, Сешанбе, 21-апрел

ФАКУЛТЕТҲО» Омӯзгорӣ ва фарҳанг



МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг соли 1968 ки шуъбаҳои методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, педагогика ва психологияро дар бар мегирифт, таъсис дода шуда, дар тайёр намудани омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

Ҳайати устодону омӯзгорони факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, ки иборат аз 2 нафар доктор, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова М.И. ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бозоров Х.  8 нафар дотсент, (7 нафар корманди асосӣ), 7 нафар дотсент, Шералиева С.М., Гулматов М., Файззода Б.Ф., Акбарзода М.Н., Раҷабзода Д., Мирзоева Б.И., Ҷурахонзода Г.С.  7 нафар номзади илм (5 нафар корманди асосӣ) н.и.п.Фархуддинов И., н.и.п, Гулмадзода У.Ф., н.и.п. Ғафоров А., н.и.п. Ёрмадзода А.Ҷ., н.и.п. Маҳамадизода А. М., н.и.п. Саодати Рањмоналӣ, 1 нафар ҳамкори беруна н.и.п. Даминзода  А., 18 нафар муаллими калон (корманди асосӣ) 19 нафар ассистент (17 нафар корманди асосӣ, 2 нафар ҳамкори дохила), 3 нафар ба ҳайси лаборант, 1 нафар ба ҳайси коргузор мебошад, ки дар маҷмуъ 57 нафар устодону омӯзгоронро ташкил медиҳанд, талош бар он намудаанд, ки дар иҷрои масъулияти басо муҳим, таълиму тарбияи насли ҷавон, ки ояндаи давлат ва миллат ба ҳисоб мераванд, саҳми хешро гузоранд.

Дар соли таҳсили 2025-2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар таълими рӯзона 468 нафар донишҷӯ, 344 нафар духтар, 124 нафар писар, 239 нафар тариқи шартномавӣ, 232 нафар тариқи буҷавӣ ва 15 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин дар шуъбаи магистратураи факултет 44 нафар, ки аз ин шумора 37 нафарашро духтарон ва 7 нафарашро писарон ташкил мекунад, таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии таҳсилкунандагони шуъбаи магистратура 1 нафар тариқи шартномавӣ ва 43 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар зинаи докторантура 8 нафар.

Дар таълими фосилавӣ 1506 нафар донишҷӯ, 1471 нафар зан, 35 нафар мард, 1010 нафар тариқи шартномавӣ, 496 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил мекарданд.

Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2025-2026 дар таълими рӯзона, фосилавӣ, шуъбаи магистратура ва докторантураи факултет 2375 нафар донишҷӯ, магистрант ва докторант таҳсил мекунад.

Соли таҳсили 2025-2026 факултетро дар таълими рӯзона 145 нафар, дар таълими фосилавӣ 347 нафар ва дар зинаи магистратура 12 нафар, дар маҷмӯъ 504 нафар донишҷӯ ва магистрант (23 гурӯҳи таълимӣ) аз рӯйи ихтисосҳои гуногун хатм намуданд, ки аз инҳо 4-нафар донишҷӯ (таълими рӯзона) ва 2 нафар магистрант бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуданд.

Дар факултет дар соли таҳсили 2025-2026 донишҷӯён аз рӯи 14 ихтисос: Таҳсилоти ибтидоӣ, Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ, Таҳсилоти томактабӣ, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ, Равоншиноси амалӣ, Дефектология, Сурдопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ, Олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ, Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ , Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ, Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ, Таҳсилоти томактабӣ.Равоншиноси амалӣ таҳсил намуда истодаанд. Ба таълими рӯзонаи факултет 229 нафар донишҷӯён (14 гурӯҳи таълимӣ) аз рӯи ихтисосҳои номбурда қабул карда шудаанд, ки аз инҳо 85 нафарашон тариқи буҷавӣ, 8 нафар тариқи квотаи Президентӣ, 129 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар таълими фосилавӣ бошад дар соли таҳсили 2025-2026 9 нафар донишҷӯён (1 гурӯҳи таълимӣ) қабул карда шудаанд, ки аз инҳо 9 нафар тариқи шартномавӣ, дар таълими ѓоибона бошад 190  нафар тариқӣ буҷавӣ, 34 нафар тариқи шартномавӣ мебошанд.

Дар соли таҳсили 2025-2026 дар факултет 7 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳазонидашуда фаъолият мекунад. Дар ҳафт синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳазонидашуда омӯзгорон аз рӯи ҷадвалӣ дарсие, ки дар худи ҳамин синфхонаҳо овезон аст, дарс мегӯянд.

Дар факулта 3 кафедра амал менамояд:

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо:

Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо аз соли 1969 арзи вуҷуд дорад. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот буданд. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п. дотсент, Ҷурахонзода Г.С. ба уҳда доранд.

Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ:

Кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ. Кафедра таърихан аз соли 1968 бо номи кафедраи «Педагогика ва психология» таъсис ёфта, айни замон бо номи кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ фаъолият дорад.Устодони зерин солҳои тулонӣ ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намудаанд: Мирзоев С.С., Ҳафизов С.Б., Ибодов Н., Иззатова М.И., Ҳалимова Д., Табарова З., Бояхмадов Ш., Юлдошева Ҷ., Даминова А. ва гайраҳо. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п.,дотсент Файззода Б.Ф. ба уҳда доранд. 

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо:

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо соли 2022 таъсис ёфт. Устодони ин кафедра Акбарзода М.Н., Давлатов Т., Гулмадов М., Анварзода Д.А., Мавлонзода С. ва ғайраҳо мебошанд. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п. Акбарова М.Н. ба уҳда доранд.


ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Дар солҳои 60-уми асри XX дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон миқдори хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакони синну соли томактабӣ афзоиш меёбад. Талабот ба муаллимони касбии синфҳои ибтидоӣ ва кормандону мураббиёни муассисаҳои таълимиву тарбиявии томактабӣ зиёд мешавад.

Бо мақсади ба мутахассисони касбӣ таъмин намудани синфҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар соли таҳсили 1968-1969 дар назди Донишкадаи омӯзгории давлатии шаҳри Кӯлоб факултети «Педагогика» таъсис дода шуд, ки он аз ду шуъба: шуъбаи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ бо ихтисоси муаллими синфи ибтидоӣ ва шуъбаи педагогикаю психологияи томактабӣ бо ихтисоси мураббии боғчаи бачагон ва муаллими фанҳои педагогикаю психологияи томактабӣ иборат буд.

Дар соли таҳсили 1968-1969 ба курсҳои якуми факултет 150 нафар донишҷӯён қабул гардида буданд.

Аз ин миқдор 100 нафар дар шуъбаи таълими рӯзонаи ду гуруҳи МТИ (50 нафар) ва ду гуруҳи шуъбаи педагогика ва психология; 50 нафар дар гурӯҳҳои МТИ ва тарбияи томактабӣ дар шуъбаи таълими ғоибона.

Дар соли таҳсили 1968-1969 ҳануз дар факултет кафедраҳо таъсис наёфта буданд ва ба донишҷӯён омӯзгорони кафедраҳои донишкада хизмат мерасониданд. Омӯзгорони аввалини факултет Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Давлатмурод Расулов, Яркаева Ганзия Шариповна, Ёралӣ Содиқов, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Муродалӣ Набиев, Одина Давлатов, Исроил Исмоилов, Наҷот Сафаров буданд.

Дар соли хониши 1969-1970 дар назди факултет кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ таъсис ёфта буд. Соли 1974 ин кафедра методикаи таълими ибтидоӣ номида шуд.

Мувофиқи фармони ректори донишгоҳ Қодиров К.Б. аз 4-ноябри соли 2010, №124 ба кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ гузошта шуд, ки ин ба номи нави факултет “Факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ” мувофиқ буд.

Соли 1973 кафедраи тарбияи томактабӣ таъсис дода шуд.

Факултет дар солҳои декании Қаландаров К, Бобоев Т. Б. дар соҳаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.

Бо пешниҳоди декани факултет Расулов Д. дар назди факултет як гурӯҳ ихтисоси биология, гурӯҳи таълимии методикаи таълими ибтидоӣ бо забони узбекӣ кушода шуд. Кафедраи забони русии факултет таъсис дода шуд ва ба вазифаи мудир номзади илмҳои филологӣ Сайдаҳмадов Аймамад таъйин гардид. Дар ин кафедра омӯзгорон В. Н. Николайчук, Л.И. Норбекова, Р.Д. Хостикоева, Сайдалиев Додарбек, Муродов Темур фаъолият доштанд. Бо ташаббуси декани факултет Расулов Д. дар назди факултет кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуда, дар он номзадҳои илми педагогӣ Расулов Д, Қодиров Қ, Гулмадов Ф ва дигарон ба донишҷӯён аз фанҳои сикли педагогию психологӣ дарс мегуфтанд.

Як қатор омӯзгорони факултет, аз ҷумла Изатуллоев К, Набиев М, Исмоилов И, Қаландаров К, Иззатова М, Ибодов Н, Мирзоев С, Дӯстов С, Маҳмадалиева ва дигарон дар баробари иҷро намудани вазифаҳои омӯзгорӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро ба ҷо оварда, рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, китобҳои дарсӣ, васоитҳои таълимӣ навиштанд. Аз ҷониби устодони факултет Изатуллоев К, Ибодов Н, Ҳалимов Ғ. китобҳои дарсии математика барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, Набиев М. китоби дарсии забони адабии ҳозираи тоҷик, Ҳалимов Д. дар ҳаммуалифӣ китоби дарсии «Санъат ва меҳнат» навишта шуда, дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидаанд.

Ҳамин тавр, дар факултет барои ба сифати баланд гузаронидани ҳамаи шаклҳои таълим бо донишҷӯён ба базаи устувори кадрии педагогӣ ташкил ёфтааст.

Ёдовар шудан лозим аст, ки як гурӯҳ омӯзгорони факултет бо унвонҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд, аз ҷумла Арабов И. А. доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Қодиров Қ.Б. доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Ҷумҳурӣ, шодравон Афзалов Х. доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Паҳлавонов А.,Иззатова М.И. доктори илмҳои педагогӣ, Гулмадов Ф, доктори илмҳои педагогӣ, шодравон Мустафоқулов Т., номзади илмҳои психологӣ.

Пурқувват гардидани асоси илмию кадрии факултет боиси зиёд шудани нақшаи қабули донишҷӯён гардид. Агар дар соли аввали ташкилёбӣ дар шуъбаи таълими рӯзона 4 гурӯҳ ва дар шуъбаи таҳсили ғоибона 2 гурӯҳ таҳсил мекарданд, онгоҳ дар солҳои 80-уми асри XX (давраи аз тарафи Расулов Д. ба ҷо овардани вазифаи деканӣ) миқдори гурӯҳҳои таълими рӯзона ба 6 ва ғоибона ба 4 гурӯҳ расида буд.

Факултет дар солҳои фаъолияташ шахсони арзандаи ҷамъиятро ба камол расонидааст; Ҳалимов А- доктори илмҳои педагогӣ, Иззатова М, доктори илмҳои педагогӣ, и.в.профессор, Мустафоқулов Т н.и.п дотсент, Мирзоев А. н.и.п., дотсент, Ғафурова Д., н.и.п., дотсент, Бозоров Х н.и.п.дотсент, Мирзоев С, д.и.п. Гулмадов Ф., д.и.п., Ҳошимова М., н.и.п, Юлдошева Ҷ н.и.п, Камолова Х., н.и.фалсафа, Фархудинов И., н.и.п.,Шералиева С.М.н.и.ф, дотсент, Акбарова М.Н.н.и.п., Бозоров Х.н.и.п., дотсент, Шарипов Б.н.и.п., Мирзоева Б.И. н.и.п., Даминова А.н.и.п., Шарипов А. н.и.п., Дилафрӯзи Р. н.и.п. Аз байни собиқ омӯзгорони факултет шахсони болаёқату илмдӯст ба зинаҳои баланди илм расидаанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ, академик, шодравон Қодиров Қ.Б., доктори илмҳои педагогӣ, академик, марҳум Паҳлавонов А, марҳум Афзалов Х. ва дигарон.

Қисме аз хатмкунандагони факултет дар вазифаҳои гуногуни давлатию қудратӣ кор карда истодаанд: Сабуров П. – директори Литсейи №1-и ш.Кӯлоб, Даминова Арафамо дар вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Сафарзода Д.Ҷ. муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. Аз аввали таъсисёбӣ то ин ҷониб сарварии факултаро шахсони зерин ба ҷо овардаанд:

Нахустин декани факултет Чалишев Соат (солҳои 1969 – 1970). Сипас Сайдаҳмад Исоев (солҳои деканӣ: 1970 – 1971), Кароматуллои Қаландар (солҳои 1971-1974), Бобоев Тилло (солҳои 1974-1982) Расулов Давлатмурод (солҳои 1983-1993), Назрулло Ибодов ( солҳои 1994 – 2005), Иззатова Муҳаббат Иноятовна (солҳои 2005-2012), Юлдошева Ҷамила Юревна (солҳои 2012-2014), Пирназаров Эмомназар Анварович (соли 2014), Назаров Ҳотам Сарфарозович (солҳои 2015-2016), Шералиева Садбарг Маҷидовна (солҳои 2016-2017), Даминова Арафамо (соли 2018), Лоиқов Парвиз Ҷумахонович (солҳои 2018-2021), Акбарова Маҳрамбӣ Нусратуллоевна (солҳои 2019-2021), Давлатов Миралӣ Абдусамадович (солҳои 2021-2023), Исозода Парвиз (солҳои 2023-2025), айни замон декании факултетро н.и.т., дотсент Комилзода Насим Иброҳим ба уҳда доранд.


САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ

KomilzodaN

  КОМИЛЗОДА НАСИМ ИБРОҲИМ 
 декан

                       

                 




YormatovA

  ЁРМАТЗОДА АЛИШЕР ҶОЛМАТ 
 ҷонишини декан оид ба таълими рӯзона

                        





GulmadzodaU

 

ГУЛМАДЗОДА УМЕДА  ФАРИДУНШО
ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ

                        

 



MahmadizodaA

 

МАҲМАДИЗОДА АБДУРАҲМОН МАҲМАДӢ  
 ҷонишини декан оид ба таҳсилоти фосилавӣ

                   

 

 



TaghoevS

   ТАҒОЕВ САЙМУМИН ХОЛМУРОДОВИЧ  
  ҷонишини декан оид ба тарбия

             

 

 



BoronovaM

 

 БОРОНОВА МАҲТОВБИ 
 танзимгар

           







Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2
Телефони корӣ: (+992) 3-32-11
E-mail: omuzgori@kgu.tj


Ба рӯйхат