, Шанбе, 12-октябр

Шуъбаи умумӣ


Шуъбаи умумии донишгоҳ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомнома ва Оинномаи донишгоҳ фаъолият мекунад.

Шуъбаи умумӣ яке аз қисмҳои асосии сохтори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба шумор рафта, вазифаи асисиии он аз инҳо иборат аст:

  1. қабулу ирсоли ҳуҷҷатҳо ва мактубҳо;
  2. бақайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба роҳбарияти Донишгоҳ пешниҳод намудани ҳуҷҷату  аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон
  3. назорати доимӣ аз болои иҷроиши онҳо;

Ҳамарӯза шуъбаи умумӣ кори худро аз бақайдгирии хуҷҷатхои  дохилии донишгоҳ ва мактубҳои воридотию содиротӣ ва инчунин,  фармоишҳои аз ҷониби ректори донишгоҳ ба шуъба воридшуда  оғоз менамояд. Баъди пешниҳод  ба ректори донишгоҳ  ин ҳуҷҷатҳо ба шуъбаҳо  ирсол гардида, ба шахсони муттасадӣ бурда расонида мешаванд.

Дар шуъбаи умумии донишгоҳ шахсони зерин вазифаи роҳбарикунандаро иҷро намудаанд:

  1. Тиллоева Туйдихон Неъматуллоевна  (1993-2003)
  2. Холова Ғалатӣ Санговна  (1996-2004)
  3. Раҳимова Қурбонбӣ Одинаевна  (2009-2010)
  4. Даминзода Хатича Азимовна  (2010-2012)
  5. Ташрифова Мавлюда Раҳматихудоевна (2014-2018)
  6. Носирова Оламбӣ Сафаралиевна (2018 то инҷониб)

Вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаи умумӣ

Мудири шуъбаи умумӣ

  1. Ба роҳ мондан ва такмил додани коргузорӣ дар шуъба;
  2. Ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо;
  3. Назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилоти болоӣ, фармоишҳои роҳбарияти донишгоҳ, пешниҳод ва аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон;
  4. Ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои муҳлати истифодабариашон ба итмомрасида;
  5. Шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилиро мудир роҳбарӣ мекунад;
  6. Ташкил ва зери назорат гирифтани масъалаҳое, ки пурра ҳаллу фасл шудаанд ва муҳлати иҷроишашон ба итмом расидааст ва пешниҳоди маълумотнома ба ректори донишгоҳ оид ба воридот ва содироти мактубҳо.

Мутахассис

  1. Вазифаҳои техникиро доир ба таъмини кори пурмаҳсули ректори донишгоҳ иҷро менамояд;
  2. Бо принтер ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ менамояд;
  3. Ҳуҷҷатҳоро ҷо ба ҷо карда ба бойгонии донишгоҳ месупорад;
  4. Ҳуҷҷатҳои доимо истифодабарандаи шуъбаро дар бойгонии донишгоҳ ҷорӣ ба танзим дароварда, амнияти онҳоро ҳифз менамояд.

Хаткашон

  1. Ҳуҷҷатҳои лозимаро сари вақт ба суроғаи лозимӣ расонад;
  2. Аз шуъбаи алоқа мактубҳои арзишнокро бо имзо гирифта метавонад;
  3. Мактубҳои содиротиро ба қайд гирифта, ба шуъбаи алоқа мефиристонад;
  4. Ҳуҷҷатҳои лозимаро ба мутахассисҳои дахлдори болоӣ расонад;
  5. Мактубҳои ба донишгоҳ воридшударо ба танзим дароварда, онҳоро ба шуъбаҳои дахлдор сари вақт расонад.

Ҳайати кормандон

Nosirova O
 
   Носирова Оламбӣ 
   мудири шуъба






Sijoarova A

Сиҷоатова Адолат

сармутахассиси шуъба






Nazarova R

  Назарова Руқиямо
 
  мутахассис-ҳуҷҷатгузор






Adolati Kh

  Қурбонова Зикамо

  хаткашон 






Qurbonova Z

  Адолати Хуршед
  
  мутахассис- назоратчӣ






Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 1-ум, утоқи №102
Телефони корӣ: (8 33 22) 2-35-94
E-mail: kadr@kgu.tj 

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО