,
Душанбе, 09-декабр
Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ узви таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар ихтисосҳои «Таҳсилоти томактабӣ», «Таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносии амалӣ», «Дефектология», «Сурдпедагогика, таҳ силоти томактабӣ», «Олигофренопедагогика, таҳсилоти томактабӣ», «Логопедия, таҳсилоти ибтидоӣ», аз фанҳои педагогикаи томактабӣ ва курси амалии он, психологияи бачагона ва курси амалии он, забони адабии ҳозираи тоҷик, физиологияи синнусолӣ, табиатшиносӣ, тайёр намудани кӯдак ба мактаб, афкори педагогикаи халқи тоҷик ва ғайра дарс мегӯянд. Дар кафедра 1- нафар профессор, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, номзади илмҳои педагогӣ, 3- н Шарипов Бахтовар, Даминова Арафамо, Ғафоров Абдусаттор, муаллимони калон: Табарова Зарторбӣ, Гулмадова Умеда, ассистентон: 12 –н Валиева Саъбагул, Абдуллоева Шаҳноза, Сайдалиева Соҷида, Саодати Раҳмоналӣ, Қосимов Пулод, Қиматгули Аҳмад, Баротов Нозим, Зарифов Нурхон, Шералиева Анварбӣ, Шоимардонова Мунира, Тағоева Сайлонбӣ, Фозилов Субҳон., Рузиева Барно, Қурбонализода М. дарс мегӯянд.
Кафедра таърихан аз соли 1968 бо номи кафедраи «Педагогика ва психология» таъсис ёфта, айни замон бо номи кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ фаъолият дорад. Дар ин давра ба он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ Афзалов Хайрулло, Иззатова Муҳаббат Иноятовна, Тилло Бобев, Мирзоев Салим, Ибодов Назрулло, Фархуддинов Юсуф, Даминова Арафамо, Табарова Зарторбӣ, Бозоров Хушвахт роҳбарӣ намуда буданд ва дар айни ҳол мудири кафедра Шарипов Бахтовар мебошад. Саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани заминаи илмӣ, таълимӣ, методии кафедра боиси дастгирӣ мебошад. Ба омӯзгорони ҷавони кафедра дар ҷодаи омодагӣ ба дарсҳо, аз худ намудани маводҳои таълимӣ, тарзу усулҳои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ёрии ҳамаҷониба мерасониданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи чунин заҳмат ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи онҳо буд, ки дар кафедра омӯзгорони ҷавони умедбахш дар соҳаи тарбияи томактабӣ Шарипов Бахтовар, Даминова Арафамо, ба камол расиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар тули 75-соли рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллҳои Рӯдакӣ шахсони зерин роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд:
Тилло Бобоев (1971-1977) мудири кафедра, Мирзоев Салим (1977-1977), Афзалов Хайрулло (1980-1985), Иззатова Муҳаббат Иноятовна (1985- 2005), Ибодов Назрулло (2005-2007), Ҳалимов Давлатбӣ (2007-2011), Юлдошева Ҷамила (2011-2012), Даминова Арафамо (2012-2013), Фархуддинов Юсуф (2013-2014), Ҷураев Бобохон (2014-2015) Табарова Зарторбӣ (2016-2017), Бозоров Хушвахт (2018-2020), Шарипов Бахтовар (2021) то имрӯз ба ӯҳда дорад. Саҳми мудирони номбурда дар пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии кафедра ва дар маҷмӯъ дар донишгоҳ, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон сазовори таҳсин аст. Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ дар тайёр намудани мутахассисони сифатан ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзи донишгоҳ ва кишвар корҳои назаррасро анҷом додааст.
Шарипов Бахтовар
номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра
Ғаффоров Абдусаттор
номзади илмҳои педагогӣ
Саодати Раҳмоналӣ
номзади илмҳои педагогӣ
Абдуллоева Шаҳноза
ассистент
Гулмадова Умеда
муаллими калон
Сайдаҳмадова Садбарг
муаллими калон
Назарова Хосият
ассистент
Шоимардонова Мунира
ассистент
Ноҳира Ҳақназарзода
ассистент
Қосимов Пулод
ассистент
Дар кафедра 2-маҳфил амал мекунад "Педагогикаи томактабӣ” ва “Равоншиноси ҷавон" Аз соли 2022-2023 роҳбари маҳфили "Педагогикаи томактабӣ” ба зиммаи Муаллими калони кафедра Гулмадова Умеда ва маҳфили “Равоншиноси ҷавон" ба зимаи Қурбонализода Мақсуд гузошта шудааст, ки аъзоёни ин маҳфилҳо 31 нафарӣ мебошанд. Ҳамасола аъзоёни фаъоли маҳфил дар конференсияи илмӣ - назариявии апрелии кафедра бо маърӯзаҳо баромад мекунанд ва пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангии донишгоҳ ва шаҳр фаъолона ширкат меварзанд.
Мутобиқи нақшаи тасдиқ гардида дар як моҳ 2-маротиба ҷамъомади маҳфилҳо гузаронида мешавад. Маҳфил 31 аъзо дорад.
Дастовардҳои муҳим ва асос дар соли таҳсили 2023-2024 ин пеш аз ҳама ба корҳои илмӣ- таҳқиқоти машғул шудани омӯзгорони ҷавон ва навкори кафедра ба шумор меравад, бояд қайд намуд, ки дарс соли таҳсили 2023-2024 як нафар огмӯзгори калони кафедра Саодати Раҳмоналӣ мавзӯи таҳқиқотии худро дифо намуда соҳиби дараҷаи илмӣ гардидааст, ҳамзамон кафедра имсол як маҳфили нав зери унвони минбари психологони ҷавон таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро профессори кафедра Иззатова М. И. роҳбари менамояд, дар ин робита бояд қайд намуд, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедра дотсент, Шарипов Б.Ф., саромӯзгорони кафедра Абдуллоева Ш, С. Табарова З ва ассистенти кафедра Шоимардонова М ҳамасола вобаста проблемаҳои кафедра дастур, васоити таълими ва монографияҳои пешниҳоди хонандагон мегардонанд.
Аз 17-нафар коргари доимии кафедра 14-нафар омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд, 4-нафар омӯзгорони собиқадори кафедра ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғул нестанд, аммо барои навиштани дастурҳои таълимӣ-методӣ ва васоити таълимӣ ӯҳдадорӣ гирифтаанд, 2 нафар омӯзгорони кафедра, ки як нафари онҳо (Шоимардонова М ва Бобоева М) мавзуъ ва роҳбари илмии худро интихоб намуда, дар рӯзҳои наздик барои тасдиқ ба Шурои олимон пешниҳод менамояд.
Дар кафедра соли 2023-2024 ду конференсия баргузор гардид, ки яке дар таърихи рӯзҳои 10 то 13 апрел оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён, ки дар он 20 маърӯзаи омӯзгорон, 2 маърӯзаи магистрантон ва 12 маърӯзаи донишҷӯён шунида шуд; рӯзи 10-уми ноябри соли 2023-2024 Конференсияи илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ дар мавзӯи «Муносибати инсонгарона ва муҳити муносиб ба таълиму тарбияи кӯдакони маъюб» гузаронида шуд, ки дар он 5 маърӯза шунида шуд. Дар моҳи ноябр соли 2023-2024 кафедра як мизи мудаввар дар мавзӯи нақши волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гузаронид ва нимаи дуюми моҳи апрел конференсия таҳти унвони «Технологияи корҳои иҷтимоӣ бо кӯдакони маюб»-ро ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон кафедра саннаи 31 майи соли 2023 Конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳқиқи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо кӯдакон» гузаронид ва дар Конференсия 15 мавзӯ аз бахши таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ ва дар бахши психологияи бачагона бошад 17 маърӯза шунида ва муҳокима гардид.
Дар кафедра семинари илмӣ-назариявӣ зери роҳбарии ассистент., Назарова Х. фаъолият менамояд, ки аз аввали соли таҳсили 2023-2024 то ҳол 10 маротиба гузаронида шудааст. Тибқи нақша моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки дар он омӯзгорон аз дохили корҳои илмӣ-таҳқиқотиашон бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва устодони унвони илмидошта оид ба таълифи мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои магистрӣ ва докторантӣ баромадҳо менамоянд, ки матнҳои ин баромадҳо дар кафедра маҳфуз мебошад;
Дар соли 2023-2024 аз тарафи устодону омӯзгорон, унвонҷӯён, аспирантон дар қатори дигар фаъолияти кориашон, 2 дастури илмӣ-методӣ, ва 4 мақола таълиф намуда, ба маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла,
Монография ва дастурҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ:
Мақолаҳо:
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 2-юм, утоқи №13
Телефони корӣ: (+992) 944181920
E-mail: k-tahsiloti.tomaktabi@kgu.tj