, Якшанбе, 08-декабр

Раёсати илм ва инноватсия


Раёсати илм ва инноватсия сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, ташкил ва  гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро дар донишгоҳ ба танзим медарорад.

Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишгоҳ ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, маҳсуб меёбад.

Раёсат фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Вазифаи асосии Раёсати илм ва инноватсия аз инҳо иборат аст:

    • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
    • ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
    • таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
    • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
    • таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
    • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
    • анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
    • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
    • ташкили табъу нашри маҷмӯаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ;
    • ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
    • назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғайра;
    • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
    • танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
    • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
    • назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён.

Ҳайати кормандон

sharipov a
   Шарипов Анвар Абдурасулович

  номзади илмҳои педагогӣ, сардори раёсат
  Тел: (83322) 2-41-06
   E-mail: ilm-kgu@bk.ru





Safarzoda M
  Сафарзода Манучеҳри Наҷот
  номзади илмҳои филологӣ, муовини сардори раёсат
   E-mail: nadzhotzoda@mail.ru






Шердил

  Исуфов Шердил Ватанович  
  сармутахассиси  раёсати илм ва инноватсия
  E-mail:  sherdil.isufov@mail.ru







Сайдалиева
 Сайдалиева Фотима Обидовна
 мутахассиси раёсат
 E-mail: fotim8888@mail.ru






Kholova Gh

 Холова Ғалатӣ
 мутахассис
 E-mail: sada1970@mail.ru






Rahimova Q
Раҳимова Қурбонбӣ
мутахассиси раёсат
E-mail: r.kurbonbi@bk.ru






Мисқолби
  Раҳмонова Мисқолбӣ
  мутахасси раёсат







img_888
  Ҳамидова Дилрабо Ҳамидовна
  мутахассиси раёсат
 E_mail: dilrabohamidova078@gmail.com 







Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 3-юм, утоқҳои №301, 302, 304, 306

Илм ва инноватсия

ОХИРИН ХАБАРҲО