, Панҷшанбе, 30-октябр

Досаков Муъмин

Досаков Муъмин

Муовини ректор оид ба хоҷагӣ

МУХТОРЗОДА Мумин Мухтор (тав. 18.03.1982, н.Муъминободи вил. Хатлон, деҳаи Навбаҳор аз оилаи коргар), биолог, номзади илмҳои педагогӣ (2019), дотсент (2021). Хатмкардаи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006). Таҳсил дар мактаби миёнаи №37-и ноҳияи Муъминобод (1988-1999), корманди ёрирасони хоҷагии қишлоқ (1999-2001), донишҷӯ (2001-2006), ассистент (2006-2007), муаллими калони кафедраи биологияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2007-2019), муовини декани факултети химия ва биология оид ба таълим (2007-2012), мудири кафедраи биология (2013-2017), декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ (2017-2018), директори Парки технологӣ (2018). Аз моҳи декабри соли 2018 муовини ректори оид ба идора ва хоҷагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули фарҳанги экологӣ ва фаъолгардонии хонандагони синфҳои 5-9-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат» (2019, ш.Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи чор дастури таълимӣ ва зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ мебошад. Бо нишони аълочии маорифи Тоҷикистон (2022) қадр карда шудааст.


Роҳбарият

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО

Лутфан барномаи моро насб намоед!