, Панҷшанбе, 21-ноябр

КАФЕДРАҲОИ УМУМИДОНИШГОҲӢ» Забони русӣ


умумӣ

Дар бораи кафедра 

Кафедраи умумидонишгоҳии забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои ғайриихтисос аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд. Кафедраи забони русӣ дар тӯли наонқадар вақти зиёд бо дастовардҳои назарраз ноил шудааст. Аъзоёни кафедра Худойдодова Ш.З., Файзуллоева Ф.М., Асоева К.А. , Ҷумаева Д. Ҷ., Нурматова З.Ш., Назарова Р.Т. унвонҷӯёни ҳамин кафедра буданд, ки рисолаи номзадӣ дифо намуданд.


Таърихи кафедра

Дар баробари ташкил ёфтани Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб гурӯҳҳои забони русӣ низ таъсис дода шуда буданд. Донишҷӯён дар гурӯҳи хосаи русӣ таҳсил менамуданд.

 Дар рӯзҳои аввал вазифаи факултет ва кафедра аз ташкил намудани омӯзиши забони русӣ дар ҳамаи факултетҳои донишкада, инчунин таълими адабиёти рус ва хориҷӣ дар факултетҳои забону адабиёти тоҷик, таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ, физика ва математика иборат буд.

Дар соли хониши 1954-1955 дар донишкада забони русӣ аз тарафи Г. Резник, инчунин забони русӣ дар курсҳои якуми факултети физика, математика ва факултети таърих аз тарафи А.Ф.Устименко тадрис мешуданд.

Дар соли таҳсили 1971 кафедраи забони русии байнифакултавӣ таъсис дода шуд, ки дар ҳайати он В.В.Собенина, Р. Джураев, С.И.Индюков, А.Кадруллоев, В.П. Сукманова, Р. Бобохонова, С.Роговин, Р.Д. Хостикова фаъолият менамуданд. Дарсҳои назариявии онҳо фарогири масъалаҳои диалектология, таърихи грамматика, забони адабии ҳозираи рус ва забони русӣ буданд.

Дар соли хониши 1979 - 1980 дар кафедраи забони русии байни факултетии Донишкада 9- нафар муаллимон машғули кор буданд. Дар кафедра муаллимон:

Ҷураев Р., Ғ.М. Мирзоев, Т.В. Гриценко, В.А. Сумакова, Р.Б. Бобохонова, А.А. Ҷобирова, Т.П. Дурнева, Л.Е. Смоленкова, Ю.А. Ким, О.С. Цидаев, кор мекарданд. Аъзоёни кафедра аллакай дар донишкада таҷрибаи 5 – 10 солаи корӣ доштанд. Оид ба методикаи таълими забони русӣ дар мактаби олӣ ба хуби огоҳ буданд.

Соли 1989 кафедраи байнифакултети забони русӣ барҳам дода шуд ва аъзоёни вай ба кафедраи инкишофи нутқи шифои ва хаттӣ гузаронида шуданд. Сарварии кафедраро аввал Л.В.Рябова ва баъд Р.Д.Салимов ба зима дошт.

26 марти соли 2010 дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2010 кафедраи забони русӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуда, онҳо кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва кафедраи забони ҳозираи рус номгузорӣ карда шуданд. Асоева К.А.- и. в. мудири собиқ кафедраи забони русӣ аз 01.04.2010 ба и. в. мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ гузаронида шуд. Ба ҳайати кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ омӯзгорон ва кормандони зерин шомил буданд: Файзуллоева Ф.М., Носиршоев И., Бобохонова Р.Б., Шарипов С.Р., Каримов М., Қурбонов З., Қадруллоев А.Қ. , Муродов Р.Н. , Асоева К.А., Ҷабборов Б.О., Нурматов Ё.Э., Нозимова М., Толибова О.О., Мусоева Ҷ.

Аз соли 2011 то соли 2013 сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ Ш.З.Худойдодова ба зима гирифт.

Аз моҳи декабри соли 2013 то ин ҷониб ба кафедра номзади илмҳои педагогӣ Ф.М.Файзуллоева сарварӣ мекунад. Омӯзгорони ин кафедра: Файзуллоева Ф.М., Нурматова З.Ш., Ҷумаева Д.Ҷ., Назарова Р.Т., Муродов Р.Н., Нурова Н.Н., Толибова О. О., Эргашева Ш.К., Ҷаборов Б.О, Курбонова С. А., Тоиров С. М.

Аз моҳи январи соли 2018 кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ ба сохтори факултети филологияи рус ҳамроҳ карда шуд.

Аз 24 декабри соли 2019 бо қарори Шурои олимони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ №5 кафедраи забони русӣ аз сохтори факултети филологияи рус бароварда ба кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ табдил дода шуд.

Мудирони кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ:

  1. Тахохов Б.А. то соли 1971.
  2. Ҷураев Р. Аз соли 1972 то соли 1977.
  3. Искандарова Т. Аз соли 1977 то соли 1978 .
  4. Ҷураев Р. . Аз соли 1978 то соли 1979.
  5. Мирзоев Ғ. Аз соли 1979 то соли 1982.
  6. Дурнева Т.П. Аз соли 1982 то соли 1989.
  7. Асоева К.А. Аз соли 2010 то соли 2011.
  8. Худойдодова Ш.З. н.и.ф.- Аз соли 1911 то соли 2013.
  9. Файзуллоева Ф.М. н.и.п. -Аз 1.12.2013 сол то 1.09.2022.
  10. Файзуллоева Ф.М. н.и.п., дотсент - Аз 25.11.2022. и.в. мудири кафедра 

 


Ҳайати кафедра

Файзуллоева Ф

 

Файзуллоева Фирӯзамо Мадохировна 
мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ
E-mail: fayzulloeva65@mail.ru




Назарова Р
  Назарова Рухшона Тағаймуродовна
  номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон







Муродов Р


Муродов Равшан Назриевич 

муаллими калон

 

 



Нурова Н
  Нурова Нигина Нурибековна
  муаллими калон







Эргашева Ш
 Эргашева Шаҳноза Кугановна 
 ассистент
 Е-mail: ddkes@mail.ru






Қурбонова С


 Қурбонова Сафармо  Асадуллоевна 
 ассистент
 E-mail: ddksa@mail.ru





Ҷаборов Б
  Ҷабборов Бобомурод Отамуродович
  ассистент







Толибова О
 Толибова Озодамоҳ Олимовна
  ассистент







AlievD

 Алиев Дилшод Худойназарович  
 ассистент

 

 

 



TashrifovaM  
 Ташрифова Мавлюда Рахматихудоевна
 лаборант








Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра маҳфили «Русское слово» амал мекунад. Маҳфил 22 нафар аъзо дорад, роҳбарии онро муаллима Қурбонова С.А. ба зимма дорад. Аз ҷониби аъзоёни маҳфил дар конференсияиҳо маърӯзаҳо пешниҳод мегардад. Аъзоёни маҳфил асосан донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултетҳои ғайриихтисос мебошанд, ки дар курсҳои болои таҳсилро аз фанни забони русӣ идома намедиҳанд. Соли равон кафедра тасмим дорад, ки аъзои маҳфилро аз ҳисоби курсҳои болои низ пурра созад.

Дар кафедра семинарии илмӣ – методӣ амал мекунад, ки моҳе як маротиба ҷаласаи худро мегузаронад. Роҳбарии семинарро Ҷабаров Б.О. ба зимма дорад. Дар ҷаласаҳои семинар мавзуи кори илмии омӯзгорон, дарсҳои кушоди омӯзгорон, мақолаҳои омӯзгорон дар конференсияҳо муҳокима карда мешавад. 


Дастовардҳои кафедра


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 918267409
E-mail: k-zaboni.rusi@kgu.tj

Кафедраҳо