Дар замони имрӯза муносибатҳои байналмилалӣ бо хатарҳои гуногун, аз қабили ҷиноятҳои киберӣ, ҷангҳои мусаллаҳона, ҷиноятҳои муташаккили хусусияти байналмилалӣ дошта, убури ғайриқонунии сарҳад, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби шабакаҳои ҷиноятии дохилию хориҷӣ, гаравидани инсонҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар падидаҳои номатлуб рӯ ба рӯ гардидаанд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амният ва суботи сиёсӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба, ташаккули низоми боэътимоди амнияти дастҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати давлатҳо аҳамияти хосса касб намудааст.







Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» оғоз гардид. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» бо иштироки устодону донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ин иқдоми маърифатӣ ва тарбиявӣ бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва шинохти саҳми шахсиятҳои таърихӣ дар бунёди давлатдории навини тоҷикон амалӣ мегардад.
Истиқболи шукӯҳманди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси ифтихор, худшиносии миллӣ ва шукргузорӣ аз неъмати бузурги сулҳу ваҳдати миллиро бедор месозад. Ин санаҳои фархунда бозгӯкунандаи роҳи пуршебу фарози таърихие мебошад, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Таҷлили ин рӯзҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ ва эътирофи ҳақиқати таърихиест, ки сарнавишти имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо марҳилаи тақдирсози эҳёи давлатдории миллӣ мепайвандад.
14-уми ноябри соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ баргузор гардид. Ин иқдоми солимгардонӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонии аҳли ҷомеаи донишгоҳ равона карда шуд.
Санаи 13.11.2026 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмии “Конфутсий”-и назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси забони англисӣ-хитой бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба омӯзиши забони чинӣ ва хусусиятҳои он дар ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
13 ноябри соли 2026 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсия таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он устодону омӯзгорон ва дигар иштирокдорони чорабинӣ масъалаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ, нақши Иҷлосияи XVI дар муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таърихи 13 ноябри соли ҷорӣ дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявии муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул дар гурӯҳи 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дарси кушоди тарбиявӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба мақому ҷойгоҳи ин санаи муҳим дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар, таърихи давлатдории миллӣ ва нақши ниҳодҳои давлатӣ дар таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Санаи 13 ноябри соли 2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари назариявӣ ва илмию методии кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид. Семинар ба баррасии масъалаи муҳимми ҳифзи муҳити зист дар мавзуи “Харобшавии хок ва роҳҳои пешгирии он” бахшида шуда, ассистенти кафедра Раҳимова Муҳаббат дар ин мавзуъ маърӯза пешниҳод намуд.
13 ноябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носирӣ оғоз гардида, зимни суханронӣ оид ба мақому ҷойгоҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ибрози андеша карда шуд.




