,
Душанбе, 11-май
БАКАЛАВР (аз лотинӣ baccalaures) - дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, мутахассиси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд. Дараҷаи илмиест, ки муассиса ва донишҷӯи таҳсилоти олӣ баъди дарёфти донишҳои асосӣ оид ба тахассуси интихобшуда касб мекунанд. Тахассуси мазкур тасдиқ мекунад, ки шахс маълумоти олии замонавӣ дошта, ба тахассуси худ молик мебошад. Муҳлати таҳсилу таълим 4 сол аст. Дипломи бакалавр баъди иҷро ва хатми кори хаттии бакалаврӣ дода мешавад. Қабули муҳассилин барои таҳсил аз рӯйи барномаҳои бакалаврӣ дар заминаи таҳсилоти миёна (пурра)-и умумӣ ва ё миёнаи касбӣ дар асоси озмун аз рӯи натиҷаҳои имтиҳоноти ягонаи давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Бакалаврро ба итмом расонида, хатмкунанда омодагии умумии бунёдӣ ва ё умумитехникӣ, тайёрии амалии касбиро дарёфт мекунад, ки барои ҳаллу фасли вазифа ва масъалаҳои касбӣ зарур аст. Зинаи бакалавр имкон медиҳад, ки хатмкарда ба заминаи навбатии таҳсилот – магистратура дохил гардад. Ӯ наметавонад, ки якбора ба аспирантура гузарад. Яъне бакалавр ва магистратура зинаҳои алоҳида ва мустақилонаи таҳсилоти олӣ мебошад. Бакалавр самти муосир ва ояндадошта, аз бисёр ҷиҳатҳо муфиди дарёфти маълумоти олии пурарзиш, мукаммал ва сифати беҳтардошта буда, дар тамоми кишварҳои мутараққии дунё расман эътирофгашта мебошад. Ҳамин тариқ, бакалавр ин хатмгари муассисаи таҳсилоти олиест, ки маълумоти олии пурра гирифтааст ва соҳиби дипломест, ки арзиши пурраи маълумоти олиро дорад. Ба бакалавр донишу малакҳои бунёдию замонавӣ дода мешавад, ки инсони дорои маълумоти олӣ бояд аз онҳо бархӯрдор бошад: тайёрию омодагии бунёдӣ аз ин фанну предметҳои гуманитарӣ. Тахассуси «бакалавр» (дар тафовут бо мутахассиси анъанавии қаблӣ) дар асоси тахассуси байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, ба кордеҳону корфармоёни тамоми ҷаҳон фаҳо мебошад. Тахассуси бакалавр дар ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 2010 ба таври пурра роҳандозӣ шудааст. Дараҷаи бакалавр дар хориҷи мамлакат эътироф карда мешавад.
ОХИРИН ХАБАРҲО