, Душанбе, 23-март

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн


Дар бораи кафедра

Кафедраи илмҳои компютерӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ – методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултети физика ва математика аз фанҳои тахассусии вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 22 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна, 1 нафар дотсент, ҳамкори беруна, 3 нафар номзади илм, дотсент, ҳамкори доимӣ, 4 нафар номзади илм, муаллими калон, ҳамкори доимӣ, 4 нафар муаллими калон, 7 нафар ассистент, 1 нафар лаборант ва 1 нафар коргузори кафедра мебошанд.

Дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ (Ятимов Ҳ.Т., Сафаров С.Ҳ.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Шоҳсанами Р.), ки холо хатм кардааст ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд.


Таърихи кафедра

Кафедраи илмҳои компютерӣ аз 12-июни соли 2013 дар асоси фармони №125 ректори донишгоҳ аз таркиби кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор ҷудо шуда мустақил гардид. Мудири аввалини он номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Одиназода Сафаргул Атабек буданд. Аз сентябри соли 2014 то октябри соли 2015 ин вазифаро муаллими калон Азимов С.Д., аз соли 2015 то 2019 вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Рафиев С.А., аз моҳи марти соли 2019 то августи 2021 ин вазифаро Холов А.А., аз моҳи августи соли 2021 н.и.п., муаллими калон Давлатов Раҳмоналӣ Муродалиевич ба ӯҳда доштанд. Айни замон аз 21.02.2022 сол вазифаи мудирии кафедраро н.и.т., муаллими калон Шарипов А.П. ба зимма дорад.  


Ҳайати кафедра

Шоҳсанами Р

  Шоҳсанами Ризо
  н.и.п, муаллими калон, мудири кафедра
  E-mail: dieva@mail.ru






Сафарзода М

 

Сафарзода Мунир Ватан
номзади илмҳои педагоги , дотсент
E-mail: munir11@mail.ru





Рафиев С


Рафиев Сафархон Аюбович
номзади илмҳои педагогӣ , дотсент
E-mail: safarkhon@mail.ru

 




Самаридинова З


Самариддинова Зайнаб Наимовна
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
E-mail: ilmkgu@bk.ru





579946762_1386453810148952_8768507529339127074_n
 Фурқати Сикандари
 н.и.п., и.в. дотсент






Абдулҳаева Ҳалима


  Абдулҳаева Ҳалима Сайдаброровна
  муаллими калон


 



Ятимов Ҳ


  Ятимов Ҳомид Тоирович

  Муаллими калон
  E_mail: homid-33@mail.ru






Ғуломов С


Ғуломов Суҳроб Рустамович
ассистент
E-mail: suhrob.41@mail.ru

 



Алиева Ф


 Алиева Фарзона Ҷумахоновна
 асситент






Сафаров С

  Сафаров Сафарали            
  ассистент

 

 




IbrohimiYu
 Иброҳими Юсуф
  ассистент








 

Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфили “Барномасозони ҷавон” амал мекунанд. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад. Дар 2 соли охир бо ташаббуси кафедра 2 чорабинии илмӣ дар сатҳи донишгоҳ гузаронида шуд: 1 форум таҳти унвони «Ҷавонон кибертерроризмро маҳкум менамоянд» ва 1 конференсия таҳти унвони «Тадбиқи имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар шароити муосир» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 918846385
E-mail: k-ilmhoi.komuteri@kgu.tj 

Кафедраҳо