брагин Г.Г., Драгунова Е., Зеленкова Н.В., Салихов Н.Н., Путинцева Е., Рахимова С.Р., Нозимов А.А., Столштейн Н., Каримова У.С., Абдуллоева С., Валиев Н.У., кор ва фаъолият мебурданд.
Дар солҳои 1988-1992 Нозимов А.А. ба сифати мудири кафедра кор мекард. Ҳоло Нозимов А.А. доктори илмҳои филологӣ, профессор, иҷрокунандаи директории филиали МГУ ба номи М.В. Ломоносови ш. Москва дар Тоҷикистон мебошад.
Салихов Н.Н. доктори илмҳои филологӣ, профессор. Дар солҳои 1992-2000-ум ба сифати мудири кафедра кор ва фаъолият мекард. Айни замон вай дар вазифаи раиси КОА ҳимояҳои докторӣ ва номзади Донишгоҳи славянӣ–русии Тоҷикистон кор мекунад.
Қодиров Н.С. муаллими калон. Ба сифати мудири кафедра дар солҳои 2001-2002 кор кардааст. Донишманди хуби адабиёти рус ба шумор мерафт.
Раҳимова С.Р., н.и.п. хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Дар солҳои 2001-2002 ба сифати мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус кор ва фаъолият мекард. Аз соли 2002 то соли 2011 ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус фаъолият намуд. Дар ҷараёни фаъолияташ вай шогирдони зиёде тайёр карда, ба сифати омӯзгорони ҳамин факултет ба кор даъват карда шуданд. Соли 2012-ум вай рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тарбияи маънавӣ дар дарс-мубоҳиса дар синфҳои болоии мактабҳои тоҷикӣ» дифоъ намудааст. Ӯ ба «Ифтихорномаҳои фахрӣ» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2016 бо унвони «Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардид. Муаллифи зиёда аз 22 мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад. Айни замон Раҳимова С.Р. аз фанҳои методикаи таълими адабиёти рус ва адабиёти хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад.
Валиев Н.У., номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Муддате ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Ҳоло бошад, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст. Дар айни замон Валиев Н.У. дар кафедра ба сифати ҳамкор фаъолият мекунад.
Бобоқулов Ҷ.А., номзади илмҳои филологӣ. Аз соли 2011 то соли 2013 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Аз соли 2013 то соли 2017 вазифаи декани факултетро иҷро намуд. Моҳи сентябри соли 2016 рисолаи номзадиашро бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Н.Н. дар мавзӯи «Хусусиятҳои бадеӣ-услубшиносии тарҷумаи асарҳои Иван Бунин ба забони тоҷикӣ»-ро дифоъ намуд. Муаллифи зиёда аз 26 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои адабиёти муосири рус ва назарияи адабиёти рус дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад. Аз соли 2017 то инчониб мудири кафедраи болозикршуда мебошад. Соли 2020 бо карори Шӯрои олимони донишгох ба унвони дотсенти кафедра ноил гардид.
Зиёда аз 20 сол аст, ки ҳаёт ва фаъолияти кории Саидова Изатмо ба кафедра алоқаманд мебошад. Вазифаи коргузори кафедраро ба ӯҳда дорад. Корманди пуртаҷриба буда, ҳуҷчатнигории кафедраро ба талаботи ҳозира ҷавобгӯй ба роҳ мондааст.
Ашуров Азамат Джумаевич
номзади илмҳои филологӣ, муаллими калон
Иброҳими Аҳмадхон
ассисстент
МАҲФИЛИ «ЧАРОҒИ САБЗ»
Дар давоми якчад сол (2003-2021) дар кафедра маҳфили илмии “Чароғи сабз” кор ва фаъолият мекунад.
Роҳбари маҳфил муаллими калон Ҳалимова М. Р. Мебошад, ки аллакай дар давоми ин солҳо на танҳо бо аъзоёни маҳфил пурсамар ҳамкорӣ мекунад, балки бо донишҷӯёни факултет бо мақсади ҷалб намудани аъзоёни нав ба маҳфил робитаи дорад. Ин шакли фаъолияти мудири маҳфил дар бобати минбаъд ба фаъолияти мустақилонаи илмӣ ҷалб намудани донишҷӯён ва аъзоёни маҳфил,тайёр кардани реферат, корҳои курс ва мақолаҳо натиҷаҳои мусбат медиҳад. Ҳар сол ҳайати маҳфил бо аъзоёни нав пурра карда мешавад. Маҷлисҳои маҳфил моҳе як маротиба дар кабинети адабиёт баргузор шуда, бо шаклҳои гуногуни шавқовар мегузарад. Дар ин бобат устодони кафедра, ки донишҷӯро барои баромад тайёр мекунанд, нақши калон мебозанд. Маҳфил аз 15 нафар донишҷӯёни курси якум то курси чорум иборат аст. Аз аввали соли хониш тибқи нақшаи тартибдода ва тасдиқшуда ҳашт ҷаласаи маҳфил гузаронда шудааст.
Иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва илмӣ мақсади асосии иштирокчиёни маҳфил мебошад.
Иштироки фаъолонаи аъзоёни маҳфил дар рӯзи донишҷӯён, ки дар он бо шавқу завқ аз ашъори шоирони рус баромад намуданд, озмунҳо байни факултетҳо, викторина байни донишҷӯён, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиро дар хобгоҳ қайд кардан зарур аст. Ин аз тайёрии бодиққат ва софдилонаи ҳар як аъзои маҳфил ва роҳбари шаҳодат медиҳад.
1 ноябри соли 2022 бо иштироки аъзоёни маҳфил дар факултет конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 225-солагии асосгузори адабиёти классики рус А. С. Пушкин гузаронида шуд.
Валиев Н.У., Бобокулов Д.А. Учебное пособие “Практический курс русской литературы”.
Асоева К.А. Монография. Типы подчинительной связи слов в словосочетаниях и простом предложении в русском и таджикском языках.
Диплом. Институт повышения квалификации. Бобокулов Д.А.
Удостоврение. Институт повышения квалификации. Бобокулов Д.А.
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 2-юм, утоқи №203
Телефони корӣ: (+992)938792391
E-mail: k-adabiyoti.khoriji@kgu.tj