,
Чоршанбе, 29-апрел
Кафедра дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ соли 2022 таъсис ёфтааст. Кафедраи ҳуқуқшиносӣ, кафедраи тахассусӣ дар таркиби факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, такмили асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву адабӣ ва таърихии ифодагари манфиатҳои давлатдории навин, ҳимояи истиқлол ва тарбияи худшиносию худогаҳии ҷавонон саҳми калон дорад.
Мудири аввалини кафедра номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мазарифов Манучеҳр маҳсуб меёбад, ки аз замони таъсиси то соли 2024 ин масъулиятро бар уҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 2024 то моҳи декабри соли 2025 вазифаи мудирии кафедраро, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон Бурихон ба уҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2026 масъулияти иҷрои вазифаи мудири кафедра бар уҳдаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Давлатзода Шуҳрат Шерафган мебошад.
Давлатзода Шухрат
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедра
Мазарифов Манучеҳр
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калон

Назаров Бахтиёр Ҳасанович
муаллими калон

Раҳмонов Зафар
ассистент

Каримова Зарнигор Мирзоалиевна
ассистент

Меҳрангез Юсуфӣ
ассистент
Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра
Дар кафедра 2 маҳфил, маҳфили “Ҳуқуқшинос” ва маҳфили “Дипломат” амал мекунанд ва мувофиқи нақша маҳфилҳо моҳе як маротиба гузаронида мешаванд. Дар маҳфилҳо донишҷӯёне ҷалб карда мешаванд, ки ба фанни ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ рағбати зиёд доранд. Мавзуъҳои илмие, ки аз тарафи донишҷӯён шунида мешаванд аз ҷониби роҳбарони илмӣ пешниҳод карда шуда, мавзуъҳои мубрами замони муосирро фарогир мебошанд.
Аъзоёни маҳфили “Ҳуқуқшинос” 18 нафар буда, роҳбари маҳфил Зардаков Абдурасул мебошад.
Маҳфили “Дипломат” сентябри соли 2022 ташкил шуда, аз 26 аъзо иборат аст. Роҳбари маҳфил Сафаров Ҳакимшо мебошад.
Нақшаи кории маҳфилҳо тасдиқ шуда, онҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Раванди маҳфилҳо дар сомонаи Фейсбук пайваста дарҷ мегардад. Ҳуҷҷатгузории маҳфилҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Мақсади баргузории маҳфилҳо дар тафаккури донишҷӯён пайдо кардани тасаввуроти амиқ дар хусуси илми ҳуқуқ ва соҳаҳои алоҳидаи он; дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия кардани донишҷуён, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ дар риояи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; дарки амиқи қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки бевосита ба ҳаёт, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат мекунад, иборат мебошад.
Бояд қайд кард, ки натиҷаи кори хуби маҳфили ”Ҳуқуқшинос” буд, ки аъзои маҳфил Сурайёи Файзимад донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 22 ноябри соли 2022 дар ДДМИТ иштирок намуд ва ғолиби ҷойи дуюм гардид.
Дар кафедра семинари илмӣ - методӣ амал мекунад, ки роҳбари илмии семинар н.и.сиёсӣ, дотсент Муродова Г. мебошад.
Семинари илмӣ-методӣ мувофиқи нақшаи кории семинар, ки аз тарафи Раёсати илм ва инноватсия тасдиқ шудааст, амал мекунад.
Семинари мазкур моҳе як маротиба дар рӯзи душанбе – рӯзи кафедра гузаронида мешавад. Семинар фарогири ҳамаи омӯзгорон ва магистрантони кафедра буда, дар он мавзуъҳои мубрами рӯз аз ҷумла маърӯзаҳо аз корҳои илмӣ - таҳқиқотии омӯзгорон ва магистрантон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Раванди семинар дар Фейсбук пайваста дарҷ мегардад.
Суроға: ш. Кӯлоб, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои Факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, ошёнаи 1-юм
Телефони корӣ: (+992) 918-93-08-77
E-mail: k-tarikh.huquq@kgu.tj