,
Шанбе, 04-апрел
Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз соли 1967 арзи вуҷуд дорад ва аз 09.04.2018 бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун зерсохтори факултети филологияи хориҷӣ кору фаъолият дорад Аъзоёни кафедра барои тайёр кардани омӯзгорони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ такони пурмаҳсуле доранд. Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2025-2026, 19 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи аъзоёни кафедра кормандони доимӣ мебошанд. Дар натиҷаи ин дар соли таҳсили 2025-2026 3- нафар номзади илмҳои филологӣ, 2- нафар номзади илмҳои педагогӣ, 5- нафар муаллими калон, 8- нафар ассистент ва 1- нафар коргузори кафедра барои фаъолияти корӣ ба кафедра ҷалб гардидаанд.
Гарчанде шӯрои забонҳои хориҷӣ дар донишкада танҳо дар соли хониши 1992-1993 таъсис ёфта бошад ҳам, кафедраи забони хориҷӣ аз соли 1967 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада муаллимони забонҳои хориҷӣ дар ҳайати факултети забон ва адабиёти рус шомил буданд. Ҳануз соли 1957 муаллимаи ботаҷрибаи забонҳои хориҷӣ Ирина Павловна Конькова аз донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба инҷо ба кор фиристода шуда буд. Дар солҳои хониши 1967-1968 аз шаҳри Душанбе баъди хатми факултети забонҳои хориҷӣ Т. Мамадрасулова фиристода шуда буд. Коллективи муаллимони кафедра ба донишомӯзони ҳамаи факултетҳои донишкада аз забонҳои англисӣ, немисӣ, арабӣ дарс медоданд. Дар тули бештар аз 16-сол ба ин кафедра дотсент И.П. Конькова сарварӣ намуд. Ӯ дар фаъолияти меҳнатии худ, бисёр шогирдонро баркамол расонид. Дар ташкил додани шӯъбаи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи он хизмати босазоеро И. П. Конькова бозидааст. Дар соли хониши 1979-1980 дар кафедра муаллимону устодони зерин ба тарбияи донишҷӯён сарукор доштанд: И.П. Конькова – дотсент, мудири кафедра, Т. Мамадрасулова – муаллимаи калон, инчунин муаллимон: В.И. Богасова, М.С. Сайдамирова, Т.А. Сайфуддинова, З. Мирзоев, С. Зауров, М.Т. Менлашев, Ф.А. Менлашева, Ш. Раҳимов, Р. Сафарова, У. Собирова, И. Д. Исобоева.
Бояд таъкид намуд, ки кафедра дар соли хониши 1970-1980 аз муаллимони забонҳои хориҷӣ таъмин карда шуда буд. Асоси аъзоёни кафедраро ҳамон муаллимоне ташкил медод, ки таҷрибаи кории омӯзгорӣ дар донишкада доштанд.
Дар кафедра инчунин муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ѓайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон фаъолият мекарданд.
Дар таърихи фаъолияти кафедра чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд:
Айни ҳол кафедраи забонҳои хориҷӣ зерсохтори факултети филологияи хориҷӣ буда, фаъолият дорад.

Ҷамолбии Ҳабибулло
мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Шарифзода Хуршед Алихон
номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон
Саидов Муҳаммад
номзади илмҳои филологӣ, и.в. дотсент
Нодирова Сайёра
н.и.ф., и.в.дотсент
Ҳусайнова Фарида
н.и.ф., муаллими калон
Нурова Озода
муаллими калон
Раҷабова Ҷамила
муаллими калон
Файзалиева Фархунда
муаллими калон
Шоимардонов Исмон
ассистент
Ҳакимова Зарина
ассистент
Раҷабов Ёқуб
ассистент
Холиқова Нозия
коргузор
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Қайд кардан ба маврид ҳаст, ки дар кафедраи забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ-методӣ барои мукамал намудани дониши донишҷӯён аз забони англисӣ бо номи «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ»- зери роҳбарии ассистенти кафедра Салимова Саодат Саломовна амал менамояд. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли гурӯҳҳои таълимии умумидонишгоҳӣ аъзо мебошанд, ки шумораи аъзои маҳфили илмӣ ба 25 нафар расидааст. Маҳфилҳо моҳе як маротиба бо мавзуҳои илмӣ дар миёни донишҷӯён гузаронида мешаванд. Дар маҳфил донишҷуён аз рӯйи мавзуҳои тасдиќгардидаи Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ маърӯза намуда, дар назди донишҷуён баромад менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо дар маҳфили илмӣ омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки дар мавзуҳои мушкилоти ҷойдошта дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳсҳоро дар миён гузоранд.
Дар кафедра дар асоси нақшаи кории семинари назариявӣ ва илмию методии кафедра барои соли таҳсили 2025-2026 таҳия ва тасдиқ гардида, дар моҳ як маротиба зери роҳбарии номзади илми филология Нодирова Сайёра Салимшоевна гузаронида мешавад, ки мақсади семинари илмӣ-назариявии кафедраи забонҳои хориҷӣ ҷиҳати мукамал ва баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорони кафедра равона гардида, омӯзгорон дар мавзуҳои мухталифи он баҳси илмӣ менамоянд. Инчунин муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти омӯзгорон, пешниҳод ва баррасии корҳои илмии устодон ва донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи илмӣ, такмили дониш, малакаи таҳлил, баромади илмӣ ва ҳимояи андеша, омодагӣ ба ҳимояи рисолаҳо, баррасии пешакии корҳои курсӣ, магистрӣ ва докторӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот, парвариши қобилияти таҳқиқ, таҳлил ва баҳси илмӣ дар семинарҳои кафедра баррасӣ мегарданд. Аҳамияти семинари илмии кафедра доир ба баланд шудани сифати корҳои илмӣ, рушди ҳамкории илмӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ, мустаҳкам кардани мавқеи илмии кафедра мебошад
Суроға:ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-ум, утоқи №612
Телефони корӣ: (+992) 988382188
E-mail: k-zabonhoi.khoriji@kgu.tj